,
Ҷумъа, 27-июн
Мизони бахту саодат, иқболу шуҳрат ва нусрату нишоти олам дар сулҳу ваҳдати кулли сокинони он аст ва таърих ин нуқтаро борҳо собит намудааст.
Инсоният дар ҷараёни зиндагӣ ба бисёр нобаробарию нокомиҳо дучор гардида, бо такя ба ақли солиму хиради олӣ тавонист хусумату бадбинӣ, кинаву адоват ва носозгориву ноҷуриҳоро аз байн бубарад ва дасти оштиву мусолиҳаро ба ҳам бидиҳад. Таърихи инсоният аз замони мавҷудият то ба имрӯз он қадар ҷангу муноқиша, кашмакашию низоъҳои миллию мазҳабӣ ва иҷтимоию иқтисодиро аз сар гузаронидааст, ки наметавон онро дар рӯзгори имрӯзу фардо фаромуш сохт. Сабақи таърих моро ҳушдор месозад, ки ба хотири роҳ надодан ба низову ҷангҳои бемаънӣ, ки аслан аз манфиатҷуиву ҷоҳталабӣ ва худҳоҳӣ сарчашма мегирад, ҳар яки мо дарки масъулиятшиносӣ дошта, аз пайомадҳои нохуши фоҷиабори он бохабар бошем.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз кадимулайём бо хирад ва заковати олӣ, башардӯстиву ватанпарастӣ миёни дигар қавму миллатҳо мартабаи баланд дошт, ки дар таърихи ҳазорсола бо уламо ва шоирону нависандагони замонаш шуҳрат ёфта буд. Дар тули таърих дучори муқовимати қувваҳои бадхоҳу ҳуҷуми аҷнабиён гардидан ва борони низову ҷ удоиталабиро ба сари мардуми сарбаланду ва танҳои фуру рехтан, ҳам бо мақсади аз байн бурдан ва аз асли хеш дур андохтани миллати ориёӣ буд. Вале натавонистанд, ки фарзандони баору номуси сарзаминро шиканад ва ормонҳои садсолаҳо дар хеш парваридаашро барҳам занад. Воқеаҳои нангини соли 1992 низ бо ҳамин ниятҳои бад сар зад ва бадхоҳони миллати тоҷик натавонистанд, ки Тоҷикистоне, ки неъмати бебаҳо Истиқлолиятро акнун ба даст оварда буд, ба гирдоби ҷангу даргириҳо кашанд.
Дар Тоҷикистон баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ 27 - уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллиро соҳиб гашт.
Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд ва бисту хашт сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамбастагӣ кору зиндагӣ дошта, барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти комили кишвар ва густариши Ваҳдати миллӣ ҷаҳду талош доранд.
Миллати сарбаланди тоҷик, ки ҳам заҳри ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам шаҳди Ваҳдати миллиро чашидааст, хуб дарк мекунад, ки барҳамзанандаи ҳамаи шодию нишот - ҷанг ва асоси ҳамаи хушбахтиву бунёдкориҳо - сулҳу Ваҳдат аст. Аз ин рӯ, ҳар тоҷику тоҷикистонии огоҳу бофарҳанг, махсусан сокинони вилояти Хатлон, ки маркази даргириҳо буд, бояд талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвари азизамонро, ки дар мамлакат сулҳу амният барқарор кард, қадр кунанд. Чунки маҳз бо саъю кушиш ва талошҳои пайвастаи ин сиёсатмадори нотакрори таърихи миллат, Сарвари оқилу сулҳпарвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи оштии миллӣ созмон дода шуд, ки ба он намояндагони Ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил гардиданд ва масъалаҳои мубрамро давра ба давра баррасӣ ва ҳал намуданд.
Хеле зарур аст, ки насли имрӯзаи ҷавони давлати мо ба воқеияти даврони ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон хубтару наздиктар ошно гардида, сабабҳои аслии бохтҳои давлати ҷавони худро аз нигоҳи ақлу дил дарк кунанд ва дар фазову руҳияи баланди ватанпарастиву ватандорӣ таълиму тарбия бигиранд. Барои насли имрӯзаи ҷавон бояд сухани аввал Ватан- Модар ва донистани дину мазҳаби аҷдоди танҳо як ҷузъи фарҳанги инсони бошад, чунки фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.
Дар ҳолате, ки давлати Тоҷикистон воқеан ҳам ба мутахассисони соҳаи техникӣ, махсусан техналогияи муосир эҳтиёҷ дорад, мувофиқи матлаб аст, ки аз рӯзи аввалине, ки падару модарон фарзандонро ба расму оин ва дину мазҳаб ошно кардани мешаванд, дарк кунанд, ки тафаккури рушану озод доштани насли наврас талаботи замон аст.
Боиси тазаккур аст, ки чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни мо – Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯали Ибни Сино, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ ва бузургони дигар, тавонистанд истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат ва зиракиву фаросат ҳифз намуда, ба онҳо ҷилло ва бақои тоза бахшанд. Ин абармандони таърихӣ арзишҳои бунёдӣ ва маънавиёти зиндагисозро дар чорчӯбаи ислом густариш дода, ҳамзамон бо ин забону фарҳанги миллӣ, суннату русум ва симои хоси таърихии ниёгони худро дар замонҳое ҳифз намудаанд, ки дар он давраҳо даҳҳо миллату халқиятҳо ва давлатҳои хурду бузург аз арсаи таърих беному нишон гаштаанд.
Ифтихор аз он мекунем, ки мардуми тоҷик дар таърихи тулонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Имрӯз сохторҳои давлатдории мо зина ба зина ташаккул ёфта, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи Ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши ояндаи халқамонро муайян созем. Баҳри амалигардии ин ҳадафҳои неки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моро хеле зарур аст, ки кору пайкори созанда ва меҳнати арзандаро ба роҳ монда, Ваҳдату ягонагии миллатро пойдор ва зиндагии шоистаеро барои шаҳрвандон таъмин намоем.
Дуруду ҳамд бар мемори Ваҳдат,
Сано бар ворису ғамхори Ваҳдат.
Зи хишти меҳру аз обу гили мо,
Ба гардун мерасад девори Ваҳдат.
Шодизода Саодат - ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ