, Ҷумъа, 27-июн

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САРВАРИ СУЛҲОФАР ВА АМАЛИКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САРВАРИ СУЛҲОФАР ВА АМАЛИКУНАНДАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Бистуҳашт сол пеш, 27 июни соли 1997 сарвари созандаи миллати тоҷик, муҳатрам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсиятҳои ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз мухолифатҳои ғайриосоишта дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин бархурдҳо хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар ш.Москваи Федератсияи Россия ба имзо расониданд. Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI- уми Шурои Олӣ, Раиси нав интихобшудаи Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ ва ба вуҷуд омадани ваҳдати миллӣ равона намуд. Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хурд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибис- тиқлолро созанд. Бо ин изҳороти худ Сардори давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокира кушод ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид.

Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қиғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо, шукри парвардигор, ки тирашон хок хӯрд. Бояд таъкид намоям, ки баъзе аз кишварҳои дурру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳ халал мерасонданд.

Тавре ки маълум аст, аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Бо кӯшишу ғайратҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи давра ба давраи сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе қумондонони саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаҳои имзошуда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, Комиссиони Оштии Миллӣ дар шаҳри Душанбе таъсис гардид. Имзо ва татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи мо раванди ваҳдати миллӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба мисли парчам ва нишонҳои миллӣ, демократикунонӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуногунандеширо тақвият бахшид ва сулҳи тоҷиконро пойдор кард.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми ҷумҳурӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва эҳтиром намуда сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб ва қабул намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон пайдо кард, ки Тоҷикистон роҳи сулҳ, ободӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифт ва бад ин хотир кишварҳои мухталиф омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ватанамон нишон доданд. Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ волоияти иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ, амру дастурҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон таъмин намуд ва ба қумондонсолорӣ хотима бахшид. Ҳамагон фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу салоҳ метавонанд ваҳдати миллиро таҳким бахшанд, миллатро зинда кунанд, эҳтирому обрӯйи Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд ва насли навро дар рӯҳияи соҳибистиқлолӣ, муҳаббат ба марзу бум, ба таъриху адабиёту фарҳангу забони модарӣ, пешрафти ҷомеаи демократӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои суннатӣ тарбия кунанд. Баъд аз барқарории ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори ҳамешагии Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии сухан ва матбуот, ташаккули тафаккури миллӣ равнақу ривоҷи бештар пайдо намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳизби сиёсӣ гуногун, озодона фаъолият намуда дар парлумони кишвар намоянда доранд, ки ин нишондиҳандаи аслии мавуҷудияти плюрализм, яъне гуногунандешии воқеъӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад.

Миллати мо тарафдори сулҳу ваҳдат буд ва хоҳад монд. Ниҳоят тоҷикон ба ҳам ҷамъ омада, кинаву адолат ва нафоку душманро аз байни худ дур карда, роҳи сулҳу салоҳро пеша карданд.

28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ ба ҳар фарди фарзонаи миллати тоҷик мубораку фархунда бошад. Бигузор сулҳу амният, ваҳдату ҳамдилӣ дар Тоҷикистони азизамон пойдор ва мардуми сарбаланди тоҷик саодатманду хушрӯзгор бимонанд.

Яқубзода Фирӯз, Сатторов Қобилҷон, Фирдавси Холмуҳаммад-омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат