, Чоршанбе, 11-декабр

САДА. ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ ДУ ҶАШНИ АҶДОДӢ

 31.01.2023 272

САДА. ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ ДУ ҶАШНИ АҶДОДӢ

Арҷгузорӣ ба расму оин ва ҷашнҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Сада низ яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, ҳамасола дар саросари ватани азизамон Тоҷикистон бо шукуҳу ҳашамати хоса қайд карда мешавад.

Ин ҷашн ҳар сол ба баҳмонмоҳ яъне, моҳи ёздаҳуми шамсӣ мутобиқ ба 22-январ то 20 феврали солшумории мелодӣ рост омада, баъд аз як моҳу 2-рӯзи чиллаи калон, ки чил рӯз давом карда, бо чиллаи хурд, ки нисфи чиллаи калон 20 рӯзро дар бар мегирад рост меояд ва марҳилаи сардиҳои шадиди зимистон мебошад, ба итмом мерасад. Ва шояд дар баробари дигар хусусиятҳо аҳамияти калон пайдо кардани оташ ва арҷгузоштан ба он маҳз ҳамин сардиҳои шадид бошад, ки оташ афрӯхтану ҷашн гирифтани он ҳамчун рамзи ғалабаи гармӣ ба сардӣ, нур ба зулмот, субҳ ба шом инчунин гармии хонадон ва русурхии мардум шуморида мешуд.

Аз рӯи мушоҳида бо сарчашмаҳо маълум гашт, ки дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман на танҳо ҷашни Сада, ки ба 29-30 январ рост меояд, қайд карда мешуд. Инчунин дар рӯзи дуюми ин моҳ низ иди дигаре бо номҳои Баҳманҷа («Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷ.1. саҳ. 164 нашр М:сов. энц. соли 1969); Баҳманчана («Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Ҳофизи Убаҳӣ, нашр Ирфон, саҳ.31. нашри соли 1992); Баҳманчина (Ғиёс-ул-луғат. Душанбе: Адиб. 1987.- ҷ. 1. саҳ. 151) ҷашн гирифта мешудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки иди мазкур дар ашъори шоирони маъруфи адабиёти классикии мо Анварӣ ва Фаррухӣ («Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷ.1. саҳ. 164) хеле зебо ба риштаи назм кашида шудааст:

Фаррухаш болу Худованд фархунда кунад,
Иди фархундаву баҳманҷанаву баҳман моҳ
(Фаррухӣ)

Андар омад зи дари ҳуҷраи ман субҳдаме,
Рӯзи баҳманҷана, яъне дувуми баҳман моҳ
(Анварӣ)

Лекин аз вожаҳои мазкур таҳлили ин вожа дар шакли Баҳманчина дар «Ғиёс-ул-луғот» хеле ҷолиб аст: Баҳманчина номи ид, ки ба рӯзи дуввуми ҳар моҳи шамсӣ, ки дар форсӣ баҳман ном аст. Чун номи моҳ бо номи рӯз мутобиқ афтод дар он рӯз ид мекунанд ва аҷсоми таомҳо пазанд ва гулҳои баҳмани сурх ва гулҳои баҳмани сафед чинанд ва бар таомҳо пошанд. Ба ҳамин ҷиҳат ҷашни Баҳманро рӯзи Баҳманчина гӯянд. (Ғиёс-ул-луғот. ҷ.1. саҳ. 151).

Ба ҳар сурат нисбат ба ҷашни Баҳманчина ё бо ибораи дигар Баҳманҷана ҷашни Сада маҳбубияти хоса дошта, дар тули асрҳо аз тарафи аждодони мо ид карда мешуд ва хушбахтона солҳои охир ин анъана идома ёфта истодааст.

Дар мавриди Сада ҳамчун ҷашни ниёгони шарафмандӣ мо, қариб ки дар ҳама сарчашмаҳо маълумоти якхела вуҷуд дорад.
Бад ин минвол метавон гуфт, ки вожаи Баҳманчина ба истилоҳи гулҳои баҳмани сурх ва сафед инчунин мева чиндану истифодаи онҳо дар таом вобастагӣ дорад.

Дар мавриди Сада ҳамчун ҷашни мардумӣ қариб, ки дар ҳама сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ маълумоти якхела вуҷуд дорад.

Ҳамчунин дар хусуси замони иди Сада низ маълумоти якхела яъне, ба рӯзи 10-уми моҳи шамсӣ 29-30 январ ба солшумори мелодӣ рост омадани он хулосабарориҳо якхел мебошанд.
Бунёди ҷашни Сада ба ду шахс робит дода мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Ҳушанг ва дар ашъори Низомӣ ба Ҷамшед. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо вуҷуди қиссаи асотирӣ будан ҷашни Сада сабаби пайдоиши оташ, афрӯхтани оташи бузург ва парастиши он аз тарафи Ҳушанг писари Каюмарс хеле ҷолиб ба риштаи назм дароварда шудааст. Қисса чунин аст, ки рӯзе Ҳушанг ҳангоми аз куҳ гузар намудан аз дур мори сиёҳи бадҳайбатеро мебинад, мехоҳад, ки бо санг моро бикушад, аммо санг бар мор нарасида ба санги дигаре бархӯрда аз он оташ пайдо мешавад ва аз ин фоли нек гирифта шабона оташи бузург меафрӯзад ва онро ҷашн мегирад ва номи ин ҷашнро Сада мегузорад:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х-вард,..
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чу ӯ дигар шаҳриёр.

Дар саҳифаи 53 «Шоҳнома» низ ба Ҳушанг мансуб будани ихтирои оташ сухан меравад:
Ба санг андар оташ аз ӯ шуд падид,
К-аз ӯ равшанӣ дар ҷаҳон густарид.

Низомии Ганҷавӣ дар мавриди зинда сохтани оини оташпарастӣ дар замони Ҷамшед ишора намуда чунин фармудааст:
Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гашт оини Сада оташкада.

Дар хусуси мафҳуми Сада ё этимологияи он қариб, ки маълумотҳо вуҷуд надоранд. Бисёре аз донишмандони муосири тоҷик маънои Садаро ба рақами сад марбут медиҳанд, ки инро мо дар ягон фарҳангнома мушоҳид накардаем. Ба ҳар сурат, агар аз рӯи ин фарзия аз рӯзи саршавии Сада то Наврӯз ҳисоб кунем, ин рақам ба 50 мерасад. Лекин дар ҳолати 50 шабро бо 50 рӯз алоҳида ҳисоб намуда онро ҷамъ созем рақам 100, яъне сад шабонарӯз ҳосил мешавад, ки фарзияи мазкурро тақвият медиҳанд, яъне, сад шабонарӯз то оғози иди Наврӯз.

Дар мавриди мафҳуми Сада фарзияи мо низ вуҷуд дорад. Ҳангоми ба ҳам бархӯрдани ду санг, яъне ба садама ё садма дучор шудани онҳо оташ ба вуҷуд омадааст, ки ба сабаби ҳамон ҳодиса номи ин ҷашн ихтисор шуда, дар шакли Сада талаффуз шудааст. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ низ вожаи садма ё садама ба маънои ба ҳам бархӯрдани 2 чиз, зарба омадааст. Низомӣ дар ин хусус чунин фармудааст:

Дар ҳам афканданашон ба садмаи теғ
Кори ӯ бод буд, эшон меғ.

Ба ҳар сурат ин ҷашн ҷашни фархунда буда, мардуми мо шурӯъ аз саршавии он барои кишту кори баҳорӣ омодагиҳо мегиранд, дарахт мешинонанд, заминҳоро шудгор мекунанд, ба қавсоб ва чиллаоб мондани ниҳолон машғул мешаванд, ки ин низ як қисмати ободкорӣ ва омодагиҳо барои беҳдошти зиндагонӣ мебошад.

Хулоса дар бораи хусусиятҳои этимологӣ, этнографӣ, таърихӣ, асотириву устуравӣ ва фарҳангии Сада маълумотҳо хеле зиёданд ва мо кӯшиш намудем, ки дар хусуси ҳаводиси моҳи Баҳман ва ду ҷашни ба он марбут - Баҳманчина ва Сада каме ҳам бошад, дар такя ба ашъори шоирон ва фарҳангномаҳо ба хонандаи гиромӣ маълумот диҳем.
Сада пайки баҳор мебошад, ҷашни Сада ба ҳамаатон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Тоиров Шермуҳаммад, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат