,
Шанбе, 10-май
Таҷрибаи зиндагӣ собит менамояд, ки баҳри ба камол расидани шогирдон устод чун шамъ месӯзад ва бо зиёи дониш ва нури илму маърифат ҷаҳонро равшанӣ мебахшад. Муасаллам аст, ки барои аз хоби ноз бедор шудани табиат, фасли баҳор бо ҳавои дилфиребаш зарур бошад, баҳри бедории инсон омӯзгор лозим аст, ки инсон бо дониш ва соҳибмаърифат ба камол расад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки омӯзгорон нерӯи пешбарандаи кишварамон ба ҳисоб мераванд.
Дар зиндагӣ шахсоне пайдо мешаванд, ки бо дониш ва маҳорату малакаи нотакрори хеш корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки арзиши баланд доранд ва ин қобилияташонро боиси ифтихор гӯем ҳам хато намекунем, зеро онҳо тавонистаанд дар замири шогирдон бо донишу малака ва хислатҳои наҷиби инсонӣ меҳри касби интихобкардаашонро ҷой намояд. Аз зумраи чунин шахсон зиёии хирадафрӯз, омӯзгори синасӯз Аълочии маорифи Тоҷикистон, дотсент Талбаков Қурбон Чилаевич мебошад. Мавсуф 10 ноябри соли 1956 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Москваи (ҳозира ноҳияи Ш. Шоҳин) вилояти Кӯлоб (ҳозира вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1964 дар мактаб-интернати ноҳияи Восеъ ва баъди синфи панҷум соли 1968 то соли 1974 дар мактаб-интернати «Коммунизм»-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи собиқ Москва (ҳозира ноҳияи Ш. Шоҳин) таҳсилро давом дода, баъди хатми он соли 1974 ба факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1979 онро бомуваффақият аз рӯи ихтисоси «филолог-шарқшинос ва ихтисоси иловагӣ-забони англисӣ» хатм намуд. Аз моҳи августи соли 1979 то моҳи марти соли 1981 ба ҳайси муаллими забони англисии мактаби рақами 14-и ноҳияи Кӯлоб кору фаъолият дошт. Аз моҳи апрели соли 1981 то декабри ҳамин сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттифоқи Советӣ ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Афғонистон адои вазифа кардааст. Аз моҳи августи соли 1982 то нафаси вопасини худ фидоии соҳаи маорифи ҷумҳурии азизамон буда, дар вазифаҳои гуногуни Донишкада ва баъд Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то декабри соли 1993 аспиранти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев (ҳозира ба номи С. Айнӣ) буд. Соли 1993 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи «Тарбияи сифатҳои маънавии донишҷӯён дар дарсҳои забони хориҷӣ (англисӣ)» дифоъ намуд. Мавсуф дар вазифаҳои омӯзгор, муаллими калон, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ адои вазифа кардааст. Муаллифи се монография, мақолаҳои зиёди илмӣ ва коркардҳои методӣ буданд. Соли 1996 то августи соли 1997 курси баландбардории ихтисосро аз забони англисӣ ва технологияҳои муосир дар Британияи Кабир гузаштааст. Аз 6 июни соли 1997 ба ҳайси директори маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав фаъолият кардааст. Соли 2001 бо заҳмату талошҳои зиёди ин шахси наҷиб факултети забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кушода шуд ва бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбаков Қурбон аввалин декани факултет таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа фаъолият намуда, аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мукофотонида шуд. Дар давраи ба ҳайси декани факултет фаъолият кардан ҷомеаи меҳнатиро барои бунёди фазои солиму созандаи корӣ муттаҳид гардонид. Бо муаллимони беҳтарини факултет Собирова Уғулбӣ, Сайдамирова Муқаддас, Муродов Баҳриддин, Миралиев Рустам, Муродов Шариф ва дигарон якҷоя кор карда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми муносиб гузоштааст.
Барои хизматҳои шоён дар Ҷумҳурии Афғонистон бо мукофотҳои давлатӣ: «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», аз номи Президиуми совети олии СССР, аз тарафи комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии СССР, аз 28 декаб- ри соли 1988 барои мардонагӣ ва шуҷоатмандии ҳарбӣ зоҳир кардан ҳангоми иҷро намудани қарзи башардӯстона дар Ҷумҳурии Афғонис- тон мукофотонида шуд.
Инчунин, лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи навини кишвар, бахусус дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ дар тарбияи насли наврас нақши созгор гузоштаанд. Бешубҳа, як омӯзгор бо вуҷуди нооромӣ ҳайёти худро зери хатар гузошта, хешро ба хидмати халқ мебахшад, лоиқи тавсифу ситоиш аст. Бояд ёдрас шуд, ки бо оғози ҷанги таҳмилӣ муассисаҳои таълимии миёна ва олии кишварамон бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда будаанд, инчунин омӯзгорон маоши ночиз мегирифтанд. Аммо дар ин давра Қурбон Талбаков аз кор кардан бо коллективи Донишгоҳ даст накашид. Барои ҷонок шудани кор дар факултет кушишҳои зиёде мекард, аз ҷумла соли 1996 бори аввал ворид намудани технологияи нав ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, соли 1997 кушодани маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав дар Донишгоҳ, инчунин соли 2001 кушодани факултети филологияи хориҷӣ дар Донишгоҳ аз самари талошҳои ӯ ба ҳисоб меравад.
Гарчанде факултет навтаъсис буд, аммо ӯ намегузошт, ки дар факултет ягон камию костагӣ бошад, кӯшиш мекард, ки кор дар факултет ҷонок бошад ва устодони бомаърифат, ботаҷриба ва забондон ба донишҷӯён дарс гӯянд. Ногуфта намонад, ки Талбаков Қурбон раиси ассотсиатсияи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб буданд ва омӯзгорони беҳтаринро низ барои боз ҳам беҳтар гардидани кор ва кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намудан барои кор ба Донишгоҳ ҷалб менамуд.
Оре, Қурбон Талбаков таҷассуми шахсияти воқеии як омӯзгори фидоӣ буд. Омӯзгоре, ки барояш шогирдон аз ҳама сарвати дунё қиматтар будаанд. Имрӯз шогирдони ӯ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. Аз ҷумла Собиров Абдуқаҳҳор ба сифати хизматчии давлатӣ, Шарипов Хуршед, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, Гулаҳмадшоев Шокир мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, Давлатов Файзидин, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети филологияи хориҷӣ, Орипов Орзу сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва Бобоев Аъзам омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ дар ДДК ва ғайра кору фаъолият карда истодаанд.
Боиси таассуф аст, ки ин марди наҷиб ва омӯзгори асил 28.01.2006 олами ҳастиро пад-руд гуфт. Дар он ҳангом ӯ соҳиби панҷ фарзанди хурдакак буд. Дар он рӯзгорон фарзанди калонӣ дар синфи чорум таҳсил мекард ва хурдӣ дуюним сол дошт. Ҳоло фарзандони муаллим соҳибмаълумоту соҳибвазифа ва ҳамагӣ соҳиби оила ва зиндагии мустаъқил мебошанд.
Имрӯз Қурбон Талбаков дар байни мо нест, вале хотираи неки ӯ дар дилу дидаҳои мо ҷой дорад.
Хотираҳои муаллиф дар давраҳои фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва ҷамъиятии Қурбон Талбаков хеле зиёд аст. Аз ҷумла, дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ гузаронда мешуданд, доимо дар сафи пеши коллектив буданд. Ин мавзуъ доманадор аст ва, албатта, оид ба лаҳзаҳои муҳимтарини он солҳо дар матлаби дигар истода мегузарем.
Равони устоди некном шоду ёдашон ба хайр!
Бобоева Маҳбуба-дотсент, сардори хадамоти сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ