,
Панҷшанбе, 29-май
Дар таърихи инсоният рӯзҳое ҳастанд, ки на танҳо хотирмон, балки сарнавиштсозанд. Яке аз чунин рӯзҳо - 25 май мебошад, ки ба ҳайси Рӯзи ҷаҳонии футбол расман аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардид. Хушбахтона, муаллифи ин пешниҳод яке аз фарзанди Тоҷикистон - Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад, ки санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсуси худ рӯзи 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футболо элон кард. Ин иқдом на танҳо ба ҷаҳони варзиш, балки ба номи Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори сулҳу ҳамбастагӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маънии нав бахшид.
Имсол (соли 2025) нахустин бор ҷаҳон ин санаи муҳиму рамзиро ҷашн мегирад - рӯзе, ки на танҳо футболи касбӣ, балки футбол ҳамчун василаи фарҳанг, тарбия, дӯстӣ ва сулҳ арҷгузорӣ мешавад.
Футбол, бешубҳа, беш аз як бозии варзишист. Ин забонест, ки онро кӯдак дар кӯчаи шаҳри Теҳрон мефаҳмад, ҷавон дар кӯҳистони Непал эҳсос мекунад ва марде дар деҳаи тоҷикнишини Бадахшон бо он зиндагӣ мекунад. Забоне, ки сухан намегӯяд, балки амал мекунад. Забоне, ки ҳудуд намешиносад, миллат ҷудо намекунад ва фақат як арзишро мегузорад-инсон будан ва якҷо будан.
Пешниҳоди муосири ҷорӣ намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, дар замоне сурат гирифт, ки ҷаҳон бештар аз ҳар вақти дигар ба ваҳдату сулҳ ва муҳити солими равонӣ ниёз дорад. Ин рӯз ба мо ёдовар мешавад, ки чӣ гуна футбол метавонад як муъҷизаи иҷтимоӣ бошад.
Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки кишвари ҷавон ва рӯ ба рушд аст, тавонист бо пешниҳоди ахлоқӣ ва арзишмандаш - таъсис додани Рӯзи умумиҷаҳонии футбол, ба саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ ворид гардад. Пешниҳоде, ки аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ироа шуд, ба таври расмӣ дар СММ қабул гардид ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми муҳим ва арзишманд пазируфта шуд.
Ин иқдом бори дигар собит кард, ки Тоҷикистон дорои нигоҳи бузург ба масоили байналмилалӣ аст ва метавонад дар миқёси ҷаҳонӣ низ нақши мусбат ва созанда бозад. Инчунин он шаҳодат медиҳад, ки футбол дар кишвари мо танҳо бозӣ нест, балки ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ мебошад.
Ин рӯз ҳамчун рамзи орзуву умедҳои наслҳои ҷавон таъриф мешавад. Дар гӯшаву канори дунё миллионҳо наврас бо як орзу футболбоз мешаванд: орзуи расидан ба комёбӣ, шинохта шудан, ифтихори миллат шудан. Футбол ба онҳо имкон медиҳад, ки зиндагиашонро дигар кунанд-мисли бисёре аз ситораҳои имрӯза, ки аз хоки маҳаллаҳо ба шӯҳрати ҷаҳонӣ расиданд.
Рӯзи ҷаҳонии футбол бо чунин маънӣ ҷашн гирифта мешавад: эҳтиром ба ҳар кӯдаке, ки бо тӯб орзу мекунад; ба ҳар волидайн, ки фарзанди худро ба майдон мебарад; ба ҳар тамошобине, ки бо футбол нафас мекашад.
Футбол, бо вуҷуди он ки як бозии варзишист, дорои хусусияти таълимӣ ва тарбиявии бузург мебошад.
Он инҳоро меомӯзонад:
Интизом ва субот;
Ҳамкорӣ ва эҳтироми дастаҷамъӣ;
Ғолибият бо садоқат ва мағлубият бо ифтихор;
Сабр ва интизори натиҷаи адолатманд.
Ҷавонон дар муҳити футбол одоби муошират, эҳтироми рақиб ва арзиши меҳнатро меомӯзанд. Онро метавон василаи пурқудрати тарбияи шаҳрвандии ҷавонон номид.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, солҳои охир дар Тоҷикистон соҳаи футбол ба таври назаррас рушд кардааст. Аз ҷумла:
- Таъсиси лигаи касбии наврасон ва навҷавонон;
- Сохтмон ва таҷдиди майдонҳои муосир дар шаҳру навоҳӣ;
- Иштироки мунтазам дар чемпионатҳои Осиё ва Осиёи Марказӣ;
- Ташкили барномаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ барои мураббиён ва доварон;
- Рушди футбол миёни бонувон ва ташкили мусобиқаҳои махсус.
Бо ин заминаи устувор, Тоҷикистон метавонад дар чанд соли оянда ба яке аз марказҳои минтақавии футбол табдил ёбад.
Имрӯз бештари кишварҳо футболро ҳамчун воситаи муҳими тарбиявӣ эътироф мекунанд. Дар Тоҷикистон низ футбол дар ҳаёти ҷавонон нақши бузург дорад. Барномаҳои варзишии мактабӣ, мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, ташкили лигаҳои наврасон ва баргузории бозии дӯстона миёни мактабҳо ва донишгоҳҳо ҳамаи ин далели таваҷҷуҳи давлат ба рушди ин соҳа аст.
Мураббиёни футбол мисли омӯзгорон тарбиягари ахлоқ, интизом ва ҳамбастагии ҷавонон ҳастанд. Чорабиниҳои варзишӣ дар зеҳни ҷавонон эҳсоси ватандӯстӣ, масъулият ва меҳнати дастаҷамъонаро ташаккул медиҳанд.
Имрӯз футбол бештар аз як варзиш аст-дипломатия аст, нармкунии муносибатҳост, василаи сулҳ ва ҳамзистии инсонҳост. Дар вазъияте ки ҷангу низоъҳо ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, футбол метавонад марзҳоро бишканад ва одамонро бо ҳам орад.
Дар таърихи башарият ҳолатҳое буданд, ки футбол дар маънои ҳақиқӣ сулҳ овард. Яке аз чунин мисолҳо бозии дӯстонаи дастаҳои Фаронса ва Олмон баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аст, ки ҳамчун рамзи оштӣ ва эҳтироми мутақобил пазируфта шуд.
Дар бисёр кишварҳо, вақте ки сиёсат ва иқтисод мардумро аз ҳам ҷудо мекард, футбол марзҳоро шикаст ва дилҳоро ба ҳам пайваст. Мисли он ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2018 дар Русия, дастаҳои аз кишварҳои мухталиф бо эҳтиром ва эҳсоси дӯстӣ бозӣ карданд ва ҷаҳонро ба фазои ягонагӣ оварданд.
Созмони Милали Муттаҳид низ футболи имрӯзаро ҳамчун «василаи сулҳи нарм» эътироф мекунад. Бинобар ин, 25 май-Рӯзи ҷаҳонии футбол, на танҳо рӯзи тӯбу майдон, балки рӯзи сулҳ, фаҳмиш ва эҳтироми якдигар низ ҳаст.
Футбол зиндагист. Он метавонад кӯдакро аз кӯча ба майдон орад, ҷавонро аз рӯҳафтодагӣ ба умед оварда расонад ва миллатҳоро аз тафриқа ба ягонагӣ расонад. Эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Тоҷикистон-таърихи бо ифтихорест, ки набояд фаромӯш гардад.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бори аввал ин рӯзро таҷлил мекунад, номи Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ ҳамчун пешоҳанги ин иқдом дар хотирҳо сабт мешавад. Ин барои ҳар як шаҳрванди тоҷик мояи ифтихор ва умед ба ояндаи дурахшони варзиш дар кишвар аст.
Биёед, ин рӯзро на танҳо ҳамчун як ҷашн, балки ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ҷашн гирем.
Зинда бод Рӯзи ҷаҳонии футбол!
Зинда бод Тоҷикистон!
Сафаров Ширинҷон, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ