,
Сешанбе, 01-июл
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мардуми тоҷик ба марҳилаи нави ҳаёт ворид гаштанд. Ҳамзамон бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, тоҷикон низ орзу доштанд, ки давлати мустақилу соҳибихтиёри худро бунёд намоянд. Мутаассифона, марҳилаи аввали истиқлолият барои Тоҷикистон бисёр душвор буд. Бо дахолати қувваҳои бадхоҳи хориҷӣ, вазъи сиёсӣ дар кишвар ноором шуда, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Ҳанӯз самари истиқлол чашида нашуда, хатари аз байн рафтани давлат ва миллат ба миён омад.
Барои раҳоӣ аз ин вартаи ҳалокат ақли солим, иродаи миллӣ ва раҳбари қавиирода зарур буд. Ба бахти мардуми тоҷик, 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Ин интихоби сарнавиштсоз боиси он гардид, ки миллати тоҷик бо боварӣ сарнавишти давлатро ба дасти ин фарзанди фарзона супурд ва хато ҳам накард. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фидокорӣ ва садоқати самимӣ тамоми ҳастии худро ба наҷоти миллату давлат бахшиданд.
Аз рӯзҳои аввал, Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёна ва мусолиҳатомезро пеш гирифтанд. Дар ин роҳ, бо ҷасорату матонат, меҳри ватандорӣ ва шуҷоати нотакрор, ҷони худро ба гарав гузошта, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд. Пас аз мулоқоту музокироти тӯлонӣ бо мухолифин, бо ташаббуси Пешвои миллат, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид.
Ин созишнома ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт ва шароити нав барои рушди давлатдорӣ ва зиндагии ороми мардум фароҳам овард. Таърих собит кард, ки ваҳдати миллӣ омили асосии оромӣ ва ҷузъи муҳими ҳувият, андеша ва ормони миллати тоҷик аст.
Аз он замон то имрӯз-28 сол, мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем. Маҳз ҳамин муҳити ором ва ҳамдигарфаҳмӣ имконият дод, ки давлати навини тоҷикон бунёд гардад ва пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким ёбанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як бор ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин медиҳад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем...».
Сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ арзишҳои воло ва бебаҳоянд. Ваҳдат рамзи баҳам омадан, таҳкими миллат ва рушди ҷомеа аст. Ҷомеае, ки дар он ваҳдату иттиҳод вуҷуд дорад, ба пешрафт ноил мегардад.
Бо шарофати ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд сулҳу ваҳдатро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва дар ободии кишвар саҳмгузор бошад.
Сулҳ мафҳуми пурмазмуну умедбахш аст. Он на танҳо оромиву осоиш, балки илҳому рӯҳбаландиро низ ба бор меорад. Маҳз ваҳдат имкон медиҳад, ки мо мушкилиҳоро паси сар намуда, сарзамини худро ба як диёри биҳиштосо табдил диҳем.
Аз аввалин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, масъалаи баргардонидани гурезагони тоҷик ба Ватан буд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ваъда доданд: «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд! Ин суханон танҳо шиор набуданд, балки бо иқдомҳои ҷиддӣ амалӣ гардиданд. Ӯ Роҳбари оқилу хирадмандест, ки барои сулҳу субот ҷони худро ба хатар андохта, ҳазорон гурезаро ба Ватан баргардонданд ва шароити зиндагии осоишта фароҳам оварданд.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ ворид гардид. Дар ин раванд, сохтани роҳҳо, пулҳо ва густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Ин тадбирҳо на танҳо ба ҳамгироии дохилии кишвар, балки ба рушди равобити байналмилалӣ низ мусоидат намуданд.
Бидуни шак, комёбиҳои имрӯзаи мо натиҷаи меҳнати софдилона, талошҳои фидокорона ва ташаббусҳои созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Имрӯз он кас на танҳо роҳбари маъруфи миллӣ, балки шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ гардидаанд.
Бо ташаббусҳои созандаи худ дар масъалаҳои муҳити зист, обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯ ва эҳтироми хос касб намудаанд. Ҳамзамон, Пешвои миллат ҳамчун роҳбари фарҳангпарвар бо ташаббусҳои зиёди маънавию фарҳангӣ, арзишҳои миллӣ ва забони модариро эҳё ва тарғиб менамоянд.
Бо чунин заҳматҳои пайгирона, миллати тоҷик дар поёни асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳида, истиқлолият ва ваҳдати миллиро ба даст овард. Имрӯз ин миллат бо қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон пеш меравад.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихӣ аст. Онро бояд пос дорем, ҳифз кунем ва барои таҳкими он саҳмгузор бошем.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бод!
Алишери Абдулмаҷид, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ