,
Шанбе, 24-май
Таърих гувоҳ аст, ки кишвари дорои ҷавонони бедордилу донишманд, худогоҳу хештаншинос ояндаи дурахшону пурсаодате хоҳад дошт. Бо дарки ҳамин масъала дар меҳани азизи мо-Тоҷикистон, тамоми тадбирҳо ва иқдомоти арзандаву шоистаи таҳсин ҷиҳати ба таълиму тадрис фаро гирифтан ва насли хештаншиносу худогоҳ ба воя расидани ҷавонон рӯйи даст гирифта шудааст.
Тоҷикистон-кишвари ҷавон, вале дорои таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғанӣ, имрӯз бо такя ба насли наврасу ҷавони худ роҳи рушди босубот ва устуворро тай мекунад. Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият то ба имрӯз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри нерӯмандро чун такягоҳи умедбахши давлат ва кафили пойдории миллат шинохта, сиёсати ҷавонпарваронаро ба яке аз самтҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон табдил додаанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реша дар ваҳдати миллӣ ва эҳёи андешаи миллӣ дорад. Баъди касби истиқлолият, масъалаи ташаккули сиёсати муназзами давлатии ҷавонон дар меҳвари барномаҳои стратегӣ қарор гирифт. Таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ дар ин самт заминаи ҳуқуқию ташкилӣ ва сиёсиро фароҳам овард.
Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон аз аввалин кишварҳои пасошӯравӣ сиёсати давлатии ҷавононро расман ҳамчун бахши мустақили давлатдорӣ шинохт. Ҳамин сиёсати хирадмандонаву маърифатпарварона буд, ки ҷавононро на танҳо аз гирдоби бесоҳибӣ наҷот дод, балки онҳоро ба арсаи маърифат, илм, тарбия ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Аз таълимоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби сиёсии ҷавонон ҷиҳати ҳамчун ҳомиёни марзу буми Ватан ва пайравони асили сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар ба воя расидани онҳо маълум мегардад, ки “Ҷавонон бояд соҳибмаърифат, худогоҳ, ватандӯст ва пайрави арзандаи гузаштагони фарзона бошанд”.
Ин гуфтаҳо на танҳо шиори роҳнамо, балки бозгуи ҷавҳари асилии сиёсати амалии Роҳбарияти кишвар аст. Соли 2017 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат “Соли ҷавонон” эълон шуд, ки оғози марҳалаи нави муносибати фарогири давлат бо ин табақаи калидии ҷомеа гардид.
Илова бар ин, таъсиси озмунҳои сатҳи баланд бо сарпарастии бевосиати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, инчунин Форумҳои ҷумҳуриявии ҷавонон, барномаҳои миллӣ барои дастгирии иқдомҳои навоваронаи ҷавонон, таъсис ва густариши грантҳову квотаҳои президентӣ барои ҷавонони соҳибистеъдод, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сафарҳои кории Пешвои миллат ба ноҳияҳо ва зимни он ташкилу баргузории вохӯриҳои судманду роҳнамоикунанда бо ҷавонон - шаҳодати онанд, ки ин сиёсат рӯи коғаз намондааст, балки бо ҳидоятҳои созандаи Сарвари хирадрою маърифатпарвар дар амал татбиқ мегардад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат дар ҳама арсаҳо нақши намоён доранд. Дар самти сиёсӣ, ҷавонон ҳамчун вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва парлумонӣ, кормандони мақомоти давлатӣ ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ фаъолона ширкат мекунанд. Дар бахши фарҳанг, насли ҷавон мероси гаронбаҳои фарҳанги миллиро ҳифз намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Инчунин дар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, варзиш ва соҳибкорӣ ҳам саҳми назаррас доранд. Ҳазорон нафар мутахассисони ҷавон имрӯз дар дастгоҳҳои давлатӣ, марказҳои илмӣ, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ ифтихори Тоҷикистонро ҳимоят мекунанд.
Ин қишри умедбахшу ватандӯст сиёсати Пешвои миллатро ҳамчун роҳи ягонаи бунёди давлати муосир ва ҷомеаи адолатпарвар ҷонибдорӣ мекунанд. Ин ҷонибдорӣ танҳо дар сухан нест, балки дар амали ҳаррӯза-аз ҳифзи сарҳад то иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ, аз раванди таълим то ширкат дар маъракаҳои сиёсии кишвар, аз майдониҳо варзишии меҳан то ҳунарнамоиҳои ҷолибу диданӣ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ ва дар ин зимн барафрохтани парчами давлат таҷассум меёбад.
Ҷавонони мо ҳамчун ҳомиёни ҳақиқии марзу буми кишвар, бо дили пур аз ифтихори миллӣ, аз истиқлол, арзишҳои фарҳангӣ ва арзишҳои конститутсионӣ масъулиятшиносона дифоъ мекунанд.
Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки имрӯз садҳо лоиҳаи волонтёрӣ, барномаҳои ташаббускоронаи иҷтимоӣ, ободкориҳо ва ҳашарҳои оммавӣ бо роҳбарии ҷавонон баргузор мешаванд. Аз бунёди китобхонаҳо, толорҳои фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ то боғҳои истироҳатӣ ва амалиёти табиатпарварӣ - ин ҳама иқдомҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар амалан идома доранд. Шодиовар ва умедбахшанда аст, ки ҷавонон бо ҳушмандӣ ва худбоварӣ роҳи ободии Ватанро интихоб намудаанд ва бовар доранд, ки насли нав метавонад Тоҷикистонро ба қуллаҳои баланди тараққиёт бирасонад.
Ҷойи ифтихор ва шоистаи таҳсину лоиқи шукргузорист, ки имрӯз аз самари сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як ҷавони кишвар шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ, иштирок дар олимпиадаҳо ва муаррифии истеъдодҳо фароҳам аст. Бо таъсиси муассисаҳои нави таҳсилоти олӣ, коллеҷҳо, марказҳои омӯзиши забон ва технология, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, садҳо ҷавон дар хориҷи кишвар таҳсил карда, таҷриба ва донишро ба Ватан меоранд. Ин ҳама иқдомоту тадбирандешиҳо дар нисбати ҷавонон гувоҳ бар он аст, ки давлат ба ин қишри нерӯманду муедбахш ҳамчун сармояи стратегӣ ва захираи рушди миллӣ менигарад ва ҳалли масоили марбут ба онрҳоро самти афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат медонад.
Дар умум, имрӯз ҷавонони тоҷик бо дарки масъулияти фарзандӣ ва соҳибони имрӯзу ояндаи ин марзу буми аҷдодӣ дар ҷодаи хирад, худшиносӣ ва ватандӯстӣ қадамҳои устувор мениҳад. Онҳо чун пайравони асили Пешвои миллат, ҳомиёни сарзамини муқаддаси тоҷикон ва бунёдгари ояндаи давлат пайи талош ва касбу ҳунаранд. Мутмаинан, бо чунин насли бедордилу созанда, ки шукронаи сулҳу ваҳдати миллиро медонанду ба ҷо меоранд, таъкиду ҳидоятҳои оқлилонаи Роҳбарияти олии онро чун шиори зиндагиву нукоти созанда пайгирӣ менамоянд, Тоҷикистон, бешак ба марҳалаи нави шукуфоӣ, ба фатҳи қуллаҳои баланди давлатдориву давлатсолорӣ ворид хоҳад шуд.
Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек дар чунин фазои созанда ва саршор аз ғамхорӣ, вазифаи мо ҷавонон на танҳо дар шукргузорӣ аз ин дастовардҳост, балки дар татбиқи содиқонаи ҳадафҳои миллӣ, пайравии амалии сиёсати Пешвои миллат, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши илмҳои муосир ва бо эҳсоси масъулияти бузург ба хизмати софдилонаю садоқатмандона барои Ватан, омода будан мебошад.
Нозимова Ибодатхон-ассистенти кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ