, Сешанбе, 19-август

АНДЕШАИ МИЛЛАТ, НЕРӮИ ФАРДО


АНДЕШАИ МИЛЛАТ, НЕРӮИ ФАРДО

Рушди илму маърифат дар ҷомеаҳои муосир бевосита ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ алоқаманд аст. Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ, ки соли 1945 таъсис ёфтааст, дар тӯли ҳаштод сол ба яке аз марказҳои муҳими илмию таълимии кишвар табдил ёфта, дар ташаккули кадрҳои миллии соҳаҳои мухталиф саҳми арзанда дорад.

Донишгоҳ санаи 15 августи соли 1945 дар шароити баъдиҷангии мураккаб бо мақсади омода намудани омӯзгорон барои мактабҳои миёнаи минтақаи ҷануби Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар марҳилаи ибтидоӣ он ҳамчун Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ фаъолият мебурд. Бо вуҷуди набудани инфрасохтор ва мутахассисон, фаъолияти таълимӣ бо масъулияти баланд ба роҳ монда шуд.

Дар даҳаҳои 60–80-ум донишгоҳ ба як маркази устувори омӯзиши фанҳои дақиқ, гуманитарӣ ва табиӣ табдил ёфт. Бо ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, донишгоҳ вориди марҳилаи нави таърихӣ шуд. Сохтор ва мундариҷаи таълим ислоҳ шуда, номи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ ба он дода шуд, ки ба равнақи худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба мероси миллӣ замина фароҳам овард.

Имрӯз донишгоҳ дорои чандин факултет, марказҳои таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳои муосир ва китобхонаи рақамӣ мебошад. Барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудаанд. Саҳми донишгоҳ дар тарбияи мутахассисони соҳаҳои омӯзгорӣ, ҳуқуқ, иқтисод, техника, забон ва дигар самтҳо назаррас аст.

Донишгоҳ на танҳо як муассисаи таълимӣ, балки ҳамчун маркази ташаккули худшиносии миллӣ, эҳёи фарҳанги асил ва тарбияи ҷавонони ватандӯст фаъолият мекунад. Он дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Дар зарфи ҳаштод соли фаъолият Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ роҳи пурифтихореро тай намуда, имрӯз ҳамчун кохи муҳими илму маърифат ва рушду ташаккули кадрҳои миллӣ шинохта мешавад.

Ҷашни ҳаштодсолагӣ на танҳо рамзи гузаштаи пуршараф, балки шаҳодати нерӯи созанда ва боварӣ ба оянда мебошад.

Ҳаштодсолагии ин боргоҳи илму дониш муборак бод!

Самандаров Фаридун, ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносонии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!