, Душанбе, 14-октябр

ФАРҲАНГ- ВОСИТАИ МАХСУСИ ТАШАККУЛИ ИНСОН

 07.02.2023 696

ФАРҲАНГ- ВОСИТАИ МАХСУСИ ТАШАККУЛИ ИНСОН

Фарҳанг асоси зиндагӣ ва бунёди ҳастии инсон аст. Пайдоиши фарҳанг бо таърихи башарият пайвастагии ногусастани дорад, он дар робита ба инсон ба вуҷуд омада, баробари инкишофи шууру маънавиёти  ӯ ташаккул меёбад. Воқеъан фарҳанг офаридаи худи инсон аст, ки ба тассавути он одам нафақат тамоми ниёзу ҳасти худро таъмин менамоянд, балки ба муҳити табию иҷтимои дигаргуни дароварда, худро низ комилан тағийр медиҳад. Фарҳанг дар тули таърихи инсоният тамоми паҳлуҳои рӯзгори мардум  ва ҷомеаро фаро  гирифта, ба дараҷаи пешрафту қудрати созандагии инсон ривоҷу равнақ  мебахшад. Агар оид ба мафҳуми «фарҳанг» сухан ронем,  дар маънидоди ин истилоҳ аз давраи қадим то имрӯз бисёр тафсирҳо пайдо мекунем, ки ҳар яки мувофиқи илми замонаш паҳлуҳои  муҳимтарини ин падидаро муайян менамояд.

Дар забони ҳозираи тоҷики  муродифи  вожаи «фарҳанг»  калимаи аз забони араби иқтибосшудаи  «маданият» ва баъзан ба ин маъно вожаи култура, ки дар бисёр забонҳои муосири хориҷи чун калимаи интернатсионали қабул шудааст, васеъ истифода мешаванд. Вожаи култура аслан аз калимаи лотини colere-коркард гирифта шуда, дар давраи антиқа, аслан дар соҳаи кишоварзи ба маънои киштукор, коркарди замин истифода карда мешуд. Сонитар дар Руми қадим ин вожаро барои истифодаи «коркарди нафси инсон» яъне ба тавассути таълиму тарбия аз нуқсонҳо тозаву озод кардани хулку хуй ва фитрати инсон, мувофиқ гардондани феълу атфори мардум ба шароитҳои воқеии ҳаёт дар ҷомеа истифода менамуданд.

Дар таърихи инсоният миёни синфҳои золиму мазлум, дороёну нодор, ашрофону демократҳо ҳамеша муборизаи шадиди баҳамзиддҳо рух медоданд ва  салотин  ҳамеша  ба шахсиятҳои баруманди замона, ки онҳо чун одамони мадани, таърафдори манфиятҳои ҷамъияти буда, оммаро аз қафои худ мебурданд, бо ҳаросу шубҳа назар мекарданд. Баъзан, чунин шахсиятҳо ба қонуншикани айбдор шуда, ба додгоҳ кашида мешуданд ва ё бар ҳар баҳонае аз байн бардошта мешуданд.

Истилоҳи «култура» ҳатто дар адабиёти лотини антиқӣ,  ки дертар аз асрҳои классики элинисти ба вуҷуд омада буд, амалан ҳамчун муродифи калимаи юнони «paideia» (пейдая), ки маънояш « тарбияи ахлоқӣ» аз руи урфу одат ва анъана ба роҳ монданро ифода менамуд , васеъ истифода мешуд. Гуногунии тафовутҳои фитрию усули зиндагии одамонро шинохта, мутаффакирони давраи антиқа ба тарбия ҳамчун ба падидаи муҳими иҷтимои диқати махсус медоданд,чун ки ба қавли онҳо, маҳз таълиму тарбия «одамонро аз ҳайвон, юнониро аз  барбарӣ, ашрофонро аз омма, инсони озодро аз ғулом ва файласуфро аз авом фарқ мекунонад», бинобар ин  онҳо ҳамро яксар  ба дарки амиқ водор менамуданд. Мақсади асоси тарбия воқеан  ба вуҷуд овардании инсонии мустақил  ва соҳиб иродаи озод буд, ки ин ақида дар ҳамин давара яке аз андешаҳои муассиру пешқадами замони худ гардид. Тарбия дар замони антиқаи вазифаи ҳаматарафаро иҷро мекард, бинобар ин онро ба фаъолияти сиёси зич алоқаманд карда, ба вазифаи аввалин дараҷаи фарҳанг табдил доданд.

То давраи маорифпарвари вожаи «фарҳанг», танҳо дар шакли ибораҳои таркибии «коркарди фарҳанги қоидаҳои рафтор», «фарҳанги хат», «фарҳанги такмили  забон» ва ғайра вомехурад, ки бештар барои ифодаи ягон вазифаи муайян истифода мешуданд. Дарку омӯзиши фараҳнг ҳамчун падидаи сифати иҷтимои хоси инсон дертар дар асри XX оғоз ёфт. Файласуфони давраи маорифпарвари ба « фарҳанг» моҳияти инсони бахшида, онро чун дараҷаи одамият ва бойигари  маънавӣ  олами ботини инсонро фаро мегирифт муайян намудаанд.

Фарҳанг- таҷасумгари тамоми он чизест ки одамро аз табият ва мавҷудоти дигар тафовут мебахшад. Фарҳанг фазилати инсон аст. Табият бо қонуну пояҳои хеш мустақил вуҷуд дорад. Инсон  дар тамоми ҳаёт ҳамеша  худро  ба табият муқобил  гузошта, ба тавассути эҷодкориҳо  ва навсозии он мавҷудияташро дар олам ҳифз мекунад. Фарҳанг- ҷузъи аз тарафи инсон фарогирифта  ва комилан  тағйир дода шудаи табиат мебошад.

Ба ибораи дигар фарҳанг « табиати сониест», ки инсон онро барои ҳифзи худ офарида , баҳри нигаҳдошти башарият  бо мурури замон дигаргун сохтааст. Агар аз як тараф  инсон ҷузъу зодаи табиат бошад, аз тарафи дигар ӯ созандаи фарҳанг аст.

Ҳамин тариқ, моҳияти фарҳанг дар он аст, ки вай ченаки муайянкунанда ва асоси ҳаёти инсонро ташкил дода, василаи инсони ҳастиро дар худ таҷассум менамояд. Фарҳанги инсони ба воситаи шуур ва системаи рамзҳо ба вуҷуд омада, аз насл ба насл мегузарад. Ба василаи фарҳанг инсон аз ҳолати ҳайвонӣ  баромада ба дарачаи «одамият» мерасад. Ба акидаи  З. Фрейд, фарҳанг ҳамаи он чизеро, ки ҳаёти инсонро аз шароити ваҳшиги боло дошта, аз ҳаёти ҳайвони фарқ мекунонад, дар бар мегирад.

Аз як тараф, одамон худашон фарҳангро ба вуҷуд меоранд, аз тарафи дигар, онҳо фарҳангро меомӯзанд, ки  одамони дигар  офаридаанд. Фарҳанг бо роҳи  ирси намегузарад аз ин ру, ҳар  насли оянда маҷбур аст, ки онро аз нав кор карда барояд ва насли минбада  вогузорад.

Агар ҷараёни иҷтимоишавӣ миёни мардум ногаҳон қатъ гардад, он ба нобуд шудани фарҳанг мерасонад. Ба шарофати фарҳанг инсон аз  ваҳшоният халос шуда, бар олами ҳайвонот дастболо  мешавад рафтори ҳайвонот асосан аз руи завқи табии, бешуурона ба амал меояд, аммо рафтори одамон натиҷаи таълиму тарбия аст, ки он яке аз вазифаҳои фарҳанг ба шумор меравад. Рафтори одамон аз маҷмуи ҳаракатҳои мавзун иборат аст. Ҳатто чунин ҳаракатҳои беихтиёронаи роҳрафтан, хоб кардан,  атса задан, хурок хурдан ва ғайра ки ба одамон аз айёоми кудакӣ омӯзонида мешаванд, ба хулку ху ва усули зиндагии шахс табдил меёбанд. Инсон ин фарҳанг аст.

Аммо имрӯз мо киро воқеъан « одами маданӣ» ё « одами бофарҳанг» гуфта метавонем? Афкори иҷтимоии давраи антқи ба  ин мафҳум пеш аз ҳама сифатҳои аҳли пешқадами ҷомеаро ки дар худ бо одобӣ, донишдорӣ, маърифатнокӣ, шуҷоатмандӣ,  шаҳрвандӣ, вазифашиносӣ, лаёкати мартабадорӣ, соҳибҳунарӣ ва эҷодкориро тарбия мекарданд, таҷассум менамуд. Дар тасаввуроти юнониёни қадим одами бофарҳанг шахсе буд, ки соҳиби завқи баланди бадеӣ нутқи бурою равон буда, ҳаёти пурсамару эҷодкорона ба сар мебурд. Румиён аз давраи қадим то имрӯз онҳоеро,  ки ба худ ҳамсафари  мувофиқ, чизи арзанда ё фикру андешаи дурустро интихоб карда метавонанд, «одамони мадани» ё « бофарҳанг» мешуморанд. Ҳарқадар инсон бо фарҳанг бошад, ҳамон қадар масъулиятшиноси ӯ назди мардум ва ҷамъият зиёдтар зоҳир мегардад. Одамони бофарҳанги замона шахси худогоҳ, хуш муомила, мардумпарварӣ, хидмати бегаразонааш ба халқу ватан зоҳир мешавад ӯ боодоб бомаърифат, шикаста нафсу фурутан буда, дорои ному шарафи инсонӣ  мебошад. Шараф  шиносномаи авлод, миллат ва ҳувияти миллист. Шараф дороиест, ки қадру қиматаш ҳечгоҳ паст намешавад, зеро он инсонро аз ҳаргуна амалҳои носазо боз медорад. Одами бофарҳанги замони  муосир шахсест, ки шарафи инсониро дар рафтору пиндору гуфтораш нигоҳ медорад.  

Қурбонова Шоира, ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат