, Ҷумъа, 27-июн

БА ТАН ПӮШЕД, ЁРОН, ҶОМАИ ИДОНАИ ВАҲДАТ…


БА ТАН ПӮШЕД, ЁРОН, ҶОМАИ ИДОНАИ ВАҲДАТ…

Барои расидан ба аҳдофи бузургу созанда ва ояндаи неки насли наврас, моро мебояд, ки аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошем, ба қадри ин Ватан ва сулҳу ваҳдати комили хеш бирасем.

Воқеан, Сулҳу Ваҳдат ду мафҳумеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳмию миллатдӯст будан аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад:

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арвуғон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.

Сулҳ ва ваҳдат барои мардуми Тоҷикистон арзишҳои муқаддас ва пойдевори давлату миллат мебошанд, ки ҳаёти орому осоиштагии мардум ва рушди кишварро таъмин мекунанд.

 Баъди ҷанги шаҳрванди мардуми тоҷик бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) имзо гардид. Ва ин созишнома асоси сулҳ, ваҳдат ва якдилии мардуми тоҷикро таъмин намуд.

 Ҳар сол 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз рамзи ҳамбастагӣ, якдилии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳу ваҳдат мебошад. Ваҳдати миллӣ имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст ва мо аз ин мефахрем. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз ободу зебо мешавад. Иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад:

Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.
Меҳани ободу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.

Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ ба имрӯзу фардои ватани азизамон қадам мезанад. Мо бояд сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ кунем.

Хулоса, ҳар яки моро лозим аст, ки ҳамчун фарзанди бонангу номуси ин сарзамини биҳиштосо бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз биболему ифтихор намоем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзандони бузурги ин сарзамин, махсусан талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон устуворӣ бахшида, мустаҳкам сохтаанд. Ҳифзи ин арзишҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпараст мебошад. Пас, эй ҳамватан, биё, то ҷонфидои ин Ватан бошем!

Одинаева Гулбону Мадалиевна, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат