,
Панҷшанбе, 29-май
Субҳон Фозилов тамоми ҳастӣ ва умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Ӯ беш аз 62 сол аст, ки дар соҳаи маориф фаъолият намуда, саҳми арзанда дар рушду таҳкими соҳаи таълиму тарбияи ҷисмонӣ гузоштааст.
Ӯ 15 феврали соли 1942 дар деҳаи Назарбоии ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) таваллуд шудааст. Соли таваллудаш ба солҳои пурмашаққат ва сарнавиштсоз барои мардуми шӯравӣ-давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омадааст. Он солҳо зиёда аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанг ҷалб шуда буданд. Дар натиҷа, наврасон ва занон ҷойи мардонро дар хоҷагии халқ ишғол намуда, дар рушди иқтисодиёт саҳм гузоштанд. Фозилов дар чунин муҳит ба воя расида, аз овони кӯдакӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ёфт.
Соли 1949 ба синфи якуми мактаби деҳаи Назарбоӣ қадам гузошт. Варзишро аз кӯдакӣ дӯст медошт ва бештар вақти худро дар майдончаи варзишии мактаб мегузаронд. Муаллими аввалинаш Ҳабиб Баротов на танҳо дониш, балки муҳаббати ӯро ба варзиш низ парвариш намуд. Дар рӯзҳои Иди Наврӯз бо шавқу ҳавас намоишҳои "Дарвешона" ва гуштини миллиро тамошо мекард ва бо ҳамсолон гуштин, футбол ва волейбол мебозид.
Пас аз хатми мактаби миёна муҳаббат ба варзиш ӯро ба техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе бурд. Он замон донишкадаи варзиш ҳанӯз таъсис наёфта буд (он соли 1971 таъсис ёфтааст) ва техникум ягона маркази омодасозии мутахассисони соҳаи варзиш ба шумор мерафт. Устодони техникум мутахассисони баландихтисос аз тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Субҳон Фозилов ба гимнастика машғул шуда, ду маротиба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол намуд. Барои ҷавоне аз деҳаи дурдаст чунин муваффақият дар намуди варзише, ки асосан байни миллатҳои аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул буд, дастоварди бузург ба ҳисоб мерафт.
Баъди хатми техникум, соли 1964 бо роҳхат ба мактаби №3-и шаҳри Кӯлоб омад ва ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намуд. Ҳамон сол ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, дар шаҳри Кушкаи Ҷумҳурии Туркманистон, дар қисмҳои артиллерӣ хизмат кард. Дар хизмати ҳарбӣ низ ӯ пешсаф ва намунавӣ буд. Аз ҷумла дастовардҳои аъло муаррифӣ гардида, бо рутбаи сержантӣ командири батарея таъин гардид. Ба муносибати 20-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медали фахрӣ сарфароз гардонида шуд.
Пас аз адои хизмати ҳарбӣ дубора ба мактаби №3-и шаҳри Кӯлоб баргашта, фаъолияти омӯзгориашро идома дод. Ӯ фаъолона дар семинару конференсияҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, муаллифи беш аз 60 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Соли 1971 бо медали “100-солагии В.И. Ленин” сарфароз гардид, ки он замон яке аз мукофотҳои олии давлати шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ низ, дар шароити мушкили ибтидои истиқлолият, ӯ касби муаллимиро тарк накарда, бо тамоми масъулият адои вазифа менамуд.
Соли 2012, бо назардошти таҷрибаи ғании омӯзгориаш, ба ҳайси ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб даъват гардид. Аз соли 2015 то ба имрӯз ба ҳайси муаллими калони кафедра фаъолият дошта, таҷрибаи бойи омӯзгориашро ба донишҷӯён ва ҳамкорон меомӯзонад.
Қадршиносӣ аз аҳли илм, адаб ва онҳое, ки бо заҳмати содиқонаашон ба пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ба ифтихори ҷашнҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла солгарди Истиқлоли давлатӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин қишри фаъол тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуморе аз намояндагони касбу кори гуногун, бахусус устодону кормандони соҳаи маориф, ки дар тӯли фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мукофотҳо, унвонҳо ва ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Ин ташаббус бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст.
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2023, дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, зимни таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати кишвар дар корҳои ободонӣ дар шаҳри Кӯлоб - Азим Иброҳим, устоди муҳтарами соҳаи маориф Фозилов Субҳонро бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонид. Ин мукофот ба нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба 62 соли хизмати содиқонаи ӯ дар соҳаи маориф, саҳми беандозаи ӯ дар тарбияи насли бедордилу солим ва ояндасози Ватан супурда шуд.
Қадрдонии чунин шахсиятҳои фидоӣ на танҳо нишони эътирофи хизматҳои онҳо, балки ташвиқ ва омили илҳомбахши насли наврас барои пайравӣ аз роҳи неки омӯзгорони асил мебошад.
Файзиев Пулодҷон, Шамолов Нусратулло- омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ