, Ҷумъа, 27-июн

ЗИНДАГӢ САРШОРИ МЕҲР АЗ ВАҲДАТ АСТ


ЗИНДАГӢ САРШОРИ МЕҲР АЗ ВАҲДАТ АСТ

Назми ин олам ҳама аз ваҳдат аст,
Одамиро ҷамъият аз ваҳдат аст.

Олами сағир ва олами кабир дар маҷмӯъ вобастаи як низоманд ва ин низом онҳоро бо ҳам пайваста дар ҳаракат нигоҳ медорад. То замоне ки ин низом ба ҷойи худ устувор аст, зиндагӣ бо маром идома меёбад ва ин коиноти номаҳдуд арзи вуҷуд дорад.

Инсон дар ин маҷрои зиндагӣ, чун сорбони корвонкаш, дар масири пуртуғёни тулӯи арз раҳсипор аст. Ҳоло соҳиби матои зиндагист ва бояд ҳушмандона ва огоҳона қадам бардошта, корвони ҳастиро ба манзили умед ба саломат расонад. Аммо таърих гувоҳ аст, ки башарият дар тӯли давру замон бисёр нобасомониҳои ваҳшатангезро таҷриба кардааст ва назми зиндагиро аз ҳам пошондааст. Таърих борҳо нишон додааст, ки бо хато ва иштибоҳи чанд нафар хуни ноҳақи миллионҳо одамони бегуноҳ рехта шуд ва мусибатҳои зиёде бар сари фарзанди одам таҳмил гардид.

Тоҷикон низ дар масири таърих шоҳиди чунин бархӯрдҳо гардиданд. Миллат фарзандони зиёди худро аз даст дод ва ранҷу машаққатҳои зиёде аз сар гузаронд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар баробари дигар миллатҳо тоҷикон хештанро нигоҳ доштанд ва барои бақои худ мубориза бурданд.

Дар охири асри XX миллати азиятдида боз ба як имтиҳони ҷиддии таърих рӯ ба рӯ гардид. Ин бор на аҷнабиён, балки фарзандони нохалафи худи миллат ӯро ба вартаи нобудӣ кашонданд. Бародар бо бародар, писар бо падар ва, дар маҷмӯъ, инсон бо инсон рӯ ба рӯ қарор гирифтанд. Барои амалӣ гардонидани нақшаҳои манфури хеш, душманони миллат ҷомеаи моро ба оташи хонумонсӯз гирифтор намуданд. Миллат, ки дар марҳилаи хештансозӣ қарор дошт, нохудогоҳона ба хештаншиканӣ даст зад. Дар чунин вазъият ақли солим ва тадбири дурандеш лозим буд, то ин алангаи ҷанг хомӯш гардад.

Мардум ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бидуни ҳадафи зиндагисозӣ якдигарро нест мекарданд. Душмани миллат бар дӯстӣ дастболо мешуд ва оташи кина ҷои сулҳу оромиро мегирифт. Нерӯи пурқудрате лозим буд, ки душманиҳоро аз байн бубарад ва мардумро ба зиндагии осоишта раҳнамоӣ кунад.

Намояндагони мардум, ки худ низ дар ин ҷангу низоъҳо саҳм доштанд, барои фурӯ нишондани даргириҳо тавон надоштанд. Аммо гурӯҳе аз онон бо азми ҷиддӣ ва нияти нек вориди майдони амал гардиданд.

Дар чунин шароити пурфоҷиа шахсияти нотакрори таърихӣ-Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонмарди ватандӯст ва фарзонаи миллат, тасмим гирифт, ки масъулияти наҷоти миллатро бар дӯш гирад. Ӯ дигар аз худ гузашта буд. Барои ӯ танҳо як чиз муҳим буд: фурӯ нишондани оташи ҷанг ва тарафҳоро ба ҳам овардану ба ваҳдати миллӣ расонидан.

Оғози ин кор осон набуд. Аммо нияти нек ва иродаи устувор ӯро ба сӯи фатҳи ҳадафҳо раҳнамоӣ кард. Худаш шахсан дар гуфтушунидҳо иштирок намуда, барои расидан ба сулҳ аз тамоми имкониятҳо истифода мекард. Бо нияти расидан ба созиш, ба тамоми шартҳо розӣ мешуд. Ӯ тавонист дар давоми панҷ сол (1992-1997) ин ҷанги харобкорро хотима бахшад ва миллатро ба сӯи зиндагии орому босаодат раҳнамоӣ кунад.

27-уми июни соли 1997, ниҳоят, созишномаи сулҳ миёни гурӯҳҳои даргир бо шартҳои муайян ба имзо расид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ваҳдат ва суботи миллӣ ба шартҳои гарони тарафи муқобил розӣ шуд ва ба онҳо имкони ширкат дар идоракунии давлатро фароҳам овард.

Ин амали фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, таҷрибаи нодири таърихист. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ корномаи ӯ ҳамчун намунаи нодир барои рафъи ихтилофҳо эътироф гардида, истифода мешавад.

Имрӯз, дар ҳоле ки мо шоҳиди ҷангҳои бемантиқ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳастем, мебинем, ки мардуми он сарзаминҳо ё дар муҳоҷират қарор доранд, ё зери зулми ҷанг. Дар чунин замина, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ як дастоварди бузургест, ки бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми кишвар муяссар халқи азизи мо гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон номид ва бо қатъият изҳор дошт, ки ҳар як тоҷик, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷ, ҳуқуқи комили шаҳрвандӣ дорад ва озодона метавонад дар он зиндагӣ ва фаъолият кунад.

Миллати тоҷик бо сарварии Пешвои худ ваҳдати комили миллиро ба даст овард. Ин ваҳдат дар баробари дигар арзишҳои миллӣ барои мо бениҳоят гаронбаҳост. Зеро бидуни ваҳдат наметавонистем соҳиби давлату миллат ва дороиҳои он гардем. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ваҳдати бадастомадаро гиромӣ дорад ва дар нигоҳдории он саҳмгузор бошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояш ба ин масъала таъкид намуда, шаҳрвандонро, бахусус ҷавононро, ба ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки ба даст овардани ваҳдат муҳим аст, вале ҳифз ва пойдории он боз ҳам муҳимтар аст. Миллати мо бояд қарнҳо дар зери парчами сулҳ ва ваҳдат умр ба сар барад ва барои зиндагии шоиставу босаодат заҳмат кашад.

Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сироҷиддини Давлаталӣ, дотсент, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он

Ашӯрова Саодат, ҷонишини декан оид ба тарбия




Ба рӯйхат