, Чоршанбе, 27-август

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ. 80 СОЛИ САДОҚАТ БА МАЪРИФАТ


ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ. 80 СОЛИ САДОҚАТ БА МАЪРИФАТ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимии кишвар ҷиҳати омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад. Аз самари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаи бонуфуз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду пешрафти бесобиқа касб намуда, бо татбиқи иқдомҳои судманди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи иҷрои рисолати муқаддасу пуршараф – омоданамоии мутахассисони соҳибкасб, гомҳои устувор бармедорад. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир, новобаста ба шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъсири чолишҳои асри иттилоот ба низоми илму маориф, ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавқеи сазовори хешро нигоҳ медорад.

Боиси ифтихор аст, ки моҳи сентябри соли 2025 аз таъсиси ин боргоҳи илму маърифат 80 сол пур мешавад. Ин санаи муқаддас на танҳо таҷлили солгард, балки таҷассумгари роҳи пуршарафи илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии муассиса дар масири пурифтихори хирадгустариву маърифатафзоӣ ба шумор меравад. Дар 80 соли фаъолият, ҷустуҷӯ, комёбӣ ва муваффақият Донишгоҳ ба як маркази неруи зеҳнӣ ва рушду такомули кишвар мубаддал гаштааст.

Муҷиби ифтихор ва шоистаи таҳсин аст, ки ин боргоҳи илму маърифат давоми 80 соли мавҷудияти худ садҳо чеҳраҳои шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ва илмию адабиро рӯи кор овардаст.

Ин аст, ки имрӯз устодони Донишгоҳ аз шогирдону тарбиятгирифтагони ин боргоҳ ба таври сазовор ифтихор доранд.

Бо шодмонӣ ба хотир меорем, ки зимни баргузории Дарси сулҳ соли 2018 Президенти мамлакат чунин иноят фармуда, хидмати хоксоронаи устодонро қадр карданд: «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз муҳимтарин мактабҳои олии вилоят ва мамлакат дар давоми ҳафтод соли фаъолияти худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар тарбияи меъморони маърифату маънавиёт – омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб яке аз марказҳои асосии тайёр намудани омӯзгорон ва рушди фарҳангу адаби кишвар ба ҳисоб рафта, ҳазорон нафар дастпарварони он имрӯз дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон ва хориҷ аз он фаъолият доранд. Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ ин даргоҳи илму маърифатро қариб 20 ҳазор кас хатм кардаанд».

Ҳиссаи ин боргоҳи маърифат дар тарбияи илмию маърифатии ҷануби Тоҷикистон, хосса Кӯлоби бостон, басе бузург аст. Мавқеи сиёсиву иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ибтидои ташкилёбӣ то ба ин дам дар афзудан аст.

Имрӯзҳо ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ бо неруи хастагинопазир ва садоқати беандоза ба касб ва пешаи худ ба истиқболи ҷашни 80-солагии таъсис омодагӣ дорад. Миёни онҳо такмили инфрасохтор, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълим, болоравии сифати таълим, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва муваффақиятҳои назарраси устодону донишҷӯён дар олимпиадаву озмунҳо мақоми хос доранд.

Боиси нишоти афзуни коллективи Донишгоҳ аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доимист. Зеро дар доираи тадбирҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои марбут ба бунёди бинои 8-ошёнаи наву замонавии таълимии муассиса бомаром идома дорад. Илова бар ин, тадбирҳои ҳамоҳангсозӣ ва расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ роҷеъ ба бунёди бинои 10-ошёнаи хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бо тарҳи муосиру шароити муносиб ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар зербино оғоз гардидааст. Иқдомоти мазкурро метавон туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба истиқболи ҷашни 80-солагии ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ намуд.

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 502 устод фаъолият дорад, ки 145 каси онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён ба 10 000 нафар расидааст. Боиси фараҳмандист, ки дар ин давра заҳмат ва талошҳои коллективи меҳнатии Донишгоҳ дар роҳи омоданамоии донишҷӯён барои иштирок дар олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ натиҷаи нек ба бор оварда, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар соли 2025 бо гирифтани 10 ҷой (2 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм ва 1 ҷойи ифтихорӣ) миёни 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сазовори мақоми сеюм гардид. Ин нишондиҳанда аз афзоиши сифати таълим ва ҷолибияти Донишгоҳ барои ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Ба шарофати сиёсати хирадбунёду ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва дигар иқдомҳои арзишманд доир мегарданд, ки ин ҳама баҳри рушди маънавиёт, худшиносию худогоҳӣ ва боло бурдани сатҳи донишандӯзии насли наврасу ҷавон равона шудаанд.

Раёсати Донишгоҳ, бо истифода аз сиёсати маърифатпарварона ва ғамхоронаи Пешвои миллат тамоми неру ва имкониятҳоро ҷиҳати омода намудани шогирдону донишҷӯён сафарбар намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар озмунҳои мазкур дастовардҳои шоиставу ифтихорангез насиби ҳайати олимпии муассиса гардад.

Хурсандибахш аст, ки бо талошҳои пайгирона ва омодагиҳои ҳамаҷониба, ҳайати олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ муваффақ гардиданд. Дар марҳалаи сипаригардидаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» донишҷӯёну устодон тавонистанд миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо ишғоли 4 ҷойи ифтихорӣ (ҷойи дуюм дар номинатсияи «География», ду ҷойи сеюм аз номинатсияҳои «Ихтироъкорӣ» ва «Химия» ва як «Ифтихорнома» барои иштироки фаъолона) нуфузу мақоми Донишгоҳро боз ҳам баланд бардоранд. Дар баробари ин, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ дастаи Донишгоҳ бо гирифтани 3 ҷойи намоён (ҷойи аввал аз номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик», ду ҷойи сеюм аз номинатсияҳои «Адабиёти ҷаҳон» ва «Адабиёти муосири тоҷик») ва 2 “Ифтихорнома” сазовор гардида, эътибори илмӣ ва адабии Донишгоҳро тақвият бахшиданд.

Сазовор гардидани Шоҳҷоиза ва дип-лом аз ҷониби корманди бахши фарҳанги Донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияҳои «Навозандагӣ» ва «Сарояндагӣ» боз як нишони равшани он аст, ки Донишгоҳ на танҳо дар майдони илм, балки дар арсаи фарҳанг низ мавқеи сазоворро соҳиб мебошад.

Фаъолияти илмии устодону донишҷӯён низ шоёни таҳсин аст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2025 танҳо 84 чорабинии илмӣ баргузор шуда, теъдоди устодоне, ки ба корҳои пажӯҳишӣ машғуланд, ба 93 дарсад расидааст. Қарори раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои ҳимояи рисолаҳо (7000 сомонӣ барои рисолаи номзадӣ ва 20000 сомонӣ барои рисолаи докторӣ) далели дигаре аз сиёсати дастгирии илм ва муҳаққиқон мебошад.

Раёсати Донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти беҳбудии шароити иҷтимоии ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли нави таҳсил музди маоши кормандонро аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 10 дарсад зиёд намояд.

Лозим ба таъкиди хос аст, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ ва нақши муассиса дар тарбияи кадрҳои баландихтисос, тадбирҳои судмандро барои беҳсозии имконоти таълиму тадрис, замонавигардонии инфрасохтор ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, низоми автоматии назорати сифати таҳсилот роҳандозӣ шуда, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ дар синфхонаҳо раванди таълим таҳти назорати доимӣ қарор мегирад.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) роҳбарияти Донишгоҳ таъсиси кафедраҳо ва факултетҳои нав, роҳандозии ихтисосҳои рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро дар назар дошта, ба рушди фазои илмиву таълимӣ ва баланд бардоштани мавқеи Донишгоҳ қадамҳои устувор мегузорад.

Дар соли ҷорӣ Донишгоҳ бо зиёда аз 100 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории фаъол дошта, бо платформаҳои маъруфи ЮНЕСКО, сафоратҳои хориҷӣ ва донишгоҳҳои минтақа лоиҳаҳои муштаракро амалӣ кардааст. Мусаллам аст, ки чунин ҳамкориҳо на танҳо нуфузи Донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебарад, балки муҳассилинро ба сӯи ҷаҳонбинӣ ва рақобатпазирӣ ҳидоят мекунад.

Муаррифии Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ тавассути иштироки профессорону омӯзгорон дар конференсияҳо ва озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла муаррифии профессор Нодира Ашурова дар Конфронси байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” дар қароргоҳи ЮНЕСКО ва муваффақияти Фотима Сайдализода дар озмунҳои педагогӣ дар Қазоқистон, боиси сарфарозии ҷомеаи Донишгоҳ ва ифтихори миллӣ гардидааст.

Имрӯз, вақте ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба остонаи 80-солагии худ мерасад, бори дигар собит месозад, ки бо такя ба анъанаҳои бузурги таърихӣ ва рӯйкарди муосири рушди устувор метавонад дар оянда низ яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ дар кишвар боқӣ монад. Ҳадафи он, на танҳо таълим додан, балки тарбия намудани шахсиятҳои ватандӯст, донишманд, соҳибкасб ва неруҳои асосии созандагони Ватан аст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар роҳи иҷрои ин сиёсати маърифатпарварона аз имконоти зарурӣ бархӯрдор аст: пояи моддӣ-техникии ҳозиразамон ва устодони зуфунун ва маърифатшинос. Ин қувва ва имконият метавонад сиёсати Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи маориф ва илм амалӣ созад ва бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, роҳнамоии Вазорати маориф ва илм, дар роҳи рушд, созандагӣ, устувории илму маориф ба истиқболи 80 соли пуршараф қадамҳои устувор гузорад.

Сафарзода Мунир Ватан- дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

https://jumhuriyat.tj/6447-donishgoi-davlatii-klob-80...

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият" №160 аз 20.08.2025




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!