,
Чоршанбе, 18-июн
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, баъд аз ҳазорсолаҳои сукут, халқи тоҷик дубора истиқлолият, озодӣ ва зимоми давлатдориро ба даст овард, ки ба андешаи мо, замони амалисозии ормонҳои ҳазорсолаи поймолгаштаи миллат фаро расида буд. Вале сад афсус! Гурӯҳе аз нохалафони манфиатҷӯ ва харидашудаи душманони миллати тоҷик ба ҷои заҳмату талош барои ободии сарзамини аҷдодӣ, ба фурӯхтану қисмат кардани он ва рехтани хуни бародарон, чок кардани чодари исмати модарону хоҳарони худ пардохтанд. Бадтар аз ин, тамоми аъмоли ношоистаи худро бо номи дини мубини Ислом омехта, аз ангезаҳои динии мардум ба манфиатҳои шахсиву сиёсии хеш ва хоҷагони хориҷии худ истифода намуданд.
Ин тоифа, бехабар аз гуфтаҳои шоир будаанд, ки доир ба паёмади чунин аъмоли ношоиста фармудааст:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки халқи тоҷик ба ду қисмати нобаробар ва Тоҷикистони тозаистиқлол ба минтақаҳо, шаҳрҳо ва ҳатто ба маҳаллу кӯчаҳо байни ифротиёни аз ақл дур тақсим шуда буд, муттаҳид намудани халқи парешонгашта дар ҷои аввал меистод. Масъалаи ҳастиву нестии давлати тоҷикон барои ҳар фарди ватандӯсту солимақл масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб мерафт. Шояд зиёд буданд хайрхоҳони миллату давлати тоҷикон, вале ҷуръати ба арсаи сиёсату ҳукумати фалаҷгаштаи давлати навро надоштанд. Дар чунин шароит, касе ба ояндаи давлат бовар надошт ва гӯё мунтазири муъҷизае буданд, то онҳоро аз вартаи нобудӣ раҳонад.
Хушбахтона, ба бахти мо тоҷикон, бо инояти Яздон ва аз эҷози офаридаи модари тоҷик, абармарди шуҷову таърихии марҳилаи навини давлатдории тоҷикон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба арсаи сиёсат ворид шуда, нахуст тарафҳои муқобилро ба ҳам овард. Аз ҳама муҳим, айбҷӯӣ накарда, ҳамагиро ба хотири ояндаи неки давлату миллат бахшид ва дар қалби поки худ барои онҳо умеди некӣ парвариш дод. Аммо ин тоифаи намакношиносу хиёнатпеша дар аввалин фурсат ба ҷои бовариву вафо, хиёнату номардиро ба Пешвои хеш ва мардум раво дида, хостори боз аз нав ба ҷаҳолату гирдоби хун кашидани миллати тоҷик гаштанд. Аъмоли ношоиставу ноҷавонмардонаи эшон порчаи назмиеро ба хотир меорад, ки гӯё шоир маҳз барои чунин афроди қадрношинос таълиф намудаст:
Сад ҷон биканӣ, аз раҳи бад мор нагардад,
Чун ахтари бахт, ахтари думдор нагардад.
Сад ҷӯй агар канда ба умед барӣ об,
Як зарра мулоим дили кӯҳсор нагардад.
Бо вуҷуди ҳама хиёнату аҳдшиканӣ ва найрангу макри рақибони миллати куҳанбунёди тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки тамоми масъулияти давлатдориву ватандӯстӣ, бо баҳои ҷон, бо заҳмати фаровон, вале дар муддати кӯтоҳ ба ҳамаи ин парокандагиву нобасомонӣ ва торикандешиву ҷаҳолатхоҳӣ хотима бахшида, ба ҷои он сарҷамъиву ваҳдатро ба армуғон овард, ки имрӯз ин шоҳкории Пешвои муаззами миллати мо ба мактаби омӯзиши кулли башар табдил ёфтааст.
Ин мактаби таърихӣ, ки дар пояи сулҳ ва ваҳдати миллӣ бунёд шудааст, имкон дод, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз кишвари ҷангзада ба як ҷомеаи устувору пешрафта мубаддал гардад. Имрӯз мо на танҳо як давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ дорем, балки дар ҳар арсаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ пешравиҳо ва комёбиҳои назаррас ба даст овардаем. Ҳар як комёбӣ самараи ҳамон ҷоннисориҳо, сабру таҳаммул ва сиёсатмадории воқеии Пешвои миллат мебошад, ки то ҳол дар гӯшаи дили ҳар як шаҳрванди шукргузори кишвар нақш бастааст.
Пас вазифаи имрӯзаи ҳар як шахси бедордилу ватандӯст ин аст, ки арзишҳои истиқлолу сулҳу ваҳдатро, ки ба қимати ҷонҳо ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҳар лаҳза таҳдиду хатарҳои нав рӯ ба афзоиш аст, ягонагиву муттаҳидӣ асоси бақои миллат ва давлат мемонад. Танҳо бо ваҳдати комил, бо шукргузорӣ аз раҳнамои оқил ва бо эътимод ба неруи худ метавон ба фардои боз ҳам дурахшон қадам гузошт.
Зулфиев Гадомад, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ