,
Душанбе, 31-март
Наврӯзи диёр паёми як соли нав аст,
Дар кишвари мо суруру рақсу тараб аст.
Наврӯзи диёр танини оғози ҷадид,
Бар қалби ҳама шукуҳи айёми нав аст.
Наврӯз ҷашни қадимаи мардуми тоҷику форс буда, таърихи тӯлониро соҳиб аст ва аз замони шоҳ Ҷамшед то ба замони мо омада расидааст. Рӯзи ҷашни Наврӯз аслан якуми моҳи ҳамал ё 21-уми марти солшумории мелодист. Ин ҷашни миллӣ ҳамасола дар саросари кишвар ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни бостонӣ дорои анъанаҳои махсуси худ аст, ки ин ҷашнро барои ҳамагон мақбул месозад ва бо расидани фасли баҳор ҳама дар интизори ин ҷашн мешаванд. Бо фаро расидани Иди Наврӯз мардум ба тозаву покиза намудаи манзил, кӯчаву маҳал машғул шуда, кинаву адоватро низ аз қалбу зеҳни хеш берун намуда ошти мешаванд.
Дар рӯзҳои наврӯзӣ пиру ҷавон ҳама либоси нав ба бар карда, ба дашту саҳро мераванд ва домани сабзи табиат дастархони Ҳафтшину Ҳафтсин меороянд. Дар ин хони наврӯзӣ хӯрокҳои бо ҳарфи син ва шин оғозшавандаро мегузоранд. Ғизои махсуси ин хон Суманак аст, ки маҳз дар Наврӯз, аз сабзаи гандум бо як орзуву армон аз шом то ба саҳар бо дастони пурҳунари модари тоҷик пӯхта мешавад. Занҳо ҳама сарҷамъ шуда, суманакро дар дег меандозанд ва оташ гузошта то ба субҳ сари деги суманак суруд хондаву деги суманакро омехта мекунанд. Ҳамин гуна субҳи рӯзи Наврӯз суманак омода мегардад ва ба дастархони наврӯзӣ зебу зиннат ва лаззати беҳамто мебахшад. Сари дастурхони Ҳафтшину Ҳафтсин ҳама нишаста, духтарон бархе усма ба абрувон мекашанд дигарон шеър мехонанд ва гурӯҳи дигар бошад ба сурудхонӣ ва рақсу бозӣ машғул мешаванд. Мардон бошанд дар ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои гунонро мисли гуштингирӣ, бандкашак, хурусҷанг, шоҳмот ва зумраи дигари бозиҳоро ороста якҷо гирд меоянд.
Ҳамин тариқ, Наврӯз муждаи як соли нав буда, ин ҷашни куҳан аз насл ба насл мерос монда, яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллии мост. Маҳз ҳамин анъанаҳои куҳан онро то имрӯз зинда нигоҳ доштаанд ва он ҳамеша бо зебоии худ дилҳоро тасхир намуда ва паёми сулҳу дӯстиро ба ҷаҳониён мерасонад.
Сумаёи Диловар – донишҷуи курси 3-юми факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ