, Душанбе, 31-март

ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН-МАНЪБАИ ОБУ ИҚТИСОД ДАР МИНТАҚА

 26.03.2025 50

ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН-МАНЪБАИ ОБУ ИҚТИСОД ДАР МИНТАҚА

Об муъҷизаи такрорнашаванда дар рӯи замин ба ҳисоб рафта ҳама намуди набототу ҳайвонот, дарахтону ҷангалзорон, хуррамии табиати биҳишосои диёрамон дар рӯи замин аз об сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки муносибатамонро ба обу ҳаво ва табиат ғамхорона изҳор намоем. Дар рӯи замин ҳар қатра обро сарфакорона истифода барем. Ин аст рисолати мову шумо барои зистану зиндагонӣ бахшидан.  Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар минбарҳои ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои худ диққати сокинони сайёраро ба масоили об ва ҳифзу покиза нигоҳ доштани он ҷалб менамояд. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва омили ҳастибахши табиат аст.

Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар  ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид мизбони аваллини Конференсияи байналмилали сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Ин музаффарият аз самари сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат ба кишвари мо даст ёфтааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аҳолии зиёди сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар ояндаи наздик аҳолии кураи замин қитъаҳои Африка, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Арабистон аз оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза танқисӣ мекашанд.

Ба ҳама маълум аст, пиряхҳои Тоҷикистон ҳангоми гармшавии зиёд онҳо тадриҷан об шуда, обхезиҳои зиёдеро дар дарёҳо ба амал меоранд. Ҳангоми омадани сел дар тобистон, ҳисороти калонро ба вуҷуд меоранд. Ҳар сол ҳангоми ҷоришавии сел дар дарёҳои Вахш ва Панҷ соҳилҳои ҷапу рости дарёҳо шуста шуда оқибатҳои нохуш ба вуҷуд меоранд. Хусусан селоби калон ба сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор зарарари иқтисодии зиёдеро ба амал меоранд. Дар ин ҷода ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зиёдеро дар сатми пешгирии обхезиҳо равона месозанд ва пешгирӣ менамоянд.

Оби ошомоданӣ ҳама вақт барои зиндагии сокинон зарур буда, сол то сол эҳтиёҷи сокинони саёра ба оби ошомидани зиёд мешавад. Зиёдшавии ҷомеа ва тағйирёбии иқлм боиси танқисии  аҳолии саёраи Замин аз оби ошомиданӣ гардида истодааст.

Табиати Тоҷикистони азиз бо неъмат ва имконоти мавҷудаи худ шароити мусоиди зисту зиндагиро барои мардум фароҳам овардааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ошноӣ пайдо кардан бо табиати форами кишвари мо ба ҳайрат мемонанд.

Сарвари Кишвари моро чун пешвои об мешиносанд. Ва шахсияташон эҳтиром менамоянд. Ташрифи меҳмонони воломақом ба Тоҷикистон, дӯстию ҳамкориҳои сарвари давлати моро ба кишварҳои дуру наздик нишон дод. Ин далелҳо шаҳодат аз он аст, ки муносибатҳои хуби мо ба мамлакатҳои ҷаҳон аз самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аст.

Ин аст рисолати Пешвои муаззами мо дар арсаи ҷаҳонӣ барои шароити мусоиди зисту зиндагонии ҷомеаи башарӣ. Мо низ чун пайравони асили Пешвои миллат ҷонибдори ин сиёсати инсонмеҳварона ва оқилонаи Роҳбари олии кишварем.

Давронова Мутриба Суҳробовна, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими они ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат