, Шанбе, 07-июн

АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶАШНИ ТИРГОН ВА ҲАВОДИСИ МАРБУТ БА ОН

 05.06.2025 19

АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶАШНИ ТИРГОН ВА ҲАВОДИСИ МАРБУТ БА ОН

(Ба ифтихори хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи худшиносии миллӣ бахшида мешавад)

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо кӯшишу талошҳои бевоситаи фарзанди баруманди миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои миллӣ ва суннатии аҷдодии мо аз нав эҳё гардида, бо шукуҳу ҳашамати хоса таҷлил карда мешаванд.

Хушбахтона, дар баробари Сада, Наврӯз, Меҳргон, бо ташаббуси бевосита ва фармони Сарвари кишварамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тиргон низ ҳамчун яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ва форс 1-уми июл дар саросари кишвари азизамон ҳамчун рӯзи таҷлили ин маросими кӯҳанбунёд эълон гардид. Ин боз як иқдоми бузурги Роҳбари муаззами миллатамон дар масъалаи ҳувият ва худшиносии миллӣ мебошад.

Вобаста ба ташаббусҳои хирадмандона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори мактаби хештаншиносии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лозим донистем, ки чанд андешаи муқаддимотӣ ё аввалияро бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои фарҳангӣ дар хусуси Ҷашни Тиргон пешкаши хонандаи гиромӣ намоем.

Ҷашнҳои миллии таърихи кӯҳандошта ифтихори мардуми ориёитабор буда, аз фарҳанги бой ва гузаштаи пурғановати маънавии мо шаҳодат медиҳанд.

Дар хусуси Тиргон, дар муқоиса ба сарчашмаҳои таърихӣ, дар фарҳангномаҳо маълумоти бештар дида мешавад, ки мо мехостем чанд андешаи хешро доир ба ин масъала баён намоем.

Аз ҳама сарчашмаи боэътимоде, ки дар хусуси Тиргон маълумоти муфассал додааст, фарҳанги "Бурҳони қотеъ"-и Муҳаммад Ҳусайн ибни Халафи Табрезӣ мебошад, ки баъдан дар ин масъала маълумот дода хоҳад шуд.

Чуноне ки қайд намудем, Тиргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Шарҳи калимаи мазкур, мисли дигар ҷашнҳои эрониёни қадим, ба қиссаҳои осотирии ин мардум хеле алоқаманд мебошад. Махсусан, достонҳои марғуби "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ва қаҳрамонони он дар поягузории ҷашнҳои миллӣ аҳамияти калон дошта, дар бораи пайдоиши онҳо маълумоти муфассал медиҳанд. Ба андешаи банда низ, дар бештари сарчашмаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ҳам дар мавриди солшуморӣ ва иду маросимҳо, аксари муҳаққиқон ба ин асари безавол такя намудаанд.

Дар фарҳангномаҳо, масъалаи пайдоиши ҷашни Меҳргон ба муноқишаи байни Эрону Турон ва муносибати Афросиёбу Манучеҳр рабт дода мешавад.

Бо вуҷуди он ки дар хусуси ҳаводиси вобаста ба Ҷашни Тиргон доир ба шартномаи Манучеҳру Афросиёб оид ба тақсими марзҳо дар "Шоҳнома" маълумот мушоҳида нашуд, лекин бевосита қаҳрамонони он аз асари безаволи устод Фирдавсӣ мебошанд. Ва шояд дар дигар сарчашмаҳо, нашрияҳо ё нусхаи аслии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ оид ба муоҳада ва шартномаи байни Эрону Турон ва ҷашни Тиргон, тирандозии Ораш маълумоте вуҷуд дошта бошад. Аммо дар нашри "Шоҳнома", Душанбе: Нашриёти Адиб, 1990, ҷилди 1, аз саҳ. 173 то саҳ. 392, ки ба давраи зиндагӣ ва подшоҳии Манучеҳр рост меояд, дар ин маврид чизе гуфта нашудааст.

Ба ғайр аз ин, давраи подшоҳии Манучеҳр на ба давраи подшоҳии Афросиёб, балки ба пеш аз ҳукумати ӯ ва давраи ҳукумати Пашанд-падари Афросиёб рост меояд. Умуман, аз ҷилди 1, саҳ. 404 то ҷилди 5, саҳ. 411, ки давраи подшоҳии Афросиёбро дар бар мегирад, дар бораи Тиргон ягон ишора ё порчаи шеърӣ дида нашудааст.

Дар "Бурҳони қотеъ" низ ҳангоми шарҳи вожаи мазкур номи қаҳрамонони "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ оварда шудааст. Чунончи, ҳангоми шарҳи калимаи "тир", ки ба 26 маъно омадааст, дар маънои чоруми вожаи мазкур ҳам дар хусуси номи рӯз, ҳам моҳ ва ҳам ҷашн сухан рафта, чунин омадааст: «Номи рӯзи сенздаҳум аст аз ҳар моҳи шамсӣ. Нек аст дар ин рӯз дуо кардан ва ҳоҷат хостан ва ин рӯз рӯзи иди форсиён ҳам ҳаст, бино бар қоидаи куллияи эшон, ки чун номи рӯз бо номи моҳ мувофиқ ояд, он рӯзро ид кунанд ва ҷашн созанд. Ва баъзе гӯянд, ки дар ин рӯз миёни Афросиёб, ки бар билоди Эрон муставлӣ шуда буд ва Манучеҳр, ки дар қалъаи Туркистон муҳтасин гардида буд, ба ин шарт сулҳ шуд, ки як кас аз лашкари Манучеҳр ба ҳамаи нерӯи хеш тир биандозад, ҳар ҷо ки тир афтод, он ҷо сарҳад бошад. Гуянд, ки Ораш тире андохт, ки он тир ба канори оби Омун уфтод ва он сарҳад шуд ва форсиён аз накбат ва фалокат наҷот ёфтанд. Бино бар ин, дар ин рӯз аз ин моҳ ҷашн созанд ва ид кунанд. Ва ин рӯзро монанди Меҳргон ва Наврӯз муборак донанд. Ва ин рӯзро Тиргон ва ҷашни ин рӯзро Тиргон хонанд». (Бурҳони қотеъ, Душанбе: Адиб, 1990, саҳ. 303).

Шарҳи боз ҳам аниқу муфассал дар «Бурҳони қотеъ» ҳангоми тавзеҳи калимаи Тиргон мушоҳида мешавад: «Тиргон-бар вазни меҳмон-номи рӯзи сенздаҳум аст аз Тирмоҳ. Гуянд, дар ин рӯз Манучеҳр бо Афросиёб сулҳ кард, ба шарте, ки Афросиёб як партоби роҳ аз мулки худ ба Манучеҳр бидиҳад. Пас ҳукамо тире сохтанд аз рӯи ҳикмат ва дар вақти тулӯи офтоб Ораш он тирро ба камон ниҳода аз ҷониби Табаристон ба тарафи Машриқ андохт. Баъд аз таҳқиқи бисёр, тирро дар канори оби Омун ёфтанд»

(Бурҳони қотеъ, Душанбе: Адиб, 1990, саҳ. 304).

Чуноне ки маълум гашт, мафҳуми Тиргон ва ҷашни он ба масъалаи шартномаи сулҳи Эрону Турон ба манфиати тақсимоти марзии Эрон марбут аст.

Дар «Туҳфат-ул-Аҳбоб»-и Ҳофизи Убаҳӣ (Душанбе: Ирфон, 1992, саҳ. 177) низ ба маънии номи яке аз моҳҳои форсиён омадани вожаи тир ишора рафтааст, вале бо мисол ё шеъре он мушаххас нашудааст.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», нашриёти «Советская энсиклопедия», Ҷ. 2, саҳ. 364, ба маънии яке аз моҳҳои чоруми солшумории шамсӣ, ки ба 22-юми июн - 22-юми июли солшумории мелодӣ рост меояд, ишора шудааст. Дар он ҷо мисраи зерин оварда шудааст:

Зи фарвардин чу бигзаштӣ, маҳи урдӣ биҳишт ояд,

Бимон хурдоду тир, он гаҳ ба мурдодат ҳамеояд...

Аз фарҳангномаҳои муфассале, ки айни ҳол мавриди истифода қарор доранд, «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, соли 2010) иборат аз ду ҷилд мебошад. Дар ҷилди дуюми он низ вожаи тир сермаъно буда, 6 маъноро ифода намудааст. Аммо он ҷо маънои моҳи дуюми фасли тобистон на, балки маънои фасли сол, ки баъд аз тобистон ояд-яъне тирамоҳ (Ҷ. 2, саҳ. 354) зикр шудааст.

Чун аксари донишмандони муосири мо дар масъалаи ҷашнҳои қадимаи мардумони ориёитабор бештар ба андешаҳои Абурайҳони Берунӣ такя мекунанд, лозим донистем, ки чанд ишораи ин нобиғаи нотакрорро дар бораи ҷашни Тиргон ва сабабҳои вобаста ба он таъкид намоем.

Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» сабаби пайдоиши ҷашни номбурдаро ба ду ҳодиса рабт медиҳад:

  1. Муҳориба байни Манучеҳру Афросиёб ва тирандозии Орашу партоби тир ба масофаи 1000 фарсах байни Фарғона ва Тахористон аз боли кӯҳи Рӯён;
  2. Мафҳуми дахюпатӣ-фармонравои бузург, ки ба мулкдориву кишоварзӣ ҳукмронӣ мекард.

Ногуфта намонад, ки мафҳуми калимаи деҳқон дар замони ҳозира, дар шакли даҳяканом (dayhaka-nām), мутобиқати маъноиву шаклӣ бо дахюпатӣ дорад, ки дар замонҳои қадим ба маъноҳои подшоҳ, феодали бузург, ашрофзода ва ҳатто сардори сипоҳи бузург истифода мешуд.

Банда низ чанд сол пеш ҳангоми таҳлили баромади этимологии вожаи деҳқон дар яке аз мақолаҳои илмии худ дар ин бора ёдоварӣ карда будам.

Ҳамчунин, фарзияи он, ки тавассути Ҳушанг (яъне марди боҳушу донишманд), набераи Каюмарс ва писари Сиёмак, дар баробари бунёди Ҷашни Сада, ба мардум омӯзонидани пешаи кишоварзӣ ва дигар ҳунарҳо асос шуда метавонад. Ин воқеиятҳо ҷашни Тиргонро ҳамчун иди кишоварзон-оғози ғаллагундорӣ ва пухта расидани намудҳои меваҷот, ба достонҳои “Шоҳнома”-и безавол наздиктар мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар аксари сарчашмаҳои илмӣ ва адабиву фарҳангӣ ҳаводиси вобаста ба Тиргон ва ҷашни он ба қаҳрамонони осотирӣ-Манучеҳр, Афросиёб ва тирандозии Ораш нисбат дода мешавад. Аз ҷумла, дар «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ низ дар бораи муоҳадаи шартии байни Манучеҳру Афросиёб ба нафъи Эриён тавассути партоби тир ишора рафтааст.

Таомули ҷашнгирии Тиргон низ, мисли аксари ҷашнҳои мардумони ориёитабор, пеш аз ҳама ба покиза нигоҳ доштани бадан бо шустушӯи ҳамаҷонибаи андомҳо ва омода кардани хӯрок аз гандуму меваҷот вобаста будааст. Дар ин ҷашн, нақши об ҳамчун рамзи покию покрӯзгорӣ ва сарчашмаи ҳаёт хеле муҳим мебошад.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло, ҳаминро ёдовар шудан мумкин аст, ки аксари ҷашнҳои қадимаи мардумони ориёитабор, ба вижа тоҷикону форсҳо, на танҳо арзишҳои фарҳангӣ, балки арзишҳои илмӣ низ доранд. Аз нигоҳи илмӣ-фалсафӣ, метавон гуфт, ки ҷашнҳои чаҳоргона ба чор фасли сол ва чор унсури табиат алоқаманданд:

  • Сада-ба фасли зимистон, ки оташро ифода мекунад;
  • Наврӯз-ба фасли баҳор, ки хокро ифода мекунад;
  • Тиргон-ба фасли тобистон, ки обро ифода мекунад;
  • Меҳргон-ба фасли тирамоҳ, ки ба ҳаво иртибот дорад.

Яъне, ин чор унсур: оташ, хок, об ва бод, ки боиси ҳастии табиат ва ташаккули он мебошанд, ба ҷашнҳои қадимаи мардуми мо ва дигар ориёитаборон вобастагии амиқ доранд.

Дар хусуси рӯз ва моҳи таҷлили ҷашни Тиргон, қайд кардан лозим аст, ки он дар тӯли таърих вобаста ба ҳодисаҳо ва воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ тағйир ёфтааст, ки ин ба масъалаи солшумории кабиса алоқамандӣ дорад.

Ногуфта намонад, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Ҷ.1, саҳ. 523) «кабиса» чунин тавсиф шудааст: «Соли пуркардашуда; соли кабиса-соли пурраи шамсӣ, ки 366 рӯз дорад ва дар ҳар чор сол як маротиба такрор мешавад, ки ба моҳи феврал як рӯз илова мегардад».

Сабаби ба фасли тирамоҳ рост омадани ҷашни Тиргон, на ба тобистон, ба мушкилоту нобасомониҳои давраи ҳукмронии Хусрави Парвиз ва ба фаромӯшӣ супурдани ҳисобу китобҳои кабиса вобаста дониста шудааст.

 Баъдан, барои он ки ба деҳқонон ҳангоми тақсими молӣ ҷабру хисорот нарасад, солшумории кабисаро барқарор карданд ва рӯз ва моҳи таҷлили ҷашни Тиргон ба шакли аслии худ-яъне 13-уми Тирмоҳ баргардонда шуд.

Мувофиқи солшумории шамсӣ, Тирмоҳ ба нимаи дуюми моҳи якуми тобистон ва нимаи аввали моҳи дуюми тобистон мувофиқ меояд, яъне ба 22-юми июн то 22-юми июл.

Шоир Исмати Бухороӣ дар мавриди фоидаи Тирмоҳ чунин сурудааст:

Биҳиштвор машоми ҳаёт тоза кунад,

Баҳору Тирмаҳ обу ҳавои ин манзил.

Ҳамин тавр, метавон ҳадс зад, ки се вожаи ба ҳамдигар тавъам: Тир, Тиргон, Тирмоҳ таносуби маъноӣ дошта, ифодагари моҳ, рӯз ва ҷашн мебошанд, ки бештар дар шакли Тиргон ё Ҷашни Тиргон маъмуланд.

Чанд сол пеш, дар асоси солшумории шамсӣ, мувофиқ ба 13-уми Тирмоҳ, ин ҷашни куҳанбунёдро муайян карда будем, ки аз рӯи солшумории мелодӣ ба 3-4-уми июл рост меояд. Ва шояд дар асоси таҳқиқоти густурдатару дақиқтар 1-уми июл ҳамчун рӯзи таҷлили Ҷашни Тиргон муқаррар шудааст, ки мо онро бо хушнудӣ истиқбол мекунем.

Иди Тиргон ба ҳамаи мардумони ориёитабор муборак бошад!

Шермуҳаммад Тоиров, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат