,
Ҷумъа, 25-июл
Дар таърихи навини инсоният таҷрибаҳои сулҳу ваҳдат баъд аз низоъҳои дохилӣ камшумор ва нодир ба ҳисоб мераванд. Яке аз чунин намунаҳои барҷаста ва илҳомбахши сулҳоварӣ, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи беназир шинохта шудааст, Ваҳдати миллии Тоҷикистон мебошад. Ин ваҳдат на танҳо сулҳро дар кишвар барқарор кард, балки барои дигар миллатҳое, ки гирифтори низоанд, ҳамчун намунаи олии сулҳпарварӣ хизмат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ (соли 1991) ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид, ки солҳои 1992-1997 фаро гирифт. Ин низоъ ҳазорон қурбонӣ ба бор оварда, боиси харобии иқтисод, ҷудоии ҷомеа ва муҳоҷирати оммавии мардум гардид.
Аммо ба шарофати иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷараёни музокирот бо мухолифин оғоз ва натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бо иродаи сиёсӣ, омодагии дуҷониба ба бахшиш ва гузашт кардан, ҳатто дар ҳолатҳои мураккабтарини даргириҳо, имкони расидан ба сулҳ вуҷуд дорад. Ин таҷриба имрӯз дар муҳокимаҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақ истифода мешавад.
Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити вазнини сиёсиву низомӣ масъулияти раҳбариро ба дӯш гирифт ва дар сафи пеши сулҳофаринӣ қарор дошт. Ӯ тавонист бо сиёсати фарогир ва ҳамгиро ба тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ саҳнаи мусоиди гуфтугӯро фароҳам оварад.
Яке аз дастовардҳои муҳими ин сулҳ ва ваҳдат он аст, ки нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба низоми давлатӣ ворид гардида, дар сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳм гузоштанд. Ин таҷриба намунаест барои кишварҳое, ки ба фарогирии мухолифин дар раванди сулҳ майл доранд.
Тоҷикистон дар асоси сулҳи ба дастомада тавонист суботи сартосариро таъмин намояд, ки ба таҳкими амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ таъсири мусбат расонд. Ин мавқеи кишварро ҳамчун шарики боэътимоди минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият дод.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон намунаи олии ваҳдат, бахшиш ва масъулиятшиносии миллӣ мебошад. Дар ҷаҳоне, ки нооромӣ, радикализм ва ихтилофоти сиёсиву мазҳабӣ афзоиш меёбанд, ин таҷриба метавонад ҳамчун дарси пурарзиш ва модели амалии барқарории сулҳ ба миллатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ хизмат намояд.
Аз ин рӯ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар кишвари азизи мо-Тоҷикистон, таҷлил мешавад, на танҳо ҷашни миллӣ, балки рамзи сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи умеди миллист.
Ваҳдати миллӣ поянда бод, ҳамватанони азиз!
Шарифзода Одинамо-дотсент, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ