, Сешанбе, 01-июл

ТОҶИКИСТОН – МАКОНИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТОФАР


ТОҶИКИСТОН – МАКОНИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТОФАР

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, мо, тоҷикон, тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона хотима бахшем ва ба марҳалаи нави таърихӣ - таҳкими пояҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ - қадам гузорем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи тамоми мардуми Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар кишвар бо истифода аз арзишҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ, таҳкурсии ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад. Ин омили муҳими рушди устувор заминаи мусоид барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ободии ватан ва таъмини ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон гардид.

Аз таърих медонем, ки дар марҳилаҳои гуногуни зиндагии башар, бинобар сабабҳои гуногуни объективӣ ва зеҳнӣ, ваҳдати миллӣ халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии миллату давлатҳо гардидаанд. Миллати тоҷик низ борҳо ба чунин хатар рӯ ба рӯ шуда, давлатҳои ба вуҷуд овардаи ӯ рӯ ба завол рафтаанд. Бо вуҷуди ин, тоҷикон дар тӯли беш аз ҳазор сол тавонистанд худро аз нобудӣ наҷот диҳанд ва то ба истиқлолияти миллӣ ва давлатдорӣ расанд.

Ба шарофати Инқилоби Бузурги Октябр миллати тоҷик баъд аз ҳазорсолаҳо  имкони соҳибдавлатиро боз ба даст овард. Соли 1924 бо талошҳои фарзандони фарзонаи миллат Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Гарчанде қисми муҳими қаламравҳои таърихии тоҷикон аз он берун монданд, ин падида барои миллати тоҷик як комёбии бузурги таърихӣ ва заминагузори истиқлолияти имрӯза ба ҳисоб меравад.

Дар даврони Шӯравӣ, ҳарчанд баъзе зуҳуроти маҳалгароӣ ва таассуб дар зеҳни баъзе намояндагони элитаи сиёсӣ ва динӣ вуҷуд дошт, аммо сиёсати қавии давлатӣ ва ҳизбӣ намегузоштанд, ки ин хислатҳои манфӣ ба ҳадди хатарнок бирасанд. Аммо дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта, дар шароити заъиф шудани назорати давлатӣ ва таҳрикомезии неруҳои хориҷиву дохилӣ, омилҳое зуҳур карданд, ки ба афзоиши андешаҳои зиддиддавлатӣ ва ифротгароӣ мусоидат намуданд.

Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, мутаассифона, ҳамин гуна неруҳо фаъолтар шуданд. Гурӯҳҳои алоҳидаи тундрав таҳти таъсири ғояҳои ифротӣ ва дастгирии беруна кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Майдоннишиниҳои он рӯзҳо ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварро фалаҷ карда, ба фоҷиаи миллӣ табдил ёфтанд.

Аммо хислати сулҳдӯстӣ ва хирадманди миллати тоҷик, ки ҳамеша ба созишу гузашт моил аст, имкон дод, ки аз миёни оташи ҷанг роҳи сулҳ пайдо гардад. Ҳарчанд ин хислат дар гузашта гоҳе боиси аз даст рафтани манфиатҳои миллӣ шуда буд, ин дафъа дарк ва фаҳмиши манфиати умумимиллӣ боло гирифт.

Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисоди миллӣ хисоротҳои ҷуброннопазир ворид намуда, ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватани моро рабуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Мо саъй дорем, ки дар ҳар хонадон сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Дар рӯзи аввали фаъолияти худ ҳамчун сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд:«Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашида сулҳ меорам».

Гирди як миз овардани гурӯҳҳои мухолиф, ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян намуда, барои ҳалли онҳо талошҳои бесобиқа анҷом доданд. Раҳбари мухолифин - марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ бо гузашти вақт масъулияти таърихии худро дарк намуд. Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятҳои покниёти хориҷӣ, ормони деринаи сулҳу субот дар кишвар амалӣ гардид.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози як гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллати тоҷик гардид. Ин сулҳ ба даҳҳо ҳазор ҳамватани беҷошуда - кӯдакон, занон, пиронсолон ва ҷавонон - умеду зиндагии нав бахшид. Он натиҷаи заҳматҳои зиёд ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит намуд, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад. Он бо кӯшиши фарзандони содиқи миллат ва дастгирии дӯстони хориҷӣ ба даст омад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин неъмати бузург - ваҳдати миллиро, чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намоем.

Ваҳдати миллӣ - ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳои ҷомеа аст. Дар зери мафҳуми «миллат» бояд на фақат тоҷикон, балки тамоми сокинони кишвар новобаста аз миллату дину мазҳаб дар назар дошта шаванд. Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат мебошад. Он дар баробари омилҳои дохилӣ, инчунин аз омилҳои хориҷӣ низ сахт вобаста аст. Аз ҷумла, таҷрибаи «баҳори араб» собит намуд, ки заъфи ваҳдати миллӣ ба абарқудратҳо имкон медиҳад, то зери ниқоби демократия нооромӣ ба миён оваранд.

Омилҳои дохилӣ низ муҳиманд:

  • зарари ҷанги шаҳрвандӣ,
  • хурд будани қаламрав ва камшумор будани аҳолӣ,
  • яксон набудани сатҳи шуур ва фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеа.

Аз ин лиҳоз, арзиши олии миллат - сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Ин арзишҳо метавонанд тамоми миллатҳо, гурӯҳҳо ва ниҳодҳои кишварро муттаҳид созанд.

Дар тӯли 20 соли охир, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон реша давонд ва мустаҳкам гардид. Барои ҳифзи он, пайваста бояд дар таҳкими омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ кӯшиш намоем. Хоса, ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, дурӣ аз ифротгароӣ, маҳалгароӣ ва мансабпарастӣ тарбия кунем.

Имрӯз Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолият сол ба сол мустаҳкамтар мешаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кардаанд:

«Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф аст. Агар Эъломия истиқлолият бахшид, пас Созишнома - сулҳу суботро таъмин намуд».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ ва сиёсӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодири сулҳофаринии ҷаҳонӣ мешиносанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои сиёсиву мазҳабӣ, беш аз ҳарвақта бояд сулҳро ҳифз кунем. То сулҳу ваҳдат - мисли обу хоку боду оташ - чун чор унсури ҳаёт ҳамеша бо мо бошад.

Бобохонов Ҷамшед Сабзаалиевич-мутахассиси раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат