, Чоршанбе, 18-июн

СУЛҲУ ВАҲДАТ-САОДАТИ МИЛЛАТ


СУЛҲУ ВАҲДАТ-САОДАТИ МИЛЛАТ

Сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагӣ - рукнҳои муттаҳидӣ ва рушди устувори ҳар як давлату ҷомеа маҳсуб меёбанд, зеро маҳз дар фазои сулҳу субот рушди ҳамаҷонибаи сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зиндагии осоиштаи мардум таъмин мегардад.

 Тавре маълум аст, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, аммо давлати навбунёди мо мувоҷҷеҳи ҷанги нангини шаҳрвандӣ гардида, аз алангаи ин оташ дар вартаи ҳалокат қарор гирифт.

Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар ба осонӣ муяссар нагардидааст ва вожаҳои сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ низ мафҳумҳои оддӣ набуда, дар онҳо дастовардҳои муҳим, василаи некӯаҳволии мардум, таҳкурсии рушди устувор ва пешрафти кишвар нуҳуфтаанд, ки дар масири наҷоти мардум аз фаношавӣ ва ҳифзи тамомияти арзии давлат нақши созгору муассир бозиданд.

 Мусаллам аст, ба бахти миллати тоҷик, дар он рӯзҳои сахту сангин зимоми давлатдориро фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифтанд. Хушбахтона, бо талошҳои хастанопазир ва иқдомоти хайру наҷибонаву мондагори хеш то имрӯз Тоҷикистони азизи моро ба сӯи саодату рӯшноӣ ва ояндаи неку дурахшон раҳнамоӣ мекунанд.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаллифи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини тоҷикон бемисл аст. Ӯ на танҳо раванди сулҳофариро роҳбарӣ кард, балки ваҳдатро ба як фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва рукни асосии давлатдорӣ табдил дод. Тоҷикистон имрӯз дар мисоли ваҳдати худ, ба ҷаҳон намунаи сулҳ, муколама ва ризоиятро пешниҳод кардааст - намунае, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз ин рӯ, ифтихори миллӣ ва эҳтироми таърихӣ ба шахсияти ӯ, ифодаи шинохти аҳамияти ваҳдати миллӣ мебошад. Сарвари миллати тоҷик бо ворид шудан ба саҳнаи сиёсӣ ва ба даст овардани эътимоди мардум, бо ирода, хиради сиёсӣ ва пуштибонии мардумӣ, роҳ ба сӯи сулҳ, якпорчагии миллӣ ва рушди устуворро фароҳам оварда, тавонист гурӯҳҳои мухталифи сиёсиро барои гуфтушунид ва созиш ҷалб намояд. Музокироти сулҳ, ки бо роҳбарии ӯ анҷом ёфт, ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар соли 1997 оварда расонд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва сулҳу суботро барқарор намуд.

Ёдрас бояд намуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ омили наҷотбахши миллат гардида, таҷрибаи нодири сулҳофарии миллати тоҷик ҳамчун «формула ва амсилаи сулҳ» аз ҷониби муаррихон, сиёсатмадорон ва олимону пажӯҳишгарони институтҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд, зеро ин таҷриба дастоварди бузурги халқи тоҷик ва яке аз унсурҳои таркибии андешаи (ғояи) миллии ин миллати тамаддунсозро ташкил медиҳад. 

Ваҳдати миллӣ на танҳо ба маънои қатъи ҷанг, балки ба маънои барқарорсозии якдилии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат ва ташкили ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва роҳбарии дурандешона, тавонист асосҳои давлатдории муосири Тоҷикистонро гузорад ва ҳамчун муаллифи Ваҳдати миллӣ на танҳо ба сулҳу субот, балки ба эҳёи арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон мусоидат намуд. Вай бо сиёсати хирадмандона ва иродаи қавӣ, тавонист Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшида, ба роҳи рушди устувор ва давлатдории муосир роҳнамоӣ кунад.

Дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқол 27 июни соли 1997 - санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст, зеро баъди ба тасвиб расидани ҳамин санади сарнавиштсоз хатари аз байн рафтани миллат бартараф ва баҳри бунёди давлатдории навин гомҳои устувор ниҳода шуданд. Дарвоқеъ, маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ ҳаёти осоишта ва хушу хуррамонаи шаҳрвандон таъмин ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва дар рушду нумуъ эътироф гардид.

Ваҳдати миллӣ дар низоми иҷтимоиву сиёсӣ ва таърихии ҳар як давлат ҳамчун меъёри субот ва кафили рушд нақши калидӣ мебозад. Барои Тоҷикистон, ки дар оғози даврони истиқлолият ба як ҷанги хунини шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ваҳдати миллӣ ба як ҳадафи умумимиллӣ ва ниёзи ҳаётан муҳим мубаддал гардид. Дар ин раванд, нақши Эмомалӣ Раҳмон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - барҷаста ва таърихист. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ, ваҳдати миллӣ ба унсури муҳими сиёсати давлатӣ мубаддал гардид. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун раҳбари давлат, бо як дидгоҳи васеъ сиёсати ваҳдатгароиро ба як идеологияи миллӣ табдил дод. Дар доираи ин сиёсати фарогир, давлат бар ислоҳоти сохторӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ равона гардид.

Оре! Ваҳдати миллӣ ва суботи сартосарии кишвари азизамон имкон фароҳам овард, то дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, баргузор гардидани кунгураву ҳамоишҳо, конфронсу симпозиумҳои байналмилалии сатҳи олӣ бо ширкати сарони кишварҳои абарқудрат боиси шуҳрат ва эътибору нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.

Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун асоси субот ва рушди ҷомеа дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши  меҳварӣ дорад, зеро тоҷикон бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тавонистанд ба пояҳои ваҳдат баргарданд ва бо ҳамин роҳ ба сӯи ободӣ ва пешрафт қадам гузоранд. Ба таъкидҳои Пешвои миллат: “Ваҳдати миллӣ рамзи саодат ва пойдории давлату миллат мебошад”.

Ваҳдати миллӣ мафҳуми муҳиме дар давлатсозӣ аст. Он маънои ягонагии фикрӣ, ҳамраъйӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад. Дар асоси тафсири илмӣ, ваҳдат на танҳо иттифоқи сиёсист, балки он фарҳанг, ахлоқ ва ҷаҳонбинии умумиро низ фаро мегирад.

Тавре медонем, ҷаҳони имрӯз, раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ мушкилоти зиёдеро амсоли доман густурдани радикализми динӣ, терроризму ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, таъсир ба фарҳангу маънавиёт ва дигар зуҳуроти номатлуберо пешорӯи аҳли башар гузошта, бояд андешамандонро ба бознигарӣ ва омӯзиши таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон водор намояд.

 Бо итминон бояд гуфт, ки сулҳ, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои волои умумибашарӣ унсури асосии ҳувият, андеша, ғояи миллӣ арзёбӣ мегарданд, ки зодаи тафаккури соҳибхирадони миллат буда, аз ҳифзи манфиатҳои миллат, садоқат ба Ватан, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ таркиб ёфтаанд.

Аз ин ҷост, ки дар моварои расидан ба Ваҳдати миллӣ Пешвои миллати мо низ аз хиради азалии миллати тамаддунофари тоҷик дасти кор гирифтаанд, зеро халқи тоҷик дорои таъриху фарҳангу адабиёти қадимӣ ва ғановатдори назми оламшумул буда, андешаи сулҳу рифоҳ тавассути шоҳасарҳои безаволи нобиғаҳои олами адабу ирфонаш шуҳраи ҷаҳон гардида, аз қаъри ҳазорсолаҳо то инҷониб маҳз тафаккури созанда, андешаҳои сулҳпарварона ва ваҳдатгароёнаи мардуми тоҷик таҳкимбахшу таҳрикбахши миллат ба ягонагӣ ва иттиҳод ва омили таъмини амнияту осоиштагии халқ мебошанд.

 Дар маҷмуъ, муҳимтарин сабақи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар он ҳувайдо аст, ки ниҳояти ҳама гуна баҳсу низову ихтилоф ва даргириҳо танҳо як роҳи ниҳоии ҳалли мусолиҳатомез дорад, ки он дарки арзиши бузурги ҳамзистии аҳли башар дар фазои сулҳу салоҳ ва амнияту осоиштагӣ мебошад.

Ваҳдати миллӣ -на танҳо арзиши фарҳангӣ, балки шарти муҳими бақои миллат ва давлат аст. Танҳо дар шароити ваҳдат, миллат метавонад мақоми сазовор дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо кунад. Ваҳдати миллӣ барои суботи ҷомеа ва рушди давлат нақши калидӣ дорад. Он боиси таҳкими дӯстӣ, баробарӣ ва ҳамзистии осоишта миёни миллату халқиятҳои кишвар мегардад. Ҳифзи ваҳдат талаб мекунад, ки ҳар шахс масъулият ҳис карда, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад, зеро ҳамин Ваҳдати миллӣ омили асосии ягонагии мардум ва муваффақияти ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад. Бе ваҳдат на рушди иқтисодӣ ва на пешрафти иҷтимоӣ имконпазир нест. Таърих нишон додааст, ки миллатҳое, ки ваҳдати худро ҳифз кардаанд, тавонистанд аз ҳама мушкилот гузаранд. Ваҳдат бояд на танҳо дар сухан, балки дар амал ва рафтори ҳар шахс таҷассум ёбад. Барои пойдории он, тарбия ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни насли нав муҳим аст.

Истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистон маҳз дар заминаи ваҳдати устувор имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди бедордил бояд ба таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.

Мо, мардуми сулҳпарвари тоҷик, ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон, бояд ин неъмати бебаҳо - сулҳу ваҳдатро ҳифз ва арҷгузорӣ намоем ва   вазифадор ҳастем, ки суботу амнияти кишвари азизамонро чун гавҳараки дида ҳифз намоем ва дар роҳи дифоъ аз неъматҳои бузурге чун Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо зиракиву бедордилии ҳамешагӣ омода бошем. 

 Худойдодова Шарофат-дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат