, Шанбе, 07-июн

ТОҶИКИСТОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ГЛОБАЛИИ ОБ: АЗ ТАШАББУС ТО АМАЛ

 04.06.2025 16

ТОҶИКИСТОН ВА ДИПЛОМАТИЯИ ГЛОБАЛИИ ОБ: АЗ ТАШАББУС ТО АМАЛ

(Дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29-31 майи соли 2025)

Дар чанд соли охир дар ҷаҳон бисёре аз низомҳои экологӣ зери хатар қарор гирифтаанд. Мувофиқи маълумот, дар сурати наандешидани тадбирҳои фаврӣ то соли 2030 қариб 5 миллиард одам – тахминан 67 дарсади аҳолии сайёра ба мушкили танқисӣ аз оби тоза мувоҷеҳ мегардад. Чунин вазъ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар масъалаи таъмини об ва безараргардонии он ва ифлосшавӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Дар бартарафсозии ин мушкили фарогири олам аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи «Соли байналмилалии «Оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» пеш гирифта шудаанд, ки торафт аҳамияти бештарро касб менамоянд.

Ташаббуси нахустине, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, ҳанӯз дар солҳои соҳибистиқлолӣ, яъне октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ садо дод. Ташаббуси мазкур доир ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии «Оби тоза» хеле саривақтӣ буд, зеро ки дар ҳазорсолаи нав мушкилоти норасоии об бо дарназардошти тағйирёбии иқлим, яке аз мавзуъҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набзи замонро дарк намуда, бо як ташаббуси наву созандаи муҳим ва арзишманд иқдом намуд, ки бо тарафдории 148 кишвари узви ин созмони бонуфузи ҷаҳон дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи Умумии СММ бо қабул гаштани қатъномаи дахлдор (A/RES/55/196), аз 20 декабри соли 2000 оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» пазируфта шавад.

Дар чаҳорчӯби марбут ба «Соли байналмилалии «Оби тоза» рӯзҳои 29 август - 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи эълон кардани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» пешниҳод гардид.

Тайи даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои марбут ба об аз сарчашмаҳои мухталиф наздик ба як миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шуд, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби ошомиданӣ як миллиарду 51 миллион доллари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 262 миллион доллари амрикоӣ ва барои иҷрои дигар тарҳҳои обёрӣ ва таҳкими соҳил 335 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шуд. Тайи ин муддат дар кишвар дастрасии якуним миллион нафар ба оби ошомиданӣ беҳтар гардид.

Татбиқи барномаи ҷаҳонии Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005-2015, ки аз ҷониби беш аз 145 давлати дунё расман дастгирӣ ёфт, воқеан ба нафъи тамоми башарият ва ҳар фарди сайёра аст.

Ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, 20 декабри соли 2010 Созмони Миллали Муттаҳид тибқи қатъномае, ки дар ин асос қабул кард, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон намуд. Президенти Тоҷикистон бағоят муҳим будани ин масъаларо на танҳо ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт-2005-2015» ҳамчун омили пешбаранда таъкид намуд, балки онро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ омили ҳалкунанда шуморид.

Бояд гуфт, бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ баровард ва ин нуктаро ба ҷаҳониён собит намуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат менамоянд.

21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии  СММ қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», (солҳои 2018-2028)  бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.  Татбиқи қатъномаи мазкур соли 2018  аз Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об – 22  март  оғоз ёфт ва  22  марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», (солҳои 2018 - 2028)  ҳамчун идомаи мутассил ва мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», (солҳои 2005-2015), ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бевосита мусоидат хоҳад намуд.

Эълон гардидани Даҳсолаи нави байналмилалӣ – ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда, дар ин самт ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкории бештар даъват менамояд. Ба шарофати ибтикори Тоҷикистон аст, ки ҳамасола рӯзи 22 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии об ҷашн гирифта мешавад.

Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст. Аммо раванди тағйирёбии иқлим имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо монеа гардида, боиси аз меъёр зиёд об гардидани онҳо шудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз шумораи зиёди пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва  оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Зимнан, тибқи иттилои коршиносон пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст. Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%-ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад. Ташаббусҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иттифоқи оро қабул кард. Боиси ифтихор аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаммуалифии 153 кишварҳои узви СММ пазируфта шуд. Қатънома дар МУ СММ қатъномаи бесобиқа ба ҳисоб рафта, ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалиро эълон менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки дар асоси қатъномаи қабулгардида, пешниҳодҳои ироашудаи  Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Эълон шудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боэътимоди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Қатъномаи номбурда аз аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии давраи гидрологӣ гуфта, таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид мекунад. Инчунин дар қатънома омадааст, ки таъсири гармшавии ҷаҳонӣ боиси қоҳиши густурдаи креосфера шуда, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шудааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоои об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр мусоидат карда истодааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуалифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимоди комил дорад.

Басо рамзист, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои СММ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли СММ, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя низ ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлоисияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ дастгирӣ ёфт, гузаронида шуд.

Қобили тазаккур аст, зиёда аз 450 хабарнигори ВАО аз дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла 150 рӯзноманигор аз расонаҳои хориҷӣ раванди конфронсро инъикос намуданд.

Зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Пешвои миллат баргузории конфронсро қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи СММ дар бораи эълон намудани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» номиданд.

Ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо Пешвои миллат андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро зарур шумурда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд:

  • баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо;
  • таҳкими ҳамкории байналмилалӣ;
  • ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ бо мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағйирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба тағйирёбии глобалии иқлим;
  • татбиқи иқдомҳои дастаҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, бахусус таъсири он ба дастрасӣ ба об;
  • ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ;
  • ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ.

Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои СММ, ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.

Сафаров Ҳакимшо, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат