, Шанбе, 24-май

КИШВАРИ ҶАВОНӢ

 23.05.2025 20

КИШВАРИ ҶАВОНӢ

“Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дарёи хурӯшон, баҳори гулафшон, афсонаи зебост ҷавонӣ. Дунёи ҷӯшу хурӯш, олами панд ва сарфарозиҳост дунёи ҷавонӣ.

Ҳар нафаре ба таври худ ҷавониро паси сар мекунад. Нафаре бо сарбаландӣ, хештаншиносӣ, комёбӣ, муваффақият, дигаре ба хорию зиллат ва раҳгумӣ... Вале аксари ҷавонони ҳушёрдил ва ватандӯсти кишвар дар ҷодаҳои гуногун бо гомҳои устувор роҳпаймоӣ намуда, саҳми хешро дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз мегузоранд.

Дар воқеъ, ҷавонон ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи идеологӣ як гурӯҳи пурэнержӣ, серҳаракат, қобили меҳнат ва ояндаи ҳар давлату миллатанд. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар такя намуда, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992) имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр, 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъғиру иловаҳо ворид гардида, майдони фарохеро барои ҷалби кадрҳои ҷавон ба мансабҳои роҳбарӣ боз кард. Соли 2017 бо ташаббуси Сарвари давлат дар кишвар “Соли ҷавонон” эълон карда шуд, ки барои ҷавонон имконоти зиёдеро ба бор овард. Ин соли таърихӣ барои ҷавонон руҳияи дигар бахшид, саодатмандию бурдбории онҳо дар ҳама самтҳои кор, зиндагӣ ва фаъолият боз ҳам боло рафт.

Идомаи ҳамин сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамасола 23-Май дар саросари кишвар Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳи ба худ хос таҷлил мегардад.

Ногуфта намонад, ки қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон ва қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил мекунанд ва месазад, ки Ватани азизамонро “Кишвари ҷавонӣ” биномем.

Имрӯз ҷавонони кишвар дар ҳама қишрҳои ҷомеа, сар карда аз иншооти бузурги аср неругоҳи барқи обии Роғун, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, соҳаи тандурустӣ, маориф, илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, варзиш бо як ҳисси баланди масъулият барои Ватани азизи хеш кор карда истодаанд.

Ҳамасола дар мамлакат барои ҷавонон ва наврасон озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки басо арзишманд мебошанд. Бо амри Президенти кишвар дар ҷумҳурӣ озмунҳои гуногун аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, “Беҳтарин донишҷӯи сол” ва дигар озмунҳо доир мегарданд, ки мақсад аз баргузории онҳо баланд бардоштани инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд гардидани суханварию сухандонӣ, хоҳиши китобхонӣ, бой гардидани захираи луғавӣ, тақвият бахшидани ҳуввияти миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон мебошад.

Шуруъ аз соли 2019 аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардида, садҳо чеҳра ва истеъдодҳои нодирро “рӯйи об баровардааст”. 

Президенти кишвар дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26.12.2019 иброз доштанд, ки “ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад”, ки яке аз ҳадафҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” маҳз амалисозии ”Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба шумор меравад.

Инчунин дар кишвар барои ҷавонон ва наврасон стипендия ва квотаҳои президентӣ таъсис дода шудааст. Яке аз онҳо Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” мебошад. Аз соли 2009 инҷониб тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти кишвар - “Дурахшандагон” беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҳсил намудаанд.

Барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқат ва ҳавасмандии олимони ҷавон ҳанӯз соли 1998 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд. Ин ҷоиза ба мақсади рушди инкишофи иқтидори илмии ҷумҳурӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон таъсис ёфта, ҳамасола ба 12 нафар олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом медиҳанд, тақдим мегардад. То имрӯз беш 200 нафар олимони ҷавон ба дарёфти ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардидаанд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани хонандагон ва донишҷӯёне, ки рафтори намунавӣ ва хониши аъло доранд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, аз соли 1998 ин ҷониб Стипендияи Президенти мамлакат таъсис дода шуда, гирандагони ин стипендияро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи озмун муайян мекунад.

Таъсиси Квотаи президентӣ барои ҷавондухтарон ва ҷавонписарони мамлакат як воқеаи фараҳбахши дигарест. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони болаёқати деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ ва ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равона шуда, воқеан ҳам имтиёз ва туҳфае аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони деҳоти дурдаст мебошад.

Ҷавонони кишвар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, Ватани азизи хеш Тоҷикистонро сидқан дӯст медоранд ва ба он ифтихор мекунанд. Онҳо медонанд, ки мисли як қатраанд, агар “дарё”-и онҳо- Тоҷикистон набошад, ҳамон як қатра хоҳанд монд ва барои ҳамин ба қадри сулҳу оромӣ, истиқлолу озодӣ мерасанд. Чӣ тавре ки Муҳаммад Иқбол мегӯяд:

Қатра дарёст, агар бо дарёст,
Варна он қатраву дарё дарёст.

Ноҳира Ҳақназарзода, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат