, Шанбе, 03-май

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА МУБАЛЛИҒИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

 02.05.2025 24

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА МУБАЛЛИҒИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

Роҷеъ ба сулҳу ваҳдат, озодию дӯстии халқҳо ва ягонагии миллӣ, шоирону адибони тоҷик осори зиёде офаридаанд, ки ба ганҷинаи адабиёти пурғановати тоҷикон шукӯҳу мазмуни нав зам намудаанд. Дар миёни чунин шахсиятҳои маъруф, устод Мирзо Турсунзода ҳамчун тараннумгари сулҳ, ваҳдат ва дӯстии халқҳо ҷойгоҳи вижа дорад.

Дар таърихи адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзодаро мунодии сулҳу дӯстӣ ва вассофи ваҳдати халқҳои сайёра эътироф намудаанд. Шоири тавоно дар мавзӯъҳои сулҳ, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстии халқҳо шеъру достонҳои пурмазмун ба қалам дода, онҳоро бо лаҳни зебо ва рӯҳбахш баён намудааст.

Адиб дар шеъри маъруфи худ бо номи «Суруди сулҳ» менависад:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

Маврид ба зикр аст, ки устод Турсунзода сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдилиро дар ашъораш дар ҷои аввал гузошта, шеърҳои зиёде дар васфи ин арзишҳои инсонӣ эҷод кардааст. Ваҳдату ҳамбастагии халқу Ватан дар ашъори ӯ бо каломи пуртаъсир ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ баён гардидаанд.

Мирзо Турсунзода бо муҳаббати бепоён ба Тоҷикистон зиндагӣ кард. Ӯ Ватанро ҳамчун сарчашмаи илҳом ва ифтихор мешинохт ва дар ҳар гӯшаи дунё бо ёди он месуруд. Дар шеъри дигаре мегӯяд:

Агарчи борҳо афтодаам аз ёру диёрам дур,
Ба саёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон маҷбур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Устод Турсунзода воқеан шоири халқ буд. Ашъораш ба халқҳо, сулҳ ва ваҳдат бахшида шуда, борҳо марзи Тоҷикистону берун аз он равон гардида, дилҳоеро ба сулҳу дӯстӣ даъват намудааст.

Дар робита ба 100-солагии устод Турсунзода, муҳаққиқ ва адиб Мирзошоҳрух Асрорӣ чунин навиштааст:

«Устод Мирзо Турсунзода бидуни шак, барҷастатарин, пуртаъсиртарин шоир ва шахсияти сиёсиву адабии рӯзгори мо буд, ки бо осори пурмуҳтаво ва сафарҳои расмӣ-эҷодияш ному нишони тоҷиконро ба кишварҳои дигар армуғон бурд. Ӯ дар хориҷ ҳамчун сафири сулҳу дӯстӣ ва шахсияти вораста арҷгузорӣ мегардид».

Шоир дар шеърҳои худ дӯстии халқҳоро моҳирона тасвир карда, хонандаро ба ваҷд меорад. Дар шеъри «Бозгашт» чунин мегӯяд:

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дори ту ҳам болу паре.

Сулҳ дар тасвири Мирзо Турсунзода на танҳо як арзиш, балки манбаи хушбахтӣ ва асоси ободии ҷомеа аст. Ӯ сулҳро бо табиат, бо меҳру муҳаббати модарон ва бо табассуму орзуи кӯдакон ҳаммонанд мекунад:

Сулҳ дар гул-гул шикуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеъи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедорчашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Оре, сулҳ мафҳумест бузургу арзишманд — рамзи осоиштагӣ, амният, истиқлолият ва ободии миллат. Он таҷассумгари шодию ваҳдат, озодихоҳию ватандӯстӣ ва ҳастии поку пойдори миллатҳо мебошад.

Алишери Абдулмаҷид-дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат