,
Шанбе, 24-май
«Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Агар ба таърихи даврони Истиқлолият назар афканем, равшан мегардад, ки нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа муҳим ва калидӣ мебошад. Онҳо чун пайвандгари наслҳо, ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор дар иҷрои ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ саҳми назаррас доранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Ҷавонон бузургтарин нерӯи созандаву бунёдкори тамоми давру замонҳо буданд. Онҳо воқеан як навъ пуле маҳсуб мешаванд, ки дар миёни имрӯзиёну пасомадон қарор дошта, ҳомили ҷаҳонбинӣ, ақоиди ахлоқиву ғоявӣ ва шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ мебошанд. Маҳз ҷавонон дар аксари самтҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро муайян месозанд. Вазъи иҷтимоиву тамоюлҳои ҳаёти ҷавонони имрӯза дар кадом сатҳу ҳолате бошад, фардои ҷомеа низ чунин хоҳад буд».
Ин гуфтаҳои ҳакимона аз зарурати тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба илм, фарҳанг, маориф ва тарғиби арзишҳои инсонӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар баробари дӯст доштани Ватан, инчунин бояд маърифати иҷтимоиву ахлоқии ҷавононро таҳким бахшид. Илм, ҳамчун шакли олии маърифат, бо дигар намудҳои шинохт ва дониш иртиботи зич дошта, заминаест барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон.
Нақши ҷавонон дар таърихи инсоният, бахусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамеша барҷаста буда, аксаран дар пешрафт ва дифои Ватан нақши қаҳрамонона мебозанд. Бо дарки ин муҳимият, 27 майи соли 1997, бо қарори №240 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёфт, ки мақсад аз он таҳкими робитаи давлат бо насли нав ва пуштибонии амалии онҳо буд.
Фаъолияти Кумита ва сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти ҷавонон, ба таври равшан тавассути санадҳои зерин таҷассум ёфтааст:
Ин тадбирҳо шаҳодати равшани ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошанд. Ҳамзамон, ҷавобан ба ин ғамхориҳо, ҳар як шаҳрванди худшинос бояд дар боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва пешгирии хатарҳои идеологӣ, махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ, саҳмгузор бошад.
Зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ, ки имрӯзҳо аз тариқи расонаҳо ба таври васеъ паҳн мешаванд, моро ҳушдор медиҳанд, ки бояд бо зиракиву заковати сиёсӣ, фарҳанги баланди шаҳрвандӣ ва таълиму тарбияи солим бо ин падидаҳои номақбул муқобила кунем. Терроризм, ки аз калимаи лотинии terror (тарс) гирифта шудааст, имрӯзҳо ба як падидаи воқеии таҳдидовар табдил ёфтааст. Аммо дар муқобили ин таҳдидҳо, маҳз иттиҳоду якдигарфаҳмии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дониши муосир метавонад онҳоро аз ин гирдоби хатар наҷот диҳад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати фарҳангсолору сулҳҷӯ, бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар арсаи фарҳанг ва маърифат, барои насли нав мактаби ватандӯстиву худшиносӣ бунёд намудааст. Рӯзҳои Рӯдакихонӣ, Шоҳномахонӣ, Румихонӣ - инҳо рамзҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сарчашмаи ифтихори ҷавонон мебошанд.
Ҳар Паёми солонаи Пешвои миллат барои ҷавонон паёми умеду ифтихор ва рӯҳбаландӣ аст. Воқеан, агар рӯҳи ҷавонон дар муҳити ватандӯстӣ ташаккул ёбад, онҳо ба нерӯи пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа табдил меёбанд.
Дар ҳамин замина, ташкили чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, баргузории озмунҳо, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ метавонанд ҳамчун воситаи муассири баландбардории сатҳи маърифатнокӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандии ҷавонон хизмат кунанд. Аз ҷумла:
Имрӯз ҷавонони тоҷик варзишгар, ихтироъкор, ҳунарманд, олим ва тоҷир буда, бо фаъолияти худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд. Мо бояд ин ифтихорро ҳифз ва рушди минбаъдаи онро таъмин намоем.
Бунафша Шарифова - омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ