, Панҷшанбе, 08-май

ПАЁМҲОИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА: АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА САБАҚ БАРОИ НАСЛҲО

 08.05.2025 11

ПАЁМҲОИ ШОДБОШИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА: АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА САБАҚ БАРОИ НАСЛҲО

Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-1945), ки дар таърихи кишварҳои пасошуравӣ ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) шинохта мешавад, яке аз фоҷиабортарин ва дар айни ҳол қаҳрамононатарин саҳифаҳои таърихи асри XX маҳсуб меёбад. Мардумони Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла сокинони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар ин ҷанг ҷонбозиҳо ва фидокориҳои бесобиқа нишон доданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ғалаба (9 май) ба ин саҳифаи таърихӣ баҳои баланд ва муҳими тарбиявӣ медиҳад.

Матлаби мазкур бо таҳлил ва истинод ба паёмҳои расмии Пешвои миллат, ҷанбаҳои таърихӣ, тарбиявӣ ва идеологии таҷлили Рӯзи Ғалабаро баррасӣ мекунад ва зарурати омӯзиши таҷрибаи ҷангро барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва суботи ҷомеа нишон медиҳад.

Ҳамасола рӯзи 9-уми май барои мардуми Тоҷикистон на танҳо як санаи таърихӣ, балки рӯзест, ки дар он рӯҳи ватандӯстӣ, ёдбуди қаҳрамонони гузашта ва арҷгузорӣ ба фидокориҳои халқи озодихоҳ эҳё мешавад. Рӯзи Ғалаба - ғалаба бар фашизми гитлерӣ, имрӯз низ бо гузашти беш аз ҳашт даҳсола дар саҳифаҳои хотираи таърих бо нуру шарофат сабт ёфтааст.

Ин ҷанг, ки яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи башар буд, ки бар сари тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзҳои пурмашаққат ва сангинро овард. Тоҷикистон ҳамчун як узви фаъоли ин иттиҳод беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони бо нангу номуси худро ба майдонҳои ҷанг фиристод. Қариб сеяки онҳо дигар ба Ватан барнагаштанд. Ин қурбониҳо дар ёди таърих ва дилҳои наслҳои имрӯз зинда мондаанд ва ҳамчун рамзи ҷоннисорӣ ва далерӣ барои дифои озодӣ ва шараф корномаи онҳо омӯзанда ва мондагор аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи суханҳои шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо эҳтироми хос ва самимияти беинтиҳо аз қаҳрамониҳои ҷанговарони тоҷик ёдовар мешавад. Аз паёмҳои Сарвари давлат маълум мегардад, ки ин ғалаба натиҷаи иттиҳоду ягонагӣ ва муборизаи сахти халқҳо бар зидди истибдоди фашистӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон ба муносибати 79-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр намуданд, ки «Дар қатори дигар халқҳои Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷанговарон ба фронт сафарбар гардида буданд. Аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор нафар ҳалок шуда, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон гардиданд». Албата, ин суханон саҳми бузурги тоҷиконро дар муборизаи умумӣ бо фашизм инъикос мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баъди ба ҷанг сафарбар гардонидани мардони қобили меҳнат ҳама соҳаҳо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Ба ҷойи мардони ба ҷанграфта дар ақибгоҳ занон, пиронсолон ва кӯдакон барои таъмини артиш ва аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ софдилона меҳнат намуда, дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми беназири худро гузоштанд. Дар ин асно, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ақибгоҳ, махсусан занон, кӯдакон ва пиронсолонро дар таъмини артиш бо озуқа, сару либос ва муҳимоти ҳарбӣ муҳим арзёбӣ намуда, чунин зикр менамояд: «Занон, пиронсолон ва наврасон дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат карда, дар таъмини ҷанговарон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзанда гузоштанд». Ин таъкид нишон медиҳад, ки мубориза бо фашизм танҳо дар хати фронт набуд, балки як амали умумимиллӣ ба ҳисоб мерафт.

Яке аз самтҳои муҳими паёмҳои шодбошии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳифзи хотираи таърихӣ ва истифодаи он ҳамчун воситаи тарбияи ватандӯстӣ мебошад, ки дар ин ҷиҳат Пешвои миллат зимни баромади худ бахшида ба 70 солагии Ғалаба чунин изҳор доштанд: «Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат ва зиндагиву фаъолияти собиқадорон ба наслҳои имрӯзу фардо дастури зиндаи амал ба шумор меравад».

Ҳамин тариқ, таҷлили Рӯзи Ғалаба ба тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, худогоҳӣ ва ватандӯстонаи ҷавонон мусоидат мекунад. Ин тарбия дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ то рафт аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

Масъалаи сулҳ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо аз самтҳои дигар ва меҳварии суханони шобдошии Роҳбари давлат дар ҳошияи таҷлил аз рӯзи зафар ва шарафёбшавӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба масъалаи сулҳ ва таҳкими дӯстии байни халқҳо ба таври хос таваҷҷуҳ менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни паёми шодбошии худ бахшида ба 77-солагии Ғалаба насли замони истиқлолро ба қадршиносӣ аз неъмати бузургу бебаҳое чун сулҳ ва субот водор сохта, дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳову халқҳои оламро муҳим арзёбӣ менамояд. Дар ин росто Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Таҷрибаи талхи ҷанг бояд моро ба қадршиносӣ аз неъмати бузурги сулҳ ва субот водор созад. Сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳои олам аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад».

Хулоса, паёмҳои шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун манбаи муҳимми таърихӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ хизмат намуда, дар онҳо дарки амиқи масъулияти таърихӣ, арҷгузорӣ ба гузашта ва нигоҳи созанда ба оянда таҷассум ёфтааст. Саҳми мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо қисми таърих, балки ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва ватандӯстии наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.

Ватанзода Шердил Ватан, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат