, Ҷумъа, 20-июн

НАФРИН БА ДУШМАНОНИ ВАТАН!


НАФРИН БА ДУШМАНОНИ ВАТАН!

Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нав қадам мегузорад ва ҳар фарди он агар  нангу номус дошта бошад, дар ин ҷаҳони пурҳаводис бояд ғами ояндаи миллату давлатро хӯранд. Зикр намудааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Вақте ки Пешвои миллат ҷавононро ҳастии миллат ва посдори фарҳанги миллии аҷдодӣ мешуморанд, пас ҳар яки мо - ҷавонони бонангу ори тоҷик - бояд ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи он кас бошем, ки барои ободиву шукуфоии Ватан - Модар бахшида шудааст. Мо вазифадорем, ки бо ҷону дил барои ободии сарзамини аҷдодиамон хизмат намоем.

Дар ҷаҳони сиёсат шахсиятҳо бо рафтору амалҳои худ ҷойгоҳи хос пайдо мекунанд. Яке бо амалҳои нек-муттаҳид сохтани мардум дар фазои орому осудагӣ ва адолат; дигаре бошад, бо амалҳои зишту ношоиста, ки манфиатҳои шахсии хешро болотар аз ҳама арзишҳои инсонӣ ва миллии худ мегузоранд. Онҳое, ки шарафу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳоро ба хотири пул, мансаб ва супоришҳои хоҷагони хориҷӣ фурӯхтаанд, бо рафтори пастфитрат ва беҳаёӣ радди маърака шудаанд. Ин афрод, ки бо суханони баду фитнаангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба муқобили Ватани биҳиштосоямон суханронӣ мекунанд, сазовори нафринанд-нафрин ба хоинону нотавонбинон ва нокасону душманони Ватан!

Мутаассифона, имрӯз ҷавононе низ ҳастанд, ки қадру манзалати неъматҳои бузурге чун Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро намефаҳманд. Шукронаи обу хоки ин сарзамини муқаддасро намекунанд. Баъзе ҷавонони гумроҳ ба ҷои он ки илм омӯзанд, ҳунар омӯзанд ва ба волидайнашон хизмат кунанд, худро машғули корҳои зишт-ормоншиканӣ, мардумозорӣ ва бадрафторӣ месозанд. Ин гурӯҳҳо, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона шомил мешаванд, мехоҳанд бо ақидаҳои хом ва ифротии худ нооромии ҷомеаро ба вуҷуд оранд.

Дар анҷом, боз ҳам таъкид менамоям: шахсоне, ки пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суханони хушку холӣ ва иғвогарона бар зидди Ватани маҳбубамон таблиғ мекунанд, инсони комил нестанд ва шуда ҳам наметавонанд. Чун инсони бомаърифат, донишманд ва бофарҳанг ҳеҷ гоҳ кори зиштро ба худ раво намебинад ва ҳамеша барои ободиву пешрафт талош меварзад.

Қосимов Пулод, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат