, Панҷшанбе, 22-май

СУЛҲУ ВАҲДАТ-ОМИЛИ САОДАТМАНДИИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

 20.05.2025 21

СУЛҲУ ВАҲДАТ-ОМИЛИ САОДАТМАНДИИ ҶАВОНОНИ КИШВАР

Ваҳдат-ҳамчун вожаи гаронарзиш аз дуриҳои таърих мардумонро ба якдилию ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сулҳу осоиш даъват менамояд. Ваҳдат пояи асосии устувории ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат халқи кишвар метавонанд осуда кору фаъолият намуда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошанд. Маҳз ваҳдати миллӣ маҳаки асосии эҳё ва рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон, ташаккулдиҳандаи тафаккур ва маърифати онҳо арзёбӣ мегардад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуданд:

«…Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳилаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем».

Таҷлили ҳамасолаи Созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, ки ба 27 июни соли 1997 рост меояд, барои мардуми Тоҷикистон бисёр азизу мукаррам аст. Баъди ба даст овардани Истиқлолият, ин сана, ки бо унвони «Рӯзи ваҳдати миллӣ» эътироф мешавад, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ва кулли тоҷикони дунё маҳсуб меёбад.

27 июни соли 1997 барои ҷавонони мо чун як санаи муқаддас, рӯзи таърихӣ ва зиёда аз ҳама чун як воқеаи тақдирсоз мавқеву мақом дорад. Ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои манфиатбахш, таъмини онҳо бо ҷойҳои кории мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсиву маърифатӣ, ҳуқуқӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод иқдомест барои таҳкиму тантанаи ваҳдати миллии кишвар ва ризоияти ҷомеаи шаҳрвандии мо.

Бо имзои созишномаи сулҳ, фазои ороми сиёсӣ дар кишвари мо арзи ҳастӣ дорад. Акнун ба ҳар яки мо - ҳам роҳбару қонунгузор, ҳам олиму омӯзгор, ҳам донишҷӯ, ҳам коргару деҳқон лозим аст, ки ин оромӣ - ваҳдати миллати тоҷик, якдигарфаҳмию ҳамрайъии тамоми халқҳои Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар назди ҳар яки мо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, вазифаҳои муҳиму масъулиятнок, пеш аз ҳама - ободкориву созандагӣ меистад. Ин ваҳдату муттаҳидӣ аст, ки метавонад ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ берун созад.

Маврид ба ёдоварист, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ нокифоягии савияи идроки сиёсӣ буд. Қабл аз ҳама, мо - ҷавонон бояд аз он ҳодисаҳои пурфоҷиа, ки асосан ҷавононро дар гирдоби ҳалокатбори худ қарор дод, сабақ гирем, хулосаҳои зарурӣ барорем ва дар оянда бо маърифати баланди сиёсӣ ба чунин иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ надиҳем. Талқини фарҳанги сиёсӣ аз омилҳои асосии пешрафти кишвар ба ҳисобрафта, дар ин самт мавқеи воситаҳои ахбори умум низ хеле арзишманд мебошад.

Сулҳу ваҳдати миллӣ дар умқи зеҳни ҷавонон бо ранги тозаю самимӣ дурахшон гардид. Зеро нақшу мақоми он дар ҳаёти ҷавонони кишвар махсусан бузург аст. Аз таърихи начандон дури миллати тоҷик пайдост, ки маҳз дар оғози марҳалаи истиқлолият ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии асосии ин набарди холӣ аз мазмун нерӯи бузурги ҷавонон буданд, ки ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифтор шуданд.

Танҳо ҳиммати хирадмандонаву фарзонадонаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати моро аз ин фоҷиаи беамон наҷот бахшида, барои ҷавонони кишвар ҳаёти осоиштаву гувороро эҳдо намуд. Дар ин замина такя ба қудрати зеҳнӣ ва заковату маърифати ҷавонон аз падидаҳои муҳими сиёсие ба шумор меравад, ки имрӯз дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.

Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз мулоқотҳо бо намояндагони ҷавонони кишвар ин нуктаро мушаххас чунин тавзеҳ доданд:

«…Мо ба масъалаҳои ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд. Бинобар ин, шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед».

Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он - пеш аз ҳама, беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст.

Дар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар қаламрави мамлакат муҳити тозаву созанда ва рушдкунанда фароҳам омад. Баргузории мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонон ва эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ метавон самараи ин ҳуҷҷати саодатбахши миллат ва меваи ваҳдати миллӣ эътироф кард. Танҳо таҳлили як марҳилаи кӯтоҳи ҳаёти ҷавонон бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар, дар рӯзгори насли ҷавони Тоҷикистон, падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайваста истодаанд.

Бешубҳа, ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлат, сохтмонҳои бузурги аср - аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» - ва дар пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Бино ба иттилои манбаъҳо, танҳо дар соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли ҷомеа як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамзамон, таҳсилоти ҷавонони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои пешрафта, фаъолияти онҳо дар созмонҳои маъруфи байналмилалӣ ва касб намудани донишу малакаҳои баланди муосир - ин ҳама самараи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар ин росто, дастовардҳои беназири ҷавонпаҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж-2024, аз ҷумла: Давлат Болтаев (аз риштаи муштзанӣ), Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов (ҳар ду аз риштаи ҷудо), ки сазовори ҷойҳои фахрӣ ва медалҳои биринҷии ин олимпиадаи ҷаҳонӣ гардиданд, боиси ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад.

Самараи сиёсати сулҳпарваронаи Роҳбарияти олии кивар, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷавонони мо имрӯз аз шароити хуби таҳсилу кор бархӯрдор мебошанд. Айни ҳол ҷавонон аз файзи ваҳдати миллӣ имкон доранд, ки роҳи ормонҳои худро тай намоянд, дар кишварҳои хориҷ ҷиҳати камолоти тахассусии худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Духтарону писарони навоҳии кӯҳистон тариқи квотаҳои Президентӣ дар макотиби олии дилхоҳи худ таҳсил намоянд, аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи ҷаҳони муосир истифода баранд ва худро ҳамчун ҷавони ояндасозу худшинос ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Раънои Нуралӣ - омӯзгори кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат