, Шанбе, 29-март

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ

 18.03.2025 50

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ

Барқарор ва таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳои ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳое, ки таърихан ба ҳам наздиканд, аз муҳимтарин вазифаҳои роҳбарони сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои ҳассоси марзӣ ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Қирғизистон аҳамияти махсус доранд.

 Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои маҳбуби миллат сулҳу дустӣ ва ваҳдату якдилиро дар сиёсати сулҳҷӯёнаи худ дар ҷои аввал гузошта, пайваста дар баромадҳояшон вобаста ба сулҳу соботи сартосарии дар Тоҷикистон ва минтақа такид менамоянд. Дар ин замина метавон гуфт, ки дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сулҳу ҳамбастагии халқҳо мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар тамоми давраҳо ба принсипҳои ҳамсоягии нек, ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн такя намудаанд.

Ва хушбахтона, дар идомаи ҳамин амалҳои неку хайрхоҳона ва муносибати хуби ҳамсоягӣ боз як ташуббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси принспи ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмӣ муносибати байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз сари нав ба таври ҳасана барқарор гардид.

Яке аз омилҳои муҳими муваффақияти Пешвои миллат дар беҳбуд бахшидани муносибатҳо бо Қирғизистон ва дигар ҳамсоякишварҳо сиёсати «дарҳои боз» ва дипломатияи созанда мебошад.  Вобаста ба ин метавон гуфт, ки сулҳу амонӣ аз нигоҳи Пешвои миллат асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад.

Пешвои миллат ҳамеша ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва мардумӣ бо кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳи махсус доранд. Дар доираи чунин сиёсати нек, чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, табодули гурӯҳҳои ҳунарӣ ва шабҳои дӯстӣ баргузор мегарданд, ки дар таҳкими эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром нақши калидӣ мебозанд.

Илова бар ин, Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳо ва паёмҳои расмии худ таъкид кардаанд, ки сулҳ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек омили асосии суботу рушди минтақавӣ мебошанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат амалӣ мешавад, имрӯз ҳамчун намунаи ибрат дар минтақа эътироф гардидааст. Ҳамчунин, нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои муколама, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ шоёни таҳсин аст. Ин ҳама тадбирҳо ба хотири таҳкими дӯстии халқҳо ва таъмини суботи пойдор равона шудаанд.

Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва дӯстии байни Тоҷикистону Қирғизистон беназир ва таърихӣ мебошад. Бо раҳнамоии сиёсати хирадмандона ва ҳадафманд, муносибатҳои ду кишвар тадриҷан ба сӯи эътимоди бештар ва ҳамкории мутақобилан судманд равона шудаанд. Ин раванд на танҳо ба манфиати ҳарду кишвар, балки ба суботи куллии минтақа хизмат мекунад.

Бо ҳидоят ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории муштарак ташкил гардида, масъалаҳои марзиро бо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба манфиати ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин раванд дар самти пешбурди раванди демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад нақши муҳиму созанда бозид.

Ёдоварии ин нукта лозим аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор шуданд ва дар тӯли ин солҳо, ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои худро рушд додаанд.

Бо вуҷуди ин, масъалаҳои марбут ба муайян ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни ду кишвар дар гузашта боиси баҳсҳо ва муноқишаҳо гардиданд. Хушбахтона, 13 марти соли 2025, президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи таърихӣ оид ба демаркатсияи сарҳади муштарак имзо карданд, ки ҳадафи он хотима додан ба низоъҳои тӯлонӣ дар ин минтақа мебошад.

Ин пешрафт нишондиҳандаи иродаи қавии ҳар ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини субот дар минтақа мебошад. Бо татбиқи пурраи ин созишнома, интизор меравад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла тиҷорат, нақлиёт ва фарҳанг, боз ҳам густариш ёбанд.

Ҳамин тариқ саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарории сулҳ ва тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Қирғизистон беназир буда, сиёсати хирадмандонаи эшон кафолати амният, пешрафт ва зиндагии осоишта барои мардумони ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад.

Сулҳу дӯсти дар сиёсати созандаи Пешвои маҳбуби миллат асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳасти давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зиндаи олам эҳсос мешавад.

Зиндаву поянда бод сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Алишери АБДУЛМАҶИД, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи РӯдакӣПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ СУЛҲУ ОСОИШТАГӢ

Алишери АБДУЛМАҶИД, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба рӯйхат