, Ҷумъа, 27-июн

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР


НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР

Ваҳдат ин якдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист. Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст. Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд.

Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, 27 июни соли 1997, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Яъне 28 сол қабл Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи хотимаёбии ҷанги шарҳвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд. Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати парешон сарҷамъ гардид ва ободонию шукуфоии мамлакат пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуданд.

Аз он вақте ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо бо мухолифини онвақтаи худ ба музокирот оғоз карда буд, 28 сол сипарӣ шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлат, пароканда шудани миллат ва ба чандин қисм тақсим гардидани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи олам нест шудани Тоҷикистон бо тамоми даҳшати худ ба вуҷуд омада буд. Вале Ҳукумат сарфи назар аз ҳамаи фишору муқобилиятҳо роҳи пешгирифтаи худ, яъне роҳи музокирот ва сулҳу созишро тағйир надод.

Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд. Маҳз бо ҳамин корнамоиҳо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами  миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.

Тоҷикистони биҳиштосо бо сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва заҳматҳои шабонарӯзӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолии кишвар, 28-соли Ваҳдати миллӣ дар тӯли роҳбари давлат будан ба дастовардҳо ва мувафақиятҳои  назаррас ноил гардид, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд:

  1. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милалли Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати Тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.
  2. Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
  3. Эҳёи расму ойин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
  4. Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» ҷашни байналмилалии Наврӯз “Оши палав” ва “Чакан”, бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.
  5. Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас гардидани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръони Карим” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат.
  6. Ба муомилот баромадани воҳиди нави пули миллии кишвар – сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст.
  7. Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон.
  8. Ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва роҳҳои байналмилалӣ дошта.
  9. Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун Сангтуда 1. Сангтуда 2. ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
  10. Ташкили ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, таъсисгардидани минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» «Кӯлоб»;
  11. Дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди садҳо биноҳои наву замонавӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, Баланд гардидани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бахши хусусӣ, соҳибкории инфиродӣ.

Боварӣ ва итминони комил дорем, ки дар таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои созандаву бунёдкорона ва дурбинонаи Пешвои муаззами  миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло рафта, дар як муддати кӯтоҳ ватани азизамон боз ҳам  ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон аз лиҳози фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илму техника, пешрафти саноат ва ҳоказо табдил меёбад.

Содиқзода Зафаршо Саидҷафар-номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат