, Чоршанбе, 02-апрел

ДӮСТИИ ХАЛҚҲО-ОМИЛИ САОДАТУ ШАРОФАТМАНДӢ

 01.04.2025 22

ДӮСТИИ ХАЛҚҲО-ОМИЛИ САОДАТУ ШАРОФАТМАНДӢ

Дӯстӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муҳимтарини инсоният ба шумор меравад. Он на танҳо барои равнақ ва таҳкими робитаҳо, балки барои рушди ҷомеа ва суботи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад. Мусаллам аст, ки ҳар қавму миллат барои зиндагии осоишта ва ободии кишвар бояд муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмиро асоси зиндагии худ қарор диҳанд. Зеро дӯстии халқҳо ба сифати омили саодатбахш на танҳо дар сатҳи фардӣ, балки дар робитаҳои байнимилалӣ ва байнидавлатӣ низ аҳамияти бузург дорад.

Ин нукта низ мафҳум аст, дар таърихи инсоният ҳамеша халқҳое, ки бо дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зистаанд, тавонистаанд дар фазои ваҳдату осоиштагӣ умр ба сар баранд ва ба рушди устувор ноил шаванд. Дар воқеъ дӯстии ҳақиқҳо миёни мардумон сабаби мустаҳкам шудани робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мегардад. Аз ин рӯ, барои таъмини амният ва рушди устувори давлатҳо, густариши муносибатҳои дӯстона байни миллатҳо аҳамияти хоса дорад.

Дӯстии байни миллатҳо ва кишварҳо омили муҳими субот ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳамкории дӯстона миёни кишварҳо барои беҳтар шудани зиндагии мардум, рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат мекунад. Халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо, дар тӯли таърих бо ҳам робитаи қавии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштанд. Ин дӯстии дерина ба онҳо имкон додааст, ки мушкилотро якҷоя ҳал намоянд ва барои рушди устувори минтақа саҳм гузоранд.

Дар марҳилаи нави таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни миллатҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, чун мунодии сулҳу амонӣ баро ҷомеаи башарӣ таклифоти созандаву ҳаётбахшандаро ба миён гузошта истодааст. Ӯ бар он назар аст, ки сулҳ ва суботи минтақа танҳо бо мустаҳкам кардани робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъмин карда мешавад. Дар ин замина, ташаббусҳои ӯ барои таҳкими дӯстии халқҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти вижа доранд.

Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти Тоҷикистон, солҳои охир муносибатҳои байни ин кишварҳо ба сатҳи нав баромада, ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ густариш ёфт. Таъсиси роҳҳо ва пулҳо барои рафтуомади озоди шаҳрвандон, рушди тиҷорат ва барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ самараи ҳамин сиёсати дӯстона мебошад.

Як намунаи равшани ин ҳамкориҳо бастани созишномаҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя оид ба истифодаи захираҳои обӣ, барқарор кардани рафтуомади марзӣ ва афзоиши савдои байнисарҳадӣ мебошад. Ин тадбирҳо барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардумони минтақа мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории бештарро миёни халқҳо таъмин менамоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни қадимии мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мо- тоҷикон ҳамеша омили муттаҳидсозандаи халқҳо буда, рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва дӯстӣ мебошад.

Ин ҷашн дар тули асрҳо ба халқҳои минтақа имкон додааст, ки бо ҳам якҷоя ҳаёти худро боз ҳам ободтар кунанд ва робитаҳои ҳамсоягӣ ва фарҳангиро тақвият бахшанд. Ин анъана имрӯз низ идома дошта, бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии роҳбарони давлатҳо ба сатҳи нав мебарояд.

Пайки ифтихорафзо ва муждаи сурурбахш аст, ки имрӯз, 31-уми майи соли 2025, дар шаҳри бостонии Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони се давлати дӯст ва ба ҳам бародар– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садыр Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзоев гирди хони наврӯзӣ ҷамъ омада, дар тантанаҳои ҷашни таърихии тоҷикон иштирок намуданад. Ин вохӯрии таърихӣ, ки дар фазои дӯстона ва самимият баргузор шуд, бозгӯи робитаҳои наздик ва муносибатҳои устувори халқҳои ин минтақа мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои таърихиву таърихофарӣ аз самари сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар фазои идона барои саодати абадии мардумонамон таманнои хайр сурат гирифта, зимни ин вохӯрӣ роҳбарони се кишвар як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкориро ба имзо расониданд, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои ҳамсоя саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Боиси ифтихор ва шодии афзуни ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист, ки дар ин чорабинии бошукӯҳи таҷлил аз Наврӯзи оламафрӯз устодону кормандон ва донишҷӯёни муассиса иштироки фаъолона намуда, дар арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи аносири миллӣ саҳим буданд.

Дар умум, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ на танҳо омили муҳими рушди давлатҳост, балки барои амнияти тамоми ҷомеаҳо низ аҳамияти хоса дорад. Ташаббусҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстии байни халқҳо на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳиму арзишманд мебошад. Танҳо бо ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ба ояндаи равшан ва зиндагии осуда ноил гардид. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар саҳм гузорад, то ҷаҳонро барои наслҳои оянда боз ҳам беҳтару осуда гардонад.

Маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат