,
Сешанбе, 01-июл
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.
Аз нишондиҳандаҳои омории солҳои охир метавон натиҷа гирифт, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар бомаром тараққӣ карда истодаанд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд. Зарур аст, ки мардуми мо ва алалхусус насли ҷавони кишвар, андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намоянд ва ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош варзанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб рафта, бояд дастури рӯимизӣ ва сармашқи кор бошад.
Ҷавонони кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, дарк намоянд. Муҳимтар аз ҳама, дарку арҷгузорӣ намоем, ки ваҳдати миллӣ на шиор, балки шуур аст. Дар тули таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад. Хусусан, мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Пешвои миллат бо иқдомҳои то ба ҳол татбиқгардида иктифо накарда, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал беҳтар намудани шароити соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушду тараққиёти Ватани азизамон талошҳои ҷиддии худро идома дода истодаанд.
Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст. Чун як фарзанди бонангу номуси миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.
Мисраҳои зер баёнгари нишоту шодмонӣ ва шукргузорӣ аз ин неъматҳои худодод буда, орзуву омоли ҳар як тоҷику тоҷикистониро бароварда месозанд:
Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,
Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.
Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,
Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.
Бигзор, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша пойдор ва истиқлоли миллати озоду сарбаланди тоҷик ҷовидон бошад!
Ҷуразода Шоҳмурод - мудири озмоишгоҳи биотехнологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ