, Панҷшанбе, 01-май

ТАСВИРИ РИНД ВА МАЗАММАТИ ТААССУБУ РИЁ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ

 29.04.2025 32

ТАСВИРИ РИНД ВА МАЗАММАТИ ТААССУБУ РИЁ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ

Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, шоир, ориф, сухангустар ва яке аз чеҳраҳои барҷаставу саршиноси адабиёти классики форс-тоҷик буда, бо назми оламгираш дар таърихи адабиёти асри XIV ва давраҳои минбаъдаи он ҷойгоҳи волоро соҳиб гардидааст. Маҳз сухани волову каломи ҷовидонаи шоир аст, ки беш аз шашсад сол боз дар қалбу зеҳни дӯстдорони сухани ноб маскан дорад ва ганҷинаи тамаддуни Шарқу Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонидааст.

Офаридаҳои Ҳофизи Шерозӣ ҳанӯз аз даврони ҳаёт буданашон мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму адаб қарор гирифта, сазовори баҳои баланд гардидааст. Кохи фарҳангу адаби башарӣ аз эҷоду сурадаҳои пургавҳари ин нобиғаи каломи ноб ифтихорманд гардидаанд.

Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ дар дидгоҳи олимону донишмандон ва шоирони забардаст мавқеи волову шоиста дошта, ба сифати барҷаста тасвир ёфтааст. Равоншод Шокир Мухтор, муҳаққиқи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дилбастагии мардумро ба шеъри Ҳофиз чунин баён кардааст: «Миёни шуарои форсигӯ нест суханваре, ки Девони Ҳофизро гаштаю баргашта қироат накарда ва аз ин ё он байт, фикр ва образҳои ғазалиёти ӯ барҳраманд нагардида бошад».

Ховаршиноси машҳури англис Виллиам Ҷонз дар як матлабаш навиштааст, ки “... бо мутолиаи ашъори Ҳофиз ба хоб меравам ва бо мутолиаи он аз хоб бармехезам”. Алберт Эйнштейн, физикдони машҳури рус мутолиаи ғазалиёти Ҳофизро сабаби рафъи хастагиаш медонад: «Ман ҳар вақт аз кори рӯзона хаста мешавам ва бар он чи бар дунё ва башар мегузарад, ранҷ мебарам, даст ба домони Ҳофизи Шероз мешавам». Ховаршиноси шуҳратёри фаросавӣ Эдгар Блоше аз мавҷудияти 48 нусхаи хаттии Девони Ҳофиз дар шумори дастхатҳои форсии Китобхонаи миллии Порис ёдовар гардидааст.

«... Дилбастагии тоҷикон ба шеъри Ҳофиз, агар бештар аз эрониён набошад, камтар нест. Ҳамаи эшон лоақал чанд шеъре аз ин шоири ҷодусухан медонанд. Гуфтанд, ки он ҷо ҳам дар замонҳои гузашта ва дар мактабҳои қадим хондан ва навиштанро бо шеъри Ҳофиз меомӯхтанд ва баъзе аз модарони тоҷик девони Ҳофизро барои таяммун ва табаррук зери болиши кӯдакони худ мегузоштаанд. Хулоса он ки Ҳофизро, агарчи зодгоҳи ӯ ва мазалли зиндгониаш садҳо фарсанг аз он ҷо дур аст, шоири миллии худ мешуморанд ва ин ба ҷо ва сазовор аст, зеро марзҳои сиёсӣ ғайри марзҳои фарҳангӣ аст», – навиштааст, адиб ва донишманди Эронӣ, доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар як матлаби худ бо номи «Аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рӯдакӣ» зимни аз сафари хеш ба Тоҷикистон ва ширкат дар таҷлили бузургдошти Ҳофиз.

Абдулҳасани Зарринкӯб, донишманди эронӣ низ машбубияти шоирро миёни мардум таъйид намуда, изҳор доштааст, ки «Маҳбубияти беандозаи ба Ҳофиз миёни мардум аз ҳамон рӯзгори шоир сарчашма мегирад».

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ин назар аст, ки «Шеъри Ҳофиз ҳамсайри тамоми умри Айнӣ, ба истилоҳ, аз гаҳвора то ба тобут будааст. Ин далели ҳаёти устод Айнӣ ба назари мо маънои рамзӣ дорад. Халқи мо як умр бо шеъри Ҳофиз мезист. Мардум ба дунё омада шеъри Ҳофизро мешуниданд ва то дами охир онро мехонданд. Ҳиссиёти мухталиф, ҳаяҷони пурҷӯш. Фалсафаи зиндагии халқ бо сухани олии Ҳофиз ифода мешуд. Шеъри ӯ ба зисту маишати мардум ончунон сар дароварда буд, ки худ ба як ҷузъи муҳимми ҳаёти ҷамъият табдил ёфта буд».

Шоири хушбини тоҷик Мирзо Турсунзода нигоштаҳои Ҳофизро ҷузъи эътиқоду девонашро муқаддас дониста, қайд менамояд: «Мардуми тоҷик дар байни ҳама китобҳо Девони Ҳофизро китоби муқаддастарин мешуморанд».

Тавсифи эҳтироми шахсият ва қудрати сухани ноби Ҳофиз ва дар сурудаҳои шоири миллат Муъмин Қаноат низ бозгуӣ эҳтироми дигар аст:

Агар дар хонаи тоҷик тамоми чиз ночиз буд,
Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё Девони Ҳофиз буд...
Агар номи Ҳофиз мешудӣ дар хонаи тоҷик,
Баногаҳ қаср мешуд аз карам вайронаи тоҷик.

«Ҳеҷ девон беҳ аз Девони Ҳофиз нест» гуфтаи Муҳаммадамини Риёҳӣ, «Агар рӯзе дунё ба сар ояд, эй Ҳофизи осмонӣ, орзу дорам, ки танҳо бо ту ва дар канори ту бошам, ҳамроҳи ту бода нӯшам ва чун ту ишқ варзам, зеро ин ифтихори зиндагӣ ва мояи ҳаёти ман аст» ибрози назари Гуте, «Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан, бандагии Ҳофиз мебоист кард» такаллуми Шиблии Нуъмонӣ, «Ҳофиз баргузидатарин, номитарин ва беҳтарин шоири адабиёти форсӣ, устоди фанонопазир ва беназири ғазал» муаррифии шарқшиноси англис Эдвард Браун; «Агар бигӯем, ки дар дунё одаме ёфт намешавад, ки шеъри Ҳофизро шунуфта волаи он нагардад, хато нахоҳем кард» шаҳодати Ҳенри Бромс, «Аз оғози хилъати башар то ба имрӯз дар ҳеҷ забоне, ҳеҷ шоире по ба арсаи вуҷуд наниҳодааст, ки битавонад бо Ҳофиз баробарӣ кунад», баҳогузории шоири австролиёӣ Паул Смит, «Шоире бузургтар аз Ҳофизро тасаввур накардааст ва гуфтааст, ки «гумон надорам шоире бузургтар аз ӯ дар вуҷуд омада бошад» ба боварӣ таъкид намудани забоншиноси шинохтаи амрикоӣ Тедеско нишони боварӣ ва эътиқод ба офаридаҳои Ҳофизи Шерозӣ маҳсуб меёбад.

Андеша ва боварҳои донишмандоне, ки поси хидмати сухани ноби Ҳофизи Шерозӣ истинод оварда шуданд, аз баҳр қатраеро мемонад, зеро дар ҳофизшиносӣ пажуҳиши зиёде анҷом ва таълифоти зиёде рӯйи кор омаданд. Дар ин миён ашъори шоир аз ҷониби адабиётшиносону ихлосмандон низ борҳо рӯйи чоп омадааст. Аз ҷумла, «Мунтахабот» (А.Н. Болдирев, С.Айнӣ, 1940), «Мунтахаби Девон» (Х. Мирзозода, 1957), «Мунтахаби ғазалиёт» (Ҷ. Шанбезода, 1967), «Ашъори гузида» (Н. Маъсумӣ, Ҷ. Шанбезода, 1971), «Чашмаи меҳр» (Н. Қаҳҳорова, Ф. Абдулло, 1971), «Чиҳилу се ғазал» (А. Мирзоев, Г. Галимова, 1971), «Куллиёти Ҳофизи Шерозӣ» (Ҷ. Шанбезода, 1983), «Куллиёти Ҳофизи Шерозӣ» (Муҳаммадсиддиқи Комил, Муҳаммад Борӣ, 2001), «Гулчини Девони Ҳофиз» (Мирзо Муллоаҳмадов, 2006), «Саду як ғазал» (Б.Раҳимӣ, А. Мӯсоев, 2008), «Насиҳат гӯш кун, ҷоно» (Асрор Раҳмонофар, Мубашир Акбарзод, 2008).

Ҳофизшиносӣ дар мамолики хориҷ бемайлон рушд намуда, дар ин масир пажуҳишҳои доманадор анҷом дода шуда, ғазалиёти шоир бо чандин забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои русӣ, англисӣ, арманӣ, туркӣ, урду, ӯзбакӣ, панҷобӣ, ҳиндӣ, синдӣ, болқарӣ, пашту, балучӣ, арабӣ, озарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ, доғистонӣ, гурҷӣ ва ғайра тарҷума гардиданд.

Далоили болоро ҷиҳати эҳтироми хосса ба Ҳофиз ва дарку фаҳми ғазалиёти мондагори ӯ аз нигоҳи олимону донишмандон, шоирону шарқшиносон ва ҷомеашиносони мамолики Шарқу Ғарб кифоят медонем ва ба ин боварем, ки кохи афкандаи сухани ноби Ҳофизи бузургвор, ки гирифтори даргириҳои беамони таърихӣ гардида буд, баъди чунин таваҷҷуҳу ишқварзӣ ба он дигар ҳеҷ газанде дар нобудии он таъсиргузор нест.

Тасвири ринд ва мазаммати таассубу риё дар ашъори шоири тавоно ва ғазалсарои адаби форсӣ-Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, бештари назми эшонро фаро гирифтааст. Шоир ҳангоми эҷоди мавзуи мавриди таваҷҷуҳ аз таҳаввулоти он дар осори шоирони гузашта огоҳӣ дошта, мазмуну муҳтавои онро ба дараҷаи болотар расонидааст. Он чизе, ки Хоҷа Ҳофизро аз дигарон боло мегузорад, аз як ҷониб тасвиру биёни саршор аз кинояву маҷоз ва иҳому истиора бошад, аз ҷониби дигар тасвирҳои зебову мармуз, ки паҳлуҳои зиёди дарку фаҳм доранд, маҳсуб меёбад.

Вожаи риндӣ мансуби забони форсисит ва дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои «1. зирак, ҳушёр, бебок; 2. он ки нисбат ба фармудаҳои шариат ва оину русуми ҷории ҷамъиятӣ бепарво мебошад, лоқайд, озодфикр»  фаҳмида мешавад. «Ринд» ва «риндӣ» дар луғату фарҳангҳои бостонӣ, ки пеш аз Ҳофиз таълиф гардидаанд, мавҷуд нест. Ин маънои онро надорад, ки ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надошт. Шояд дар осору назми гузаштагон ишора шуда бошад, лекин Ҳофизи Шерозӣ, ки зидди макру тазвир ва таассубу риё буд, онро ба таври васеъ ва мукаммал тасвир намуда, ба яке аз масъалаҳои муҳимми ашъори худ табдил додааст, ки то имрӯз атрофи ин мафҳум пажуҳишҳои мондагор анҷом дода шудаанд.

Дар «Мактаби Ҳофиз, мактаби риндӣ» ном асари муҳаққиқи эронӣ, ҳофизшинос Асғари Додбеҳ риндӣ мавқеи вожашиносӣ, низоми мактаби риндии Ҳофиз, манбаъҳои зуҳури таълимоти он, забону хиради риндона ва амсоли инҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, ки ба дарки фаҳми дурусти он дар ғазалиёти Ҳофиз мусоидати амиқ менамояд. Муаллиф алоқамандона ба ин пажӯҳишҳои худ чунин мегӯяд: «Риндӣ-низоми равшанфикрона ва фалсафа ва ринд-мутафаккир ва равшангар аст ва аз лиҳози назарӣ ошиқест хирадманд ё хирадмандест ошиқ, ки ба «ҷавҳари доноӣ» даст ёфта ва дорои фалсафаи хос ё ҳамон «фалсафаи риндӣ» аст».

Ҳофиз риндро дар садҳо байти худ истифода бурдааст. Ва ҳамчун образи дӯстдоштаи мутафаккир дар муқобили зоҳиду сӯфии риёкор қарор гирифтааст. Аз дидгоҳи Ҳофиз риндӣ ҳунари волову сарнавиштест азалӣ. Риндӣ аҳли хушдиливу хушбошӣ ва хушу сармастӣ, майхорагиву назарбозӣ ва ба таваҷҷуҳ ба тақво ва зуҳд, муқобили тавбаву душмани таассубу тазвиру риёкорӣ. Ин ҳама сифатҳоро Ҳофиз дар шеъри худ ба ринд мебахшад, яъне тавассути ин тасвир шоир ошкоро ба муқобили зоҳидони риёкорону зоҳирпарастон, сӯфиёни «хилватпаноҳ», шайхони дар зоҳир хушсухану тақводор ва дар ботин бадкешу фиребкор мубориза мебарад. Ҳарчанд муборизаи шоир тавассути ринд баъзан ошкоро тасвир шудааст, ҷойи шак нест, лекин худи ӯ ёдовар мешавад, ки риндӣ рози пинҳонии ашъори мо буда, ба ҳар кас ошкор нест. Дар дарунмояи ринди шоир асрори нуҳуфтае ҷой дорад, ки ҳар кас ба дарки он сарфаҳм намеравад. Агар хоҳем, ки ба мазмуну моҳияти ринд сарфаҳм равем, бояд сайри ғазалиёти Ҳофиз намоем, ки худи ӯ мегӯяд:

Рамузи мастиву риндӣ зи ман бишнав, на аз Ҳофиз,
Ки бар ҷому қадаҳ ҳар шаб, надими моҳу парвинем.

Дар ғазалиёти Ҳофиз образи ринд мақоми меҳварӣ дошта, онро ба авҷи аъло расонидааст. Ринд образи офаридаи шоир ва ҳунари волои ӯ маҳсуб ёфта, тавонмандию қудрати ӯро дар сухан муайян намудааст. Риндӣ дар ғазалиёти Ҳофиз оини ошиқӣ ва зоти ҳунармандии ӯст. Дар ин бора худи шоир мегӯяд:

Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош,
То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаанд.

Ринди шоир бар муқобили «зоҳид», «зоҳиди заҳирапараст», «зуҳдфурӯш», «воиз», «муҳтасиб», «фақеҳ» ва «рӯҳонӣ», онҳое, ки аҳли рӯву риё, солусу зарқу тазвиранд образ меофарад. Қаҳрамонҳои ин образҳо зоҳидону шайхону сӯфиёну воизону муфтиву фақеҳон ва обидону муҳтасибони зоҳирпарасти худкомаи побанди ҷаҳлу хурофот, ки шоир баъзан аз онҳо мардуми азрақлибоси нармгуфтори дилсиёҳ, ҷоҳилони дар банди хурофот печида, худфурӯшони беҳувият, афсурдаандешон, худкомаҳои беҳувият ва ғолибан «адолатхоҳон»-у мункироне, ки манъи ишқу маю риндӣ кардаанд, ёдоварӣ намуда, гуфтааст:

Зоҳиди зоҳирпараст аз ҳоли мо огоҳ нест,
Дар ҳақи мо ҳар чӣ гӯяд, ҷойи ҳеҷ икроҳ нест…
Бар дари майхона рафтан кори якрангон бувад,
Худфурӯшонро ба кӯйи майфурӯшон роҳ нест…
Бандаи пири хароботам, ки лутфаш доим аст
В-арна лутфи шайху зоҳид гоҳ ҳасту гоҳ нест.

Ҷойи дигар мегӯяд:

Ғуломи ҳиммати дурдикашони якрангам,
На он гурӯҳ, ки азрақлибосу дилсияҳанд.

Ҳофиз образи ринд чеҳраҳои манфури худкомаҳои давр, ки дар зоҳири зебову замири олудаи макру исён, дурӯягию найранг аз номи дину мазҳаб ва «фарзи эзидӣ» зулмро ба ниҳоят расонидаанд, хеле зебо тасвир намудааст. Шоир риндро аз зоҳидони зоҳирпараст ва диндорони «адолатхоҳ» болотар гузошта, бо майу маъшуқ ва «канори оби Рукнободу гулгашти Мусалло» буданро ғанимат донистааст.

Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт,
Канори оби рукнободу гулгашти Мусаллоро.

Ринд дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ душмани зуҳду риё, зоҳирпарастӣ, фазлфурӯшӣ ва иҳонату кароҳат, яъне зоҳиран худро мусулмону тақводор ҷилва додану дар меҳробу минбар суханпардозиву назр гуфтану фазл фурӯхтан, аммо «ба хилват» кори дигар кардан тасвир шудааст. Нигаронии шоир аз чунин зоҳирпарастии осмонии бепояву асл он аст, ки мусулмононро риёкор намудааст. Биноан, Ҳофиз дар назми худ зоҳидро эҳтиёткорона «шайхи покдоман» ном бурда, кӯшиш намудааст, ки бартарияти риндиро аз «шайхи покдоман» собит намояд.

Ҳофиз ба худ напӯшид ин хирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро!

Аз ин барчидаи хурд ба ин натиҷа расидем, ки мавзуоти ринд фарогиру беканор буда, масъалаҳои амиқу ақидатиро, мисоли бо шубҳа назар кардан ба оқибати кору рӯзи доварӣ ва дунёи боқӣ, гузаранда донистани ҷаҳони моддӣ ва «сарочаи бозича» (дуруғину фиребанда) баҳо додани он дар худ нигоҳ медорад ва барои аксар пушидаву норушананд. Пажӯҳиши мо фарогири ҳамаи мавзуоти он нест. Танҳо бархурди шоирро ба масъалаҳои риёкорӣ, фиребу найранги динситезони асолатбохтае, ки дину мазҳаб ва исломро ҳамчун силоҳ дар қиболи инсоният барои ба ҷони ҳам даровехтан истифода мекунанд, бахшида шудааст. Хосатан, низоъҳои мазҳабии солҳои охир, ки ҷони ҳазорҳо бегуноҳро қурбони фитнаву дассисаи ин гурӯҳи авомфиребу манфиатҷӯ намуданд.

Мувзуи дигаре, ки шоир дар ғазалиёти худ тасвир кардаву нисбат он ҳассосият дорад, вуҷуди таассуби динӣ аст. Таассуб маншааш ҷаҳолату нодонист ва Ҳофиз бо ҷаҳилону бадкешон муборизаи беамону оштинопазир будааст. Ҳофиз бо бадону бадписандон, ҷоҳилони худкома суҳбату муроотро манъ карда, мегӯяд:

Некномӣ хоҳӣ, эй дил, бо бадон суҳбат мадор,
Бадписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад. 

Ҳофиз аз фитнаву найранг ва ҷудоиандозиҳои муддаиёни давр, ки побанди ҷаҳолату нотавонбинӣ ва макру найранги замона гардида буданд, мешинохт ва парда аз чеҳраи зоҳидони бадмарому, шайхони дар доми найрангу таассуб дармонда медарид. Шоир тараннумгари озодии андеша буда, ҷаҳолату нодониро мазаммат мекард.

Нишони аҳли Худо ошиқист, бо худ дор,
Ки дар машоихи шаҳр ин нишон намебинам.

Чун болотар иброз доштем, кори Ҳофиз бо танқиду накӯҳиши разолатҳои инсонӣ ҷамъбаст намегардад, балки роҳи ҳалли ҳар масъалае, ки мавриди танқиди ӯ қарор мегирад, ба мардум пешкаш мекунад. Хосатан, дар мавриди ҷаҳолату таассуб андешаҳои созанда ба назм кашидааст. Ҳофиз дар ғазалиёти худ, дунёро «хонаи ишқ» баён намуда, роҳи ҳалли сахттарин мушкилотро муруввату мадоро донистааст.

Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам.

Ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва ихтилофоти башарӣ на бо зури низову ташаннуҷ, балки ба василаи муҳаббату дӯстӣ, сабру таҳаммул ва мураввату мадоро қобили коргирист, зеро бо роҳи хушунату низоъ ҳаводис печида гардида, вазъият мураккаб мегардад. Ҳофиз айнан ҳамин масъаларо хеле орифона ба назм кашида, ҷонибҳоро ба муҳаббату меҳрварзӣ талқин менамояд:

Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт...

Ҳофиз бар ин назар аст, ки ҳар инсоне дар пешгоҳи Худо соҳиби иззату мақом аст ва ҳеҷ кас дар мавриди сарнавишти каси дигар ҳаққи иҳонату ҳукм кардан надорад. Танҳо Офаридгор сарнавишти бандаи худро медонад ва ҳаққи ҳукму иродат дорад. Шоир медонист, ки омилони рушди таассубу хурофот намояндагони дину мазҳаб мебошанд, ки ба хотири манофеи шахсиву баровардани иродатмандиҳои худ, динро ҳамчун омили таъсиррасон воруна сохта тафсир карда, тақдирҳои бофтаву сохтаи худро сари мардум бор мекунанд. Дар як ғазалаи шоир ин вазъ чунин тасвир гардидааст:

Ҳама кас толиби ёранд, чи ҳушр, чи маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чи масҷид, чи куништ.

Ҷойи дигар мутассибони мазҳабситезро, ки барои қаноатмандии нафси ботиниву зоҳирии худ, инсонҳоро ваъдаи биҳишту дӯзах медиҳанд, ҳушдор месозад:

Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?

Аз таҳлилу бозбинии мухтасар зимни пажӯҳиши мавзуи ринд ва таассубу риё дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ба ин натиҷа расидем, ки шоир дар замони худ ба доми хурофоту таассуби замон гирифтор гардида, ба ҳайси як муборизи иродатманду қавӣ барои озодии андеша ва зиндагии озоду аз ҷаҳолату хурофот эмин муборизаи беамон бурдааст. Дар осори худ пайваста аз оини ҷавонмардӣ, садоқату вафодорӣ, дӯстию рафоқат, муҳаббату меҳрварзӣ ёд карда, башариятро ба ягонагиву субот ва дурӣ аз офати таассубу ҷаҳолат ва дурӯғу риёкорӣ ҳушдор намудааст. Шоир омилони ин раванди номатлубро дар амалӣ намудани иродатмандиҳои зоҳидони риёкору зоҳирпараст дониста, худ ва пайравони худ, хосатан, мутаассибони бадкешу динситезонро таъкид намуда, фармудааст:

Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале,
Доми тазвир накун чун дигарон Қуръонро.

Умуман, Ҳофизи Шерозӣ маҳз тавассути образи ринд андешаҳои озодандешию истиқлолхоҳии худро баён намуда, дар ин баробар хурофот ё таассубу риёро, ки дар натиҷаи пайравии ақидаҳои беасосу носолим ва дар пояи урфу одат, эътиқод ба дин ва бовариҳои мардумӣ сар мезананд, мазаммат кардааст.

Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ

Рӯзномаи “Анвори дониш” аз 10.04.2025, №4 (358)




Ба рӯйхат