,
Ҷумъа, 25-июл
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузурги таърихӣ, миллӣ ва умумибашарӣ мебошад. Вале дар оғози ин марҳалаи сарнавиштсоз, давлати ҷавони тоҷик бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Баъди пошхӯрии давлати Шӯравӣ, гурӯҳҳо ва неруҳои сиёсие зуҳур карданд, ки манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, беэътиноёна ба арзишҳои давлатдорӣ рафтор намуданд. Ин раванд кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандии хунин андохт, ки даҳсолаҳо тараққиёт ва оромии ҷомеаро ба қафо бурд.
Дар он айём сохтори конститутсионӣ фалаҷ шуда, мақомоти олии қонунгузор ва иҷроия аз фаъолият бозмонданд. Президенти аз ҷониби мардум интихобгардида бо зӯрии силоҳ аз вазифа сабукдӯш шуд, анархия ва бетартибӣ ҳукмрон гардид. Гурӯҳҳои мухолиф ва ҷонибдорони ҳукумат вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шуданд, ки хусусияти байниминтақавӣ ва байнимиллӣ доштанд. Давраи шадиди муқовимат аз моҳи июли соли 1992 то июли соли 1993 идома ёфт ва кишвар ба ду қисм тақсим шуд: шимоли нисбатан орому саноатӣ ва ҷануби ҷангзада.
Вазъи сиёсию этникӣ дар аксар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба маротиб шиддат ёфт, ки дар кишварҳое чун Озарбойҷон, Гурҷистон, Литва, Латвия ва дигарон боиси низоъҳои дохилӣ гардид. Тоҷикистон низ аз ин раванди фоҷиабор канор намонд. Аммо фарқ дар он буд, ки дар муқоиса ба дигар ҷумҳуриҳо, дар оғози ин раванд, неруҳои ифротӣ дар кишвари мо фаъол набуданд ва роҳбарияти вақти ҷумҳурӣ мухолифи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.
Бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки тирамоҳи соли 1991 шурӯъ шуд, сабабҳои мураккаб ва гуногун дошт. Аз ҷумла вазъи сангини иқтисодӣ, фалокати экологӣ (махсусан аз сабаби монокултураи пахта), тақсимоти минтақавии қудрат, болоравии нуфузи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва муқовимати идеологии байни неруҳои демократӣ ва коммунистӣ ин низоъро шиддат бахшид.
Дар чунин шароити душвор, азми қатъӣ ва иродаи қавии шахсияти барҷаста -Эмомалӣ Раҳмон, ки дар марҳалаи вазнину ҳалкунанда ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданд, ба омили калидии сулҳ ва наҷоти миллат табдил ёфт. Бо мавқеи устувор ва сиёсати хирадмандонаи хеш, Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон доданд, ки тоҷикон миллате сулҳхоҳ, ваҳдатофар ва дорои ахлоқи олии сиёсию фарҳангӣ ҳастанд.
Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар ҳалок гардиданд, бештар аз 1 миллион нафар овора ва беш аз 250 ҳазор нафар ба хориҷ аз кишвар фирор карданд. Сохтори иқтисодӣ пурра фурӯ рехт, садҳо муассиса аз фаъолият бозмонданд, ва Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои фақиртарин табдил ёфт. Рӯзгори мардум торик шуд ва барқарорсозии кишвар солҳои тӯлонӣ ва талошҳои зиёдро талаб намуд.
Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва, ки натиҷаи қариб чор соли музокироту гуфтугӯҳои байниҳизбӣ ва байнишаҳрвандӣ буд, саҳифаи тозае дар таърихи муосири давлатдории тоҷикон боз гардид. Он рӯзи таърихӣ рамзи ваҳдати миллӣ ва кафолати пойдории давлат ва миллат гашт.
Пас аз ба имзо расидани созишномаи сулҳ, давраи барқарорсозии пасожангӣ оғоз гардид, ки бо заҳмати пайваста ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфта, имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол чун давлати мутамаддин, сулҳпарвар ва устувор дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Имрӯз зарур аст, ки махсусан ҷавонон - насли ояндасози миллат, аз таҷрибаи талхи гузаштаи кишвар сабақ гиранд ва арзишҳои сулҳу ваҳдатро ҳамчун муқаддастарин дастовард ҳифз ва гиромӣ доранд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки дар шароити ҷаҳони муосир, ки илм ва технология бо суръати баланд рушд мекунанд, ҷавонон бояд соҳиби дониш, маҳорат, ҷаҳонбинии васеъ бошанд ва аз ҳар гуна таассубу хурофот эмин бимонанд.
Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор омилҳои асосии рушди иқтисод, иҷтимоъ, маориф ва фарҳанг буда, таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки танҳо дар фазои сулҳ метавон ба ормонҳои миллӣ расид.
Шахсияти таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради сиёсии худ Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ наҷот доданд, имрӯз дар дилу дидаи ҳар як фарди тоҷик ҷой доранд. Сифатҳое чун адолат, ҷасорат, меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ ба сарнавишти миллат Пешвои миллатро ба раҳнамои ҳақиқии тоҷикон табдил додааст. Ба шарофати роҳбарии оқилона ва меҳнати содиқона, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи тараққиёт ва суботро бо устуворӣ паймудааст.
Саидзода Қурбоналӣ- сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ