,
Шанбе, 19-апрел
Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили мубраме дахл менамояд, ки он ба тақдири давлату миллат зич алоқамандӣ дошта, ҳалли онҳо боиси нашъуномаи ҷомеа мегардад. Роҳбари муаззами давлат ҳамчун шахси воқеъбину дурандеш ва бофазилату соҳибҳикмат мушкилоти дар ҳаёти ҷомеа мавҷударо дарк намуда, онҳоро барои аҳли кишвар рӯнамо месозад ва тамоми қишри аҳолиро барои ҳалли он сафарбар менамояд.
Аз ҷумла, қазияи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тайи солҳои охир яке аз масъалаҳои муҳимтаринест, ки онро нодида гирифтан боиси буҳрони шадид мегардад. Сарвари хирадманди кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (26-уми декабри соли 2019) дар баробари масъалаҳои зиёде, ки ба онҳо таваҷҷуҳ намуда буд, ба масъалаи омӯзиши ин фанҳо махсусан истодагарӣ намуда, барои ҳамчун проблемаи дараҷаи аввал соҳаи маориф ба ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар алоқамандӣ ба ин масъла ва ҷиҳати ҳалли мушкилот дар кишвар солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуд. Ин маънои онро дорад, ки ҷомеа ва шаҳрвандони он ба ин илмҳо эҳтиёҷи бештар доранд ва барои ба роҳ мондани ҳадафҳои стратегии кишвар маҳз донистани ин илмҳо шарти асосӣ ва муҳимтарин мебошанд. Чор ҳадафи Стратегии Кишвар: таъмини амнияти орзуқавории аҳолӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар барои мардуми соҳибватан ва соҳибистиқлоли он дорои аҳамияти аввалиндараҷа мебошанд.
Ҳар як фарди худогоҳ ва соҳибмаърифат дарк мекунад, ки амалишавии ҳар яке аз ҳадафҳои номбаршуда бе донистани сикли фанҳои табиӣ-риёзӣ ғайриимкон аст. Таъмини амнияти орзуқавории аҳолӣ, ки масъалаи ҳастӣ ва зиндагии мардумро ҳаллу фасл менамояд ба соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, иқтисодиёту иҷтимоёт вобастагӣ дорад. Табиист, ки пешбурди ин соҳаро ба татбиқи донишҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ номумкин аст. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ масъалаест, ки ба нақлиёт, роҳсозӣ, муҳандисӣ алоқамандӣ дорад ва он низ донишҳои ин сикли фанҳоро тақозо менамояд. Таъмини амнияти энергетикӣ, ки дар заминаи бевоситаи илми физика, электродинамика, элекротехника, ҳисобкуниҳои дақиқ ба амал бароварда мешавад, маҳз донистани донишҳои ин бахшҳоро тақозо дорад. Саноатикунонии босуръати кишвар, ки барои давлати мо ногузир аст, ба техника ва технология ва татбиқи онҳо дар корхонаҳои саноатӣ вобаста мебошад ва табиист, ки тамоми дастовардҳо дар соҳаи техника ва технология аз татбиқи илмҳои табиӣ ва риёзӣ бармеояд.
Аз нуқтаи назари мо барои татбиқи барномаи мавриди назар ва дуруст ба роҳ мондани омӯзиши ин илмҳо ва баланд бардоштани савияи дониши мардумони кишвар доир ба фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ чунин корҳоро анҷом додан лозим аст:
Дар ин матлаб мо оид ба баъзе масъалаҳое, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи сикли фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи мусоидат мекунанд, ибрози назар кардем. Шояд ин номгӯро идома додан мумкин аст, зеро дар шароити дигаргуниҳои босуръати ҳаёт омилҳои зиёде ба вуҷуд меоянд, ки боиси сомон додани тадбирҳои дигар мешаванд.
Он масъалаҳоеро, ки мо барои вусъат бахшидан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ байён намудем дар алоҳидагӣ мавзуоте мебошанд, ки омӯзиш, таҳлил ва корбасти онҳо таҳқиқотро тақозо менамоянд.
Хулоса, барои амалӣ сохтани барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст, ки масулияти иҷрои аксари онҳо ба зимаи омӯзгори мактаб ва муассисаҳои олӣ меистад.
Ниёзов Ҷонмаҳмад, н.и.п., дотсенти кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ