, Ҷумъа, 25-июл

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии давлатдорӣ ва ҳастии ҳар як ҷомеаи мустақил маҳсуб меёбад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои аввали истиқлолиятро дар фазои нооромии сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ паси сар намуд, ваҳдати миллӣ ба сифати шарти асосии эҳёи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ зуҳур кард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст, барои миллат ҳамчун нуқтаи гардиш ва оғози марҳилаи нави давлатдории муосир арзёбӣ мешавад.

Ваҳдати миллӣ ба маънои муттаҳидии тамоми табақаҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва этникии ҷомеа ба хотири ҳифзи манфиатҳои умумидавлалтӣ мебошад. Дар мафҳуми васеи худ, ваҳдат на танҳо ҳамзистии осоиштаро дар бар мегирад, балки ҳамчун заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди демократикуниро низ фаро мегирад.

Дар шароити Тоҷикистон, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ бо як давраи буҳронии сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, зарурати ваҳдати миллӣ на танҳо як ниёзи сиёсӣ, балки як амри ҳаётӣ буд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 на танҳо даҳҳо ҳазор қурбонӣ ва ҳазорон гурезаро ба бор овард, балки зербинои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро низ ба таври ҷиддӣ фалаҷ намуд. Дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки фазои кишвар пур аз тарс, даҳшат ва нафрат гашта буд, рӯшноии умед хомӯш мегардид. Модар бо ашки чашм фарзандро ба муҳоҷират мебурд, падар аз хона фирор мекард, бародар ба рӯи бародар теғ бармедошт. Вақте ҳама чиз аз даст мерафт, танҳо як арзиш боқӣ монд-орзуи сулҳ. Ҳар як қалби маҷрӯҳ, ҳар як модари бесарпаноҳ танҳо як дуо мекард: Худоё, сулҳро баргардон!

Бо талошҳои пайваста ва иродаи қавии сиёсӣ, аз ҷумла роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти байни гурӯҳҳои даргир оғоз гардида, пас замоне ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷомид. Дар ин музокирот намояндагони нерӯҳои мухталиф, Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафил ширкат доштанд, ки раванди сулҳро ба ҷараёни ҳуқуқии байналмилалӣ табдил доданд.

Механизмҳои асосии татбиқи ваҳдат иборат буданд аз:

  • Барқарорсозии мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар тамоми минтақаҳо;
  • Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;
  • Ҷорӣ намудани фаъолияти нерӯҳои мусаллаҳи ягона;
  • Ворид намудани намояндагони мухолифин ба сохторҳои ҳукуматӣ;
  • Равандҳои афви умумӣ ва ризоияти сиёсӣ.

Пас аз ба даст овардани сулҳ, Тоҷикистон ба як раванди муттасили созандагӣ ворид шуд. Дар заминаи суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, рушди инфрасохтор, энергетика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои калидии иқтисод оғоз гардид. Бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар баъди соли 2000 ба таври устувор боло рафтанд.

Аз ҷумла:

  • Сатҳи камбизоатӣ аз 83% (дар соли 1999) то 26% (дар соли 2023) коҳиш ёфт;
  • Миқдори муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои нав ба таври назаррас афзуд;
  • Лоиҳаҳои бузурги миллӣ, монанди НБО Роғун, роҳҳои байналмилалӣ, марказҳои логистикӣ амалӣ гардиданд;
  • Тоҷикистон узви фаъоли беш аз 50 созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шуд.

Дар партави ваҳдат, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари сулҳпарвар ва рушдкунанда муаррифӣ гашт. Ҳар як нерӯгоҳе, ки рӯшноӣ мебахшад - меваи ваҳдат аст. Ҳар як пуле, ки соҳилҳоро мепайвандад-рамзи ваҳдат аст. Ҳар як китобе, ки кӯдак мехонад-натиҷаи ваҳдат аст. Магар ин кам аст?

Ваҳдати миллӣ на танҳо заминаи рушди иқтисодӣ, балки асоси амнияти миллии кишварро ташкил медиҳад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки хатарҳои экстремизми динӣ, терроризм, ҷаҳонишавии ғайриназоратшаванда ва дигар омилҳои таҳдидкунанда зиёд мешаванд, аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам меафзояд.

Дар ин раванд, нақши ҷавонон, маориф, воситаҳои ахбори омма ва сиёсатҳои давлат оид ба таҳкими якпорчагии миллӣ муҳим аст. Омӯзиши тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихӣ, инчунин тарбияи шаҳрвандии фаъол дар муассисаҳои таълимӣ, бояд бахше аз стратегияи давлатии рушди иҷтимоӣ бошад.

Таҳлили ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин падида на танҳо роҳи баромадан аз бӯҳрони миллӣ, балки заминагузори асосии ҳамаи пешрафтҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Барои наслҳои оянда зарур аст, ки ваҳдатро на ҳамчун як санаи таърихӣ, балки ҳамчун мадори худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва пайванди абадии миллат дарк намоянд ва ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки ваҳдатро ба осонӣ ба даст наовардаем. Онро бояд ҳар рӯз бо амали нек, бо рафтори ватандӯстона ва бо дӯст доштани ҳамдигар ҳифз намоем.

Сафаров  Ширинҷон, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!