,
Сешанбе, 08-апрел
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон - ду кишвари Осиёи Марказӣ дорои захираҳои ғании барқиву обӣ мебошанд. Ҳарду кишвар айёми тобистон нерӯи барқи истифоданашаванда доранд. Дар ҳамин ҳол, ду кишвари дигари ҳамсоя – Афғонистон ва Покистон аз норасоии нерӯи барқ азият мекашанд. Хусусан, талаботи кишвари Покистон ба нерӯи барқ сол то сол бинобар афзун гаштани аҳолӣ зиёд мешавад ва худи кишвар дар танҳоӣ наметавонад мушкилии мазкурро ҳал кунад. Миллионҳо нафар дар кишвари Покистон маҷбуранд бе нерӯи барқ зиндагӣ кунанд. Лоиҳаи хатти интиқоли нерӯи барқ бо номи CASA-1000 ё худ Осиёи Марказӣ - Осиёи Ҷанубӣ маҳз ба хотири истифодаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ шудааст. «CASA-1000» бунёди хати баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистон то Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 477 километр ва аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар масофаи 750 километрро пешбинӣ мекунад. Мувофиқи лоиҳаи «CASA-1000» миёни кишварҳои ба ҳам шарик интиқоли қувваи барқ сурат гирифта, ба ин восита талафоти нерӯ дар фасли гармо аз байн бардошта мешавад ва чаҳор кишвар аз бӯҳрони норасоии қувваи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол раҳоӣ меёбанд. Дар Тоҷикистону Қирғизистон дар мавсими гармо миқдори зиёди қувваи барқ аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи истифодабарӣ ва шароити интиқоли он ба дигар кишварҳо талаф меёбад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «CASA-1000», яъне бунёди хати баландшиддати интиқоли қувваи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ метавон барқи ҳамасола талафёбандаро ба фурӯш гузошта, аз ин ҳисоб фоидаи зиёд ба даст овард ва маблағи мазкурро барои татбиқи лоиҳаҳои нави гидроэнергетикӣ дар кишвар истифода намуд. Мувофиқи созишнома Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давоми 15 сол ҳамасола аз моҳи май то моҳи сентябр 1300 МВт нерӯи барқро ба кишварҳои Покистону Афғонистон интиқол медиҳанд. Аз ин миқдор 1000 МВт барои Покистон ва 300 МВт барои Афғонистон пешниҳод мешавад. ** Аз 5000 МВт нерӯи барқе, ки дар давоми панҷ моҳ Покистон мегирад, 3000 МВт-ро Тоҷикистон ва боқимонда 2000 МВт-ро Қирғизистон таъмин хоҳад кард.
Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи "CASA-1000" ҳанӯз соли 2009-ум анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардида буд. “CASA-1000” дар таърихи муносибатҳои байналхалқӣ аввалин лоиҳаи бузурги минтақавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Мақсади асосии лоиҳа бо нерӯи барқ таъмин намудани Осиёи Ҷанубӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми минтақа ва рушди иқтисодиёти кишварҳост. Лоиҳаи CASA-1000 дар муносибатҳои байниҳамдигарии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон як марҳилаи муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Ин хати интиқоли барқи муосир ва пурманфиат имконияти минтақаро ба куллӣ тағйир дода, ба ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд. Истифодаи нерӯи барқ дар фасли тобистон ба рафти истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон ягон таъсире намерасонад ва ба захираҳои обиву энергетикӣ низ на дар замони ҳозира ва на дар оянда таъсиррасон буда наметавонад. Гузашта аз ин, даромади аз фурӯши нерӯи барқ бадастомада метавонад барои бартараф кардани норасоии барқ дар фасли зимистон истифода бурда шавад.
Айни ҳол ҷумҳуриҳои Покистон ва Афғонистон бо сабаби норасоии нерӯи барқ наметавонанд ба рушди иқтисодӣ муяссар гарданд. Соҳибкорон ва тоҷирон имконияти бунёд кардани корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро надоранд. Дар мактабҳо ва беморхонаҳо аз генераторҳои гаронарзиш ва зараровар истифода бурда мешавад. Аҳолӣ дар фасли тобистон бинобар дастрас набудани нерӯи барқ наметавонанд аз техникаҳои маишӣ истифода баранд. Шароитҳои асосӣ, ки дар дигар кишварҳо будани онҳо шарти ҳатмӣ дониста мешавад, дар Афғонистону Покистон муҳайё нестанд. Амалӣ шудани лоиҳаи CASA -1000 барои нигоҳ доштани субот ва оромӣ дар Афғонистон кӯмак карда, боиси беҳтар шудани вазъ дар соҳаи нақлиёт, алоқа, хизматрасонии маишӣ ва рушди иқтисоду кишоварзӣ мегардад.
То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 5-6 дарсади иқтидори гидроэнергетикии худро аз худ кардаасту халос. Мақсад аз татбиқи чунин лоиҳаҳои минтақавӣ - содир намудани неруи барқ дар фасли тобистон ва аз ҳисоби даромадҳое, ки аз он ба даст меояд, талаботи дохилиро бо неруи барқ қонеъ намудан аст. Яъне мақсади асосӣ иқтидорҳои нави гидроэнергетикиро бунёд намуда, бо ин иқтидорҳо ба ҳадафи асосӣ — истиқлолияти энергетикии кишвар расидан мебошад. Солҳои наздик бо назардошти бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ, аз ҷумла Марказҳои барқу гармидиҳӣ иқтидори энергетикии кишвар то 30-40 дарсад зиёд мегардад. Бо назардошти истифодаи самараноки нерӯи барқ, инчунин татбиқи як қатор иқдомҳо оид ба сарфаҷӯии неруи барқ имконияти содиротии кишвар то 10 млрд. кВ/с афзоиш хоҳад ёфт. Дар натиҷа метавон гуфт, ки дар чанд соли оянда Тоҷикистон натанҳо талаботи худро бо нерӯи барқ таъмин месозад, балки ба содиркунандаи бузурги он дар минтақа табдил меёбад.
Дар назар аст, ки бо сохта шудани хати баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000" фурӯшандагони қувваи барқ - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамасола аз моҳи апрел то моҳи октябр 5 млрд. кВт соат, аз ҷумла, тақрибан 3 млрд. кВт соат нерӯи барқ аз ҷониби Тоҷикистон ва 2 млрд. кВт соат аз ҷониби Қирғизистон таҳвил диҳанд. Албатта барои кишваре, ки мехоҳад дар бозори минтақавӣ ҳамчун содиркунандаи нерӯи барқ шинохта шавад, интиқол додани ин миқдор нерӯи барқ ва он ҳам ба муддати ҳамагӣ панҷ моҳ дар як сол набояд қаноатманд кунанда бошад. Вале бо назардошти он ҳама фишорҳои иқтисодиву бунбастҳои коммуникатсионӣ аз ҷониби дигар кишварҳои дуру наздик, имзо шудани ин созишномаро метавон ҳамчун комёбии ҷониби Тоҷикистон баҳогузорӣ намуд. Илова бар ин, дар созишнома омадааст, ки бо зиёд шудани иқтидорҳои истеҳсолӣ Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли зимистон низ нерӯи барқро интиқол хоҳанд дод.
Лоиҳаи CASA-1000 мураккаб, вале иҷрошаванда аст. Барои амалӣ шудани ин лоиҳа Шӯрои байниҳукуматӣ созмон дода шудааст, ки он дар марҳилаи аввали фаъолияташ ҳамкории манфиатноки байниминтақавиро таъмин менамояд. Дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ ин чор давлати ба лоиҳа алоқаманд барои амалӣ шудани нақшаҳо, ҷорӣ намудани нуқтаи назар ва қоидаҳои умумӣ, истифодаи меъёрҳои техникиву экологӣ ва таъмини меъёрҳои бехатарӣ қарорҳои муштарак қабул мекунанд.
Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиарду 86 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ба Ҷумҳурии Исломии Покистон - 209 миллион доллар, Ҷумҳурии Қирғизистон – 209 миллион доллар, Ҷумҳурии Тоҷикистон – 314 миллион доллар ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 354 миллион доллар тақсимбандӣ карда шудааст. Ҳамаи шарикони лоиҳа то имрӯз тамоми корҳои омодагиро ба сомон расонида, созишномаҳои асосии лоиҳа байни 4 кишвар таҳия, мувофиқа ва пурра ба имзо расонида шудаанд. Барои маблағгузории ин лоиҳа Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар ширкатҳо омодагии хешро изҳор намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари молиявӣ барои татбиқи лоиҳа пурра омода буда, дар ин хусус бо як зумра созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ созишномаи қарзӣ бастааст.
Маблағгузории қисмати Тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000:
Арзиши умумӣ - 314 млн. долл. ИМА
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд - 110 млн. доллари ИМА
Бонки аврупоии сармоягузорӣ - 79 млн. доллари ИМА
Бонки Исломии Рушд - 70 млн. доллари ИМА
Бонки Умумиҷаҳонӣ – 45 млн. доллари ИМА
Вазорати рушди байналмилалии Б. Кабир (DFID) - 38,5 млн. доллари ИМА
Ҳаммаблағгузории Тоҷикистон - 15 млн. доллари ИМА
Агентии рушди байналмилалии ИМА - 7,5 млн. доллари ИМА
Маблағи ҷалбшуда - 319 млн. доллари ИМА
Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энергетикии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Барои амалӣ шудани лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин бунёди зеристгоҳи табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ бо иқтидори 1300 мВт дар Сангтӯда, хати баландшиддати ҷараёни доимӣ дар масофаи 750 км аз Сангтӯда ба Кобул ва Пешовар, зеристгоҳи табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ бо иқтидори 300 мВт дар Кобул ва зеристгоҳи табдилдиҳандаи ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ бо иқтидори 1300 мВт дар Пешовар муҳим дониста мешавад.
Коршиносон ба лоиҳаи "CASA-1000" на ҳамчун тарҳи сирф иқтисодӣ, балки ба сифати як воситаи таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ назар мекунанд. Зеро лоиҳаи CASA-1000 намунаи олитарини ҳамкориҳо миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон буда, татбиқи он метавонад ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самти маблағгузорӣ ва пешрафти муомилоти иҷтимоӣ тақвият бахшад. Яъне, бо шарофати ин лоиҳа дар минтақа муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ низ беш аз пеш мустаҳкам мегарданд.
Мақсади аслии лоиҳаи CASA-1000 истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад. Бо эътино бар ин, соҳибназарон ҳамзамон ба манфиатҳои экологии тарҳи мазкур таъкид мекунанд. Гуфта мешавад, ки нерӯи барқи обӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, истифодаи бештар аз ин захираи табиӣ имкон медиҳад, ки кишварҳои минтақа ба барқи тозаву арзон дастрасӣ пайдо намоянд. Рушди гидроэнергетика ва шарикии кишварҳо дар ин самт аз таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва оқибатҳои ногувори партофти гази карбон ба атмосфера ҷилавгирӣ мекунад.
Имрӯзҳо дар марҳилаи оғози корҳо ҷиҳати татбиқи ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ масъулин талош мекунанд, ки ширкату корхонаҳои ватаниро ба рафти сохтмон ҷалб намоянд. Ин аст, ки чанде аз истеҳсолкунандагони дохилӣ аллакай барои иштирок дар озмунҳои марбут ба сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000" ва тавлиди маҳсулоти баландсифат омодагӣ мегиранд. ҶДММ "Ноқили ТАЛКО" дар шаҳри Душанбе аз корхонаҳоест, ки барои истеҳсоли ноқил ба миқдор ва сифати зарурӣ изҳори омодагӣ кардааст. Ба таъкиди роҳбарияти корхона, сатҳи байналмилалии сифати маҳсулот ва иқтидори бузурги истеҳсолӣ, инчунин имкони тавлиди навъҳои гуногуни ноқилҳо ба "Ноқили ТАЛКО" шароит муҳайё кардааст, ки дар қатори дигари ширкатҳои ҷаҳонӣ дар татбиқи ин лоиҳаи барои Тоҷикистону минтақа муҳим саҳмгузорӣ намояд.
Боигарии асосии кишвари мо захираҳои табиӣ буда, маҳз истифодаи самараноки он имкон медиҳад, ки талаботи дохилиро қонеъ намуда, содироти барқро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монем. Имкони содироти неруи барқи Тоҷикистонро ба кишварҳои дигар маҳз хати баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000" фароҳам меорад. Анҷоми пурраи сохтмони лоиҳаи мазкур соли 2020-ум дар назар дошта шудааст. Аммо тибқи нақшаи пешакӣ таҳвили нерӯи барқ аллакай дар соли 2018-ум оғоз хоҳад ёфт. Лоиҳа танҳо иқтидорҳои мавҷударо дар бар мегирад ва кишвари мо метавонад ӯҳдадориҳои худро дар назди харидорон таъмин намояд. Бо зиёд гардидани иқтидорҳои энергетикии кишвар ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди харидорон зиёд мешаванд ва ҳаҷми нерӯи барқи содиршаванда низ метавонад афзоиш ёбад. Бунёди хати интиқоли барқ дар доираи CASA -1000 барои васеъ кардани бозори минтақа, рушди тиҷорат ва пайдо кардани роҳҳои нави ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикии минтақа мусоидат мекунад. CASA -1000 барои ривоҷи муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон хизмат карда, барои рушди иқтисодии ин кишварҳо ва боло рафтани сатҳи зиндагонии аҳолӣ такони назаррас мебахшад.
Ҳамин тариқ мақсадҳои асоситарини лоиҳаи "CASA-1000" ба ҳадафҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба решакан кардани шаклҳои бадтарини камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мувофиқат мекунад. Бо амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар оянда ба маркази минтақавии тиҷорати нерӯи барқи арзону тоза мубаддал шуда метавонад. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ва робитаҳои дӯстонааш бо сарони давлатҳои ҷаҳон, пуштибонии СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлату созмонҳои баландэътибор моро ба татбиқи муваффақонаи КАСА-1000 эътимоди комил мебахшад. Ин имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба шоҳроҳи бузурги содироти нерӯи барқ қадами нави устувор гузорад.
Матлабро бо иқтибос аз таъкидоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000 барои ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ ҳамчун рамзи шуруъи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону таърихӣ мебошад” ба охир мерасонам.
Комилзода Низомуддин Бегаҳмад-номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ