, Ҷумъа, 20-июн

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол мардуми тоҷик 27 июн- Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буда, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

27-июни соли 1997 рӯзест, ки Тоҷикистони азизи мо бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд. Дар ин фархундарӯз тоҷикон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърих бархӯрда, пас аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расиданд, боз якдилу якмаром гаштанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашиданд ва зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзои муборак гузоштанд. Ва «сулҳи деринтизори мо омад». Ваҳдат омад! Мамлакат нафаси тоза кашид, аз зулмат вораҳид, субҳи умеди ба зиндагӣ дамид.

Чӣ рӯзи саодатбору пурнишоте буд ин рӯз барои тамоми Тоҷикистониёни азиз!

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда гузашт. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Садҳо хонаҳо сӯзонда, ҳазорҳо иншоот харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз марҳилаи рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба мӯҳлати 40-50 сол ба қафо партофта шуд.

Дар чунин вазъият, ки ба кишвар парокандашавӣ таҳдид менамуд, ниёз ба роҳбаре буд, ки иродаи қавӣ дошта бошаду сарсупурдаи миллату Ватан бошад ва ба хотири ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар қудрати барқарор намудани ҳокимияти устувори давлатиро дошта бошад.

Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ (16 ноябри1992), ки наҷоти миллат масъалаи асосии он буд, бояд роҳбареро интихоб менамуд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкилӣ дар дарёфти шахс набуд, балки дар гирифтани масъулият буд, зеро замоне, ки яроқ кишварро идора мекарду иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ буд, зимоми идораи кишварро на ҳар кас ба дӯш мегирифт. Шукр, ки чунин шахс он замон пайдо шуд. Он Эмомалии Раҳмон буд. Ӯ ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти сангин ва вазнинро ба дӯш гирифт ва таърих собит сохт, ки ин интихоб дуруст ва саривақтӣ буд.

Оре, мо ба Ваҳдати миллӣ расидем, аммо боре фикр мекунем, ки Ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ чӣ гунна ба даст омад? Ё ин ки барои имзои ин Созишнома ҷонибҳо дасти оштӣ сӯи ҳам дароз карданду халос. Албатта не, дар ин роҳ он қадар ҷонбозиҳову қурбониҳое сурат гирифт, ки он ҳамаро наметавон тасаввур кард.

Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон 8 даврро дар бар гирифт, ки ба таври зайл аст:

Даври аввал: аз  5 то 19 апрели соли 1994 дар ш.Маскав;

Даври дуюм: аз 18 то 28 июни соли 1994 дар ш.Теҳрон;

Даври сеюм: аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Покистон ш.Исломобод;

Даври чорум: аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар ш.Алмаато;

Даври панҷуми бетанаффус, Ашқобод:

Марҳилаи аввал: аз 30 ноябр то 22 декабри соли1995;

Марҳалаи дуюм: аз 26 январ то 19 феврали соли1996;

Марҳилаи сеюм: аз 8 то 21 июли соли1996.

Даври шашум: 23 декабри соли 1996 дар ш.Маскав;

Даври ҳафтум: 26 феврал ва 8 марти соли 1997 дар ш.Маскав

Даври ҳаштум: 22 ва 28 майи 1997 дар ш.Теҳрон «Протокол оид ба кафолати амалигардонии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Тавре Роҳбари давлат зикр намуданд, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расондем.

Ҳамин тавр, 28 сол пеш, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи вижаи Муншии умумии СММ Гард Меррем «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Бо имзои ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар хотима гузошта, яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи кишвар пӯшида шуд ва аз он рӯз Тоҷикистони азизи мо бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд.

Пас аз он рӯзи нусратбор, 27 июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне ягонагии миллӣ , баҳамоии миллӣ пазируфта шуд ва асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гардид.

Сулҳу субот, ризояти ҷомеа, Ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Маҷмӯи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқӯъ мепайванданд, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаи мардуми меҳнатдӯсти кишвар мебошад.

Маҳз истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад.Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор дод.

Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.

Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад.Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддас табдил ёфтанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд дорад.

Имрӯз мо низ бояд барои таҳкими рушду нумӯъ ва ифтихори миллӣ эҳтиёҷмандии хеш ва ҷомеаро ба идеяҳои нав ба нави миллӣ таъмин намоем. Азамати сарнавишти андешаҳои миллии хешро барои рушду нумӯъи кишварамон истифода намуда, ваҳдати тоҷиконро ба дигарон фаҳмонда тавонем.

Ваҳдат ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик ва марому ҳадафи он, ҳимояву посдории ҳастии хеш, арзишҳои фарҳангии хеш ва таъмини ояндаи дурахшони миллат аст.

Имрӯз мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки  истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субут ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр бояд намоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош варзем.

Ҷавонони азиз! Чун дар арафаи ҷашни Ваҳдат қарор дорем, зарур аст, ки ба он рӯзҳое ки баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо сурат гирифт, назаре андозем. Дар он солҳои пурдаҳшат бештар ҷавонон фирефтаи хоҷагони мансабхоҳу мансабталош шуда, ба хотири манфиати дигарон дар майдонҳои набард ҷони ҷавони худро аз даст медоданд. Он афроде, ки ҷавононро ба майдони ҷанг мекашиданд ва ташвиқ менамуданд, ки «бо мурдан дар роҳи Ҳақ ба дараҷаи шаҳидӣ мерасӣ» барои манфиатҳои нопоку ғаразноки худ ҷавоноро қурбон мекарданд.

Имрӯз ин тарҳи нави худро ҷаҳонхонон дар симои терроризму экстремизм амалӣ намуда истодаанд. Имрӯз онҳо ба ваҳдату истиқлолияти давлатҳои тозабунёд хатар эҷод мекунанд. Моро боз мехоҳанд иғво андозанд, аз ҳам ҷудо намоянд, ҷавонони моро гумроҳ намоянд. Аммо мо дигар Тоҷикистони солҳои 90 нестем. Имрӯз мо беш аз ҳарвақта қавитар ҳастем. Зеро ваҳдати милливу иттиҳод дорем, роҳбари зираку дӯстони пурқувват дорем.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва алалхусус Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки як ҷузъи он мебошад, нигаронӣ аз он дорад, ки ҳар гуна падидаи номатлуб (тундгароиву ифротгароӣ ва терроризм) доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ фирефтаи таблиғоту ташвиқоти дуруғин шуда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифтротгароӣ шомил шуда, ҷони азизи худро аз даст медиҳанд, ки боиси таассуф, шарм ва маломат мебошад.

Магар ҷанги шаҳрвандӣ барои мо сабақ нашуд? Халқи тоҷик ин марҳиларо як маротиба паси сар карда, сабақи фаромӯшнопазир ҳам гирифт.

Ин ҳушдоре барои мо буд, ки хеле гарон афтод. Пас мо, бахусус ҷавонон набояд бигузорем, ки ваҳдати мо халадор шавад.

Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат  равона созем.

Дар ин амри хайр ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд, зеро ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонон вобаста мебошанд. Ин нукта дар нисбати Тоҷикистон маънии хоса дорад, чунки 70% аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил мекунанд. Бинобар ин мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем.

Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат, бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.

Муродова Гулчеҳра-дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат