, Шанбе, 15-март

МОДАРЗАМИН РАБУД ЗИ МАН МОДАРИ МАРО

 06.03.2025 58

МОДАРЗАМИН РАБУД ЗИ МАН МОДАРИ МАРО

«Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар – ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Эмомалӣ Раҳмон

Модари тоҷик бо хости Худо ба халқи тоҷик марди арсаи сиёсат Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд, ки барои миллату сарзамини азияткашидааш ҳамдилию ҳамбастагӣ ва сулҳу осоиштагии бебозгашт овард.

Модари тоҷик дар тули таърих ба инсоният ҳазорон фарзандони асил ва нобиғаҳоро, ба монанди Закариёи Розӣ, Рӯдакӣ, Умари Хайём, Абуали ибни Сино, Муҳаммади Форобӣ, Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунии Хоразми, Муҳаммади Тусӣ, Ҷаллолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, додааст.

Ёдрас менамоям, ки дар қатори шоирону олимон инчунин сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домони покаш парваридааст. Имрӯз ва оянда низ қодир аст фарзандоне ба дунё орад, ки номбардорони аҷдодони хирадманду сарбаланди худ бошанд ва ба ганҷинаи тамаддуни башарият мисли гузаштагони хеш дурдонаҳои ноб ҳамроҳ намоянд. Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳарсол дар ҳафтаи аввали рӯзҳои нахустини бедоршавии мавҷудоти табиат, бо ороишу гулу сабзаву себаргаву дарахтон бо оғози баҳори файзбор дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Таърихи забон гувоҳ аст, ки вожаи модар қариб дар аксарияти забонҳои байналмилалӣ бо ҳарфи “М” оғоз мегардад. Дар забони ноби тоҷикӣ низ бо ин ҳарф оғоз мегардад. Агар ба ҳарфҳои таркиби ин вожа мафоҳиму вожаҳоро интихоб кунем он чунин сурати муҷаллоро соҳиб мешавад: М-меҳнат, меҳр, муҳаббат; О-оромӣ, осудагӣ, ободӣ; Д-дардошно, давову дармон; А-адолат, адаб, амонӣ; Р-раҳм, ризқ, раҳнамо.

Дар тавсифу бузургии модар садсолаҳо шуд менависанд, аммо ин навиштаҳо ҳануз қатрае аз баҳр мебошад. Шоири рангинхаёли тоҷик, шоире, ки осори у ҷаҳониёнро тасхир кардаву бутпарасту ҳинду арабу аҷам, насрониву оташпараст аз осори ӯ чун оби зулол мавриди истифода қарор медиҳанд гуфтааст:

Ҳақ ҳазорон санъату фан сохтааст
То, ки модар бо ту меҳр андохтааст.

Вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи Зан-Модар ин тарбияи фарзандони солеҳ, ватандӯсту хештаншинос, шуҷоу зирак, адолатпарвару созанда мебошад. Хушбахтона, модари тоҷик аз азал ин масъулиятро бо сари баланд ва қаҳрамонона иҷро карда истодааст. Модар бузургу беҳамтост. Муҳаббати покаш мисли кайҳон беканору беохир аст. Дили модар барои фарзанд ҷовидонтарин ҷойгоҳ аст. Фарзанд дар дунёи рангини модар, ки бешубҳа, фарҳангистони адаб аст, ба воя мерасаду камол меёбад. Модар то ҳастему ҳаст моро аз душвориҳо наҷот медиҳад ва дастгири мо дар зиндагӣ боқи мемонад. Воқеъан, модар бо он қудрат ва рисолате, ки дорад болотар аз фаришта аст, зеро баъд аз Худованд танҳо уст, ки меофарад ва бо ин каромоташ дарёи умри инсониро ҳамеша шодоб мегардонад. Шоире гуфта:

Модар фаришта нест,
Шоҳи фариштаҳост.
Дар ошёни дил,
Дар тоқи синаҳост.

 Ба гуфтаи шоир ва нависандаи Амрикоӣ, ки дар васфи модар таълифоти зиёде дорад ва ӯ дар асри XIX умр ба сар бурдааст, “Дар ҷаҳон академияе беҳтар аз оғуши модар нест”.

Ҳар гоҳе ки ба зиёрати оромгоҳи модар ба водии хомӯшон мераваму дар танҳоӣ сари зону менишинаму сар ба саҷда мебарам, пешониро ба хоки тира месояму онро ба дидаҳои худ мемолам. Фарёди аламнок қалбамро фарогир мешавад. Ман мемонаму ғами бемодарӣ, ман мемонаму нолаҳои дили дардманд. Дар ин водии хомӯшон, ману ин теппаи хоки сард, ки модарро ба оғуши худ гирифтааст, ба ҳам хирра мешавем. Дар болои ин хоки сард солҳост, ки сабза медамад ва тирамоҳ хазон мешавад. Ин рӯйидану хазоншуданҳо асрор дорад, моро ҳушдор медиҳад, ки хазон дар камин аст, рӯзе фаро хоҳад расид. Бо бадали ҳарфи дил дар назди оромгоҳи модар, ҳасрати бемодарӣ мешиканам. Модар азизтарин нафар ва маҳбубтарин шахс барои тамоми ҷомеаи башарист.

Пажуҳишгари адабиёт аз Афғонистон Яъқуби Ясно дар бораи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва модари ӯ чунин сатрҳоро рӯи қоғаз овардааст. Ӯ воқеан ҳам дар домони як модари одиву дарёдили тоҷик сабзида, дар саҳни як русто ба воя расида, то ба қаҳрамониҳо, то ба корнамоиҳои азим даст ёфт. Бо вуҷуди он, ки шахсияти ҷаҳонӣ шуд, ҳаргиз модар ва ҷойгоҳи ӯро фаромӯш накард. Маҳз илтифоти Илоҳӣ, дуои сабзи модараш ӯро ба тахти арҷ, ба тахти наҷобату роҳбарӣ расонд. Яке аз шоирони бузурги тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи модарон як шеъре эҷод кардааст, касро ба андеша водор месозад. Ин шеър «Меҳри модар» ном дорад.

Ман тавонам сурати модар кашам,
Сурати модар бо хатти зар кашам.
Ман тавонам чашму руву мӯи ӯ,
Бо ҳазорон ранг зеботар кашам.
Лек ҳайронам, ки меҳри модарӣ,
Ман чи сон дар сафҳаи дафтар кашам.
Пас шабоҳат дорад он бо нури меҳр,
Ман варо бо шуълаи Ховар кашам.

Яке аз ситораҳои назми форсу тоҷик Маликушшуаро Баҳор дар дар бораи модар нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният бо шеъри «Дили модар» андешаҳои рӯшани худро хело хуб бо мантиқи баланд ифода кардааст.

Эй писар, модари худро маёзор,
Беш аз ӯ ҳеҷ касро дӯст мадор.
Меҳри модар чу бувад бунёдӣ,
Нашавад кам зи азо ё шодӣ.
Момро бо ту ҳамон меҳр ба ҷост,
Нест ин меҳр, ки ин меҳри Худост.

Худованд барои инсоният муъҷизаҳои зиёде- об, хок, бод, оташ, Мусҳаф, илми кимиё, риёзӣ, зистшиносӣ, Замин, Модарро офаридааст. Дар ҳаёти инсон танҳо модарон бо хоҳиши худ ба истиқболи марг мераванд. Ин амалро ягон мавҷудоти зиндаи ақлдор ба душ намегирад. Шоир Маҳдии Суҳайлӣ дар шеъри «Модар маро бубахш» чи қадар таъсирбахш гуфтааст.

Рафти ба остонаи марг аз барои ман,
Эй тан ба марг дода! Бимирам барои ту.

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, шоири рангинхаёл Файзи Ашӯр дар китоби ба тозагӣ нашр намудаи худ, ки «Оре, манам дарахт» ном дорад дар шеъри «Тан ба пирӣ надиҳад» дар бораи модар як тасвири муҷалое рӯи сафҳаи дафтар овардааст, ки қалбҳоро ба ларза меоварад.

Модарам пир шудаст,
Модарам пири асогир шудаст.
Қиргун мӯйи сараш гашта сафед,
Метавон гуфт, ки чун шаршараи шир шудааст.

Мӯи сафеди модарро бо шаршараи шир мушабеҳ кардан аз мантиқи баланди шоир гувоҳӣ медиҳад.

Модар ошиқ аст, ошиқи фарзанди хеш. Барояш аз парвариши фарзанди хеш болотару болотар чизе нест. Модар барои фарзанд як сипар аст алайҳи марг. Аз бузургӣ, шаъну шуҳрат, иззатмандӣ модарон ҷумла инсонҳои дарёдилу рангинхаёл, кулли эҷодкорон суханони сазовор гуфтаанд. Шоири шинохтаи тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ дар шеъри «Дар забони мо забони модар аст» чунин нигоштаҳоро рӯи қоғаз овардааст:

Он Худое, к-у ба тан ҷон офарид,
Аз гили шурида инсон офарид.
Офарид аз Кавсару хоки баланд,
Пайкари занро муҳибу арҷманд.
Ҳарфи модар ҷумла аз оби зар аст,
Қадри ӯ аз меҳру маҳ болотар аст.
Модар, эй машъалбадасти бору барг,
Пуштибони зиндагӣ бар қасди марг.

Низом Қосим шоири маъруфи тоҷик қайд менамояд, ки дар дунё бисёр сафар кардам, ба мамлакатҳои гуногун дар конфронсҳо, ҳамоишҳои шоирон ширкат варзидам, дар иқлимҳои гуногуни сайёра ҳамнишин шудам, аммо шаббодае чун шаббодаи остини модарамро надидам:

Беҳтарин шаббодаҳо дидам, вале шаббодае,
Хуш надидам чун насими остини модарам.

Дар рӯи қабри модаре дар водии хомушон хондам, ки басо муҷиби таъсир ба қалби инсонҳост.

Одамӣ рӯзе ба доми марг мегардад асир,
Модари худро ба вақти зиндагонӣ дастгир.

Ё дар рӯи қабри модари дигаре чунин ҳарфҳо навишта шудаанд:

Дар куи абад модари дилсӯз ба хоб аст,
Инҷо ба саволи ҳамаи умр ҷавоб аст.

 Шоир Нуруллоҳи Ориф мегӯяд, ки эй модар, дар ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургию хоксорӣ, садоқат ба пешаи интихобнамудаи худ нуҳуфтааст. Шири поки ту, овози нарму ба дилу дида наздик касро мисли Рустами паҳлавон мекунад. Ӯ дар шеъри «Аллаи Модар» чунин мисраъҳоро аз қалби саршори худ ба модар мебахшад:

Аллаи Модар калонам кардааст,
Тифл будам навҷавонам кардааст.
Ёд дода бар ман ӯ роҳи дуруст,
Аз паи қисмат равонам кардааст.
Шири аз қанду асал ширинтарам,
Бин, чӣ сон ширинзабонам кардааст.

Шоири саршиноси тоҷик Назри Яздон дар шеъри худ бо номи «Ёди модар бӯи дармон мекунад» зебоию боназокат, муҳаббату самимият, оҳҳои сарду сӯзони модарро, ғамгусории модар, чун мумиё дармонбахшии модарро аз сари андеша чунин ниқоб кашидааст.

Ёди модар бӯи райҳон мекунад,
Бӯи шеванҳои бирён мекунад.
Ғамгусори ман, шифоят рафт, рафт,
Ёдаш акнун бӯи дармон мекунад.
Марҳами ман, мумиёям рафт, рафт,
Ғамгусори ман, шифоят рафт, рафт.
Талху ширин рӯзгораш ёд бод,
Ёдаш акнун бӯи дармон мекунад.

Дар охир, бо таманнои саодати башарӣ ва хушиву хушрӯзгории занону бонувони тоҷик аз лахти ҷигар мегӯем:

Модар ту беназир
Такрор нопазир.

Холиқов Сафар - н.и.х., дотсент мудири кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Раҳимов Рамазон - ассистенти кафедра




Ба рӯйхат