,
Ҷумъа, 25-июл
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо таърихи пурифтихор ва саҳми арзандааш дар рушду такомули илму маориф дар радифи куҳантарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қарор дорад, моҳи сентябри соли 2025 ба марҳилаи нави фаъолияти худ-ҷашни 80-солагии таъсис, ворид мегардад.
Ба истиқболи ин санаи муҳим ва таърихӣ, роҳбарияти донишгоҳ дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ иқдомоти васеи ободониву созандагиро амалӣ намуда истодаанд.
Дар доираи омодагиҳо як силсила корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Аз ҷумла:
Иқдомоти мазкур, ки дар доираи таҷлили ҷашни 80-солагӣ амалӣ мешаванд, ба тавсеаи муҳити зебою созанда, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти эҳсоси худшиносии кормандону донишҷӯён равона гардидаанд.
Раёсати донишгоҳ таъкид мекунад, ки корҳои ободонӣ ба ҳамин ҳад махдуд нашуда, дар соли ҷорӣ як силсила лоиҳаҳои нави рушди инфрасохтор, таҷдиди заминаи моддиву техникии таълим ва таҳкими равобити байналмилалӣ дар назар дошта шудаанд.