, Сешанбе, 01-июл

ҶАВОНОН-НЕРӮИ БУНЁДКОР ВА ҲОМИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


ҶАВОНОН-НЕРӮИ БУНЁДКОР ВА ҲОМИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

«Ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллату давлат бо устувориву пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат ба шумор меравад, ки асоси пойдории давлатдорӣ ва суботи ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ин раванд, нақши ҷавонон - ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа, бештар намоён мегардад.

Сиёсатшиносон нақши ҷавононро дар таҳкими ваҳдати миллӣ калидӣ арзёбӣ мекунанд, зеро онҳо дар ташаккули ҳувияти миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва таъмини якпорчагии давлат саҳми беназир доранд.

Дар асл, ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи ҳукумат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил, бахусус ҷавонон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ, ки маънои ягонагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад, пояи аслии пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Имсол, санаи 27 июн, 28 сол пур мешавад аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - санаде, ки барои таъмини субот ва ояндаи сулҳомези кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Дар ин муддат, Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.

Хотиррасон бояд кард, ки низоъҳои сиёсии солҳои 1992 Ватани моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Дар он рӯзҳои сахт мардум аз гуруснагӣ, бесарпаноҳӣ ва ноумедӣ ранҷ мекашиданд. Умед ба оянда суст шуда буд ва касе итминон надошт, ки фардо чи мешавад.

Дар чунин шароит муттаҳид сохтани миллат, барқарор кардани сулҳ ва ҳифзи истиқлолият аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ин масъулияти бузургро фарзанди фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифтанд. Бо талошу заҳматҳои пайваста, бо истифода аз тамоми усулҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, эшон тавонистанд миллатро сарҷамъ намуда, ба сулҳу ваҳдати воқеӣ расонанд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, оғози марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар гардид. Бе шубҳа, ин санад яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар асри XX ба ҳисоб меравад.

Имрӯз, ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо рамзи сулҳу оромӣ нест, балки рамзи эҳёи миллат, давлатдорӣ ва ояндаи дурахшон аст. Ҷанги шаҳрвандӣ моро пароканда сохт, вале ваҳдат моро дубора сарҷамъ кард. Таърих бояд ба наслҳои оянда дарси ибрат бошад, ки сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ягонагӣ аз арзишҳои бебаҳои зиндагии ҷамъиятӣ маҳсуб мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, сиёсати ҷавонон бояд ҳамчун муҳаррики асосии таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардад. Ҳар як ҷавон бояд худро вориси ҳақиқии сулҳ, ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ эҳсос намояд.

Мо - ҷавонон, бояд дар паҳлуи Пешвои миллат қарор дошта, барои ҳифзи истиқлолият, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ камари ҳиммат бандем. Зеро ваҳдати миллӣ, дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдорӣ, барои бақои миллати куҳанбунёди тоҷик аҳамияти сарнавиштсоз дорад.

Хулоса, ваҳдати миллӣ неъмати гаронбаҳо ва нодирест, ки миллатро бузург ва давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибэҳтиром мегардонад.

Шокирҷон Ҷобиров, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат