,
Якшанбе, 22-декабр
Фарзанди як наҳзатии гузаро бо номи Абдуллоҳ чанд рӯз пеш дар Олмон дастгир шуду ба зиндон андохта шуд. Сабабаш ин буд, ки ба гуфтаи падараш Абдуллоҳ ҳангоми аввалин маротиба ворид шудан ба Олмон ному насаб ва дигар маълумоти шахсияшро ба мақомоти ин давлат махсус хато гуфтаву шайтонгарӣ карда гаштааст. Баъди он ки ин наҳзатичаи фиребгар чанд сол дар Олмон зиндагӣ мекунад, мақомот аз ин сохтакории наҳзатича огоҳ гардида, ӯро боздошт ва зиндонӣ менамояд.
Акнун хурду калони наҳзатиҳоро Худо дод. Ин ҷиноят ва шайтонгариашонро ба гардани касе бор кунанд. Ва ин тӯдаи беҳувият дар интернет шабу рӯз "доду вовайло" карда Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор кардан мехоҳанд.
Оҳ бадаслакони касиф, шумо аз бадбахтиятон ҳам хурсандӣ мекунед, ки мавзуи баҳс пайдо шуд. Акнун худро дар назди хоҷагонатон ба намоиш гузошта, грантҳои хориҷӣ талаб кунед. Шумо ҳамин гуна зиндагӣ мекунед ку!
Агар ҳамин бархе аз муҳоҷирони сода набошанду ба барномаҳоятон лайк нагузоранд, шумо аз гӯшнагӣ мемуред. Агар мушоҳида кунем, сартопои ин бадаслакон аз чунин ҳаромкорӣ иборат аст.
Ин наҳзатиҳо ҳеҷ гоҳ ислоҳ намешаванд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон як бор фиреби инҳоро хӯрд ва бовар дорем, ки дигар фирефтаи ҳеҷ гурӯҳи ифротӣ нахоҳад шуд. Тоҷикистон рӯз то рӯз пеш рафта истодааст ва танҳо кур инро дида наметавонад.
Тоҷикистон, ҳама вақт ба пеш!
Ҳалимова Нозанин, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ