, Шанбе, 29-март

ҶУМҲУРИЯТ-САД СОЛИ БОЗГӮЙИ ФАРҲАНГУ ХУДШИНОСӢ

 15.03.2025 56

ҶУМҲУРИЯТ-САД СОЛИ БОЗГӮЙИ ФАРҲАНГУ ХУДШИНОСӢ

Соли 2025 рӯзномаи “Ҷумҳурият” 100-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Ин рӯйдоди муҳимми таърихиву фарҳангӣ, ки на танҳо идомаи матбуоти миллист, балки инъикосгари арзишҳои волои давлатдорӣ ва худшиносии миллии тоҷикон мебошад.

Ин расонаи бонуфуз дар тӯли як аср шоҳиди таҳаввулоти зиёди сиёсиву иҷтимоӣ буда, ҳамеша дар сафи пеши ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таблиғи фарҳанги тоҷикон қарор дошт. Аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз, “Ҷумҳурият” дар партави рӯйдодҳои муҳими таърихӣ рушд ёфта, рисолати худро ҳамчун оинаи давлату миллат ҳифз кардааст.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун минбари давлативу ҷамъиятӣ, тӯли як аср фаъолияти созандаро дар самти таблиғу ташвиқи фарҳанг, тамаддуни миллӣ, забон, таърих ва анъанаҳои мардуми тоҷик анҷом дода, ба мактаби воқеии тарбияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ табдил ёфтааст.

Ин рӯзнома дар баробари инъикоси рӯйдодҳои муҳим ҳамеша як мактаби бузурги рӯзноманигорӣ низ буда, даҳҳо журналистони маъруфи тоҷикро тарбия кардааст. Бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи матбуоти миллӣ фаъолияти эҷодии худро аз ҳамин рӯзнома оғоз намуда, минбаъд ба сатҳи баланди касбӣ расидаанд.

Дар ин муддати тӯлонӣ, рӯзнома ҳамчун ниҳоди боэътимоди иттилоотӣ бо вуҷуди таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давру замон тавонист рисолати аслии хешро ҳифз намояд. Он дар саҳифаҳои худ на танҳо воқеиятҳои рӯзро инъикос мекард, балки дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Хусусан, пас аз соҳибистиқлол гардидани давлати азизи мо Тоҷикистон, нақши рӯзнома боз ҳам бештар гардид. Дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ “Ҷумҳурият” ҳамчун як манбаи боэътимоди иттилоотӣ дар таҳкими ваҳдат, таблиғи сиёсати давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми назаррас гузошт.

Имрӯз, таҳти роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо рӯҳияи нав, муҳтавои бой ва равиши муосир фаъолият намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии мардум нақши калидӣ мебозад. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки расонаҳо бояд оинаи ҷомеа, ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва тарғибгари худшиносӣ бошанд. “Ҷумҳурият” маҳз чунин рисолатро ба дӯш дорад.

Ин рӯзнома ҳамчунин минбари адибону олимон ва равшанфикрон пайи иҷрои рисолат аст. Дар саҳифаҳои он бисёр шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг ва сиёсат андешаҳои худро баён намудаанд. Мақолаҳо ва таҳлилҳои онҳо дар ташаккули афкори ҷомеа ва рушди маърифати шаҳрвандӣ нақши назаррас доранд.

Ин рӯзнома на танҳо бозгӯйи рӯйдодҳои муҳими кишвар, балки минбари озод барои андешаронӣ, баррасии масъалаҳои муҳим ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ гардидааст. Саҳми он дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ шоёни таҳсин аст.

Бисту якум аср, асри иттилоот ва рақобати озоди афкор аст. Дар ин шароит рӯзномаи “Ҷумҳурият” вазифаҳои навро ба зимма гирифта, бо истифода аз технологияҳои муосир, саҳми хешро дар раванди созандагӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар гузошта истодааст.

Ҳамин тавр, 100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” на танҳо ҷашни як расонаи бонуфуз, балки нишонаи пайванди насли гузаштаву имрӯза ва нишон аз устувории ҳувияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавист. Яъне ба баёни дигар, “Ҷумҳурият”- оинаи миллат, забони миллат ва дили миллат аст!

Алишери Абдулмаҷид, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат