,
Ҷумъа, 20-июн
«Ман кори худро аз сулҳу салоҳ ва пойдории он оғоз мекунам. То рӯзе, ки охирин гурезаи тоҷик дар мулки ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда наметавонам зист».
Эмомалӣ Раҳмон
Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Ин санади сарнавиштсоз на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошт, балки барои миллати тоҷик роҳи наҷот, якпорчагӣ ва рушди ояндаро ҳамвор сохт. Сулҳ неъмати бебаҳо, ҳидоятгари оянда ва самараи фитрати поку ақли солими миллат аст.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ пирӯзии адолати таърихӣ ва ғолиб омадани хираду ахлоқ бар ҷаҳолату тафриқа мебошад. Аз ин рӯ, санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тақдирсоз ва сабақомӯз бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар амалӣ шудани сулҳу ваҳдат, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ ва тақдирсоз аст. Бо иродаи устувор ва муҳаббати самимӣ ба халқ, эшон тавонистанд халқи парешонгаштаву ранҷдида ва кишвари харобгаштаро ба сӯи якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамун созанд.
Ширкати фаъолонаи мардум дар ин раванди таърихӣ аз сатҳи баланди маърифати сиёсӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ далолат медиҳад. Ба шарофати сулҳ, субот ва ваҳдат, кишвари мо бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав тавонист ба марҳалаи нави рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадам гузорад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад. Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва якдиливу иттиҳод метавонем рушду пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизро таъмин намоем.
Мо шукргузори онем, ки дар Ватани офтобрӯяамон сулҳу амонӣ ҳукмфармост ва мардум бо итминон ба сӯи фардои дурахшон раҳсипоранд. Аз дастовардҳо ва пешрафтҳои назаррас шукр мекунем ва бо муҳаббат ба зиндагӣу Ватан талош меварзем.
Сарзамини Тоҷикистон сарзамини Ваҳдат аст,
Зиндагии босаодат ин талошу мақсад аст.
Шукри Ваҳдат, шукри давлат, шукри истиқлоли мо,
Миллати ман худ ҳамеша дар талоши ваҳдат аст.
Сулҳу ваҳдат нишони ифтихору номуси миллати соҳибфарҳанги мост. Маънии ваҳдат танҳо якдилӣ нест - он рамзи ягонагии миллӣ, нишонаи ҳушёриву худшиносӣ ва омили муҳими пешрафти ҷомеа мебошад.
Мутаассифона, роҳи расидан ба ваҳдат осон набуд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси давлати навини тоҷикон, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Маҳалгароӣ, иғвоангезӣ ва майдоншиниҳо боиси аз ҳам пошидани оромии ҷомеа шуданд. Ҳазорон нафар кушта, ҳазорҳо кӯдак ятим ва даҳҳо ҳазор шаҳрванд маҷбур ба гурез шудан аз Ватан гаштанд.
Дар ҳамин вазъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, нақши наҷотбахш бозид. Ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб кард. Дар нахустин суханронии худ, эшон бо садоқат иброз доштанд:
«То даме, ки охирин гуреза ба Ватан барнагардонам худро осуда ҳис намекунам...»
Маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва иродаи қавии мардуми шарафманди тоҷик сулҳ барқарор шуд ва ваҳдати миллӣ поягузорӣ гардид. Имрӯз консепсияи ваҳдати миллӣ ба як ҷузъи тафаккури миллӣ табдил ёфтааст.
Сулҳ ва ваҳдат имконият фароҳам оварданд, ки бо заҳмати аҳли кишвар Тоҷикистон рӯ ба пешрафт ниҳад. Сатҳи зиндагӣ, худшиносӣ ва маърифати мардум боло рафт ва кишвари мо мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид доштаанд: "Мо бояд донем, ки гузаштагони мо кистанд, ба мо чӣ мерос гузоштаанд ва мо ба ояндагон чӣ хоҳем гузошт".
Ин маърифати таърихӣ ва худшиносӣ омили муҳими таҳкими ваҳдат аст. Бо ин шуур ва дарки масъулият, имрӯз миллати тоҷик дар қатори миллатҳои пешрафта қадам мезанад. Сохтмони роҳҳои стратегӣ, эҳёи Роҳи абрешим ва густариши робитаҳои байналмилалӣ маҳсули ҳамин сулҳу ваҳдат аст.
Ваҳдати миллӣ, бе шак, шукуфоии Ватан аст. Он давлате, ки дар он сулҳ, дӯстӣ ва оромӣ ҳукмфармо бошад, бешак рушд мекунад, фарҳангаш эҳё мегардад ва ояндаи мардумаш дурахшон мешавад.
Гадоева Фирӯза, ассистенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Ауабдуллоҳи Рӯдакӣ