,
Шанбе, 15-март
Модар-олиҳаи ҳастӣ, қиматтарин баҳои зиндагӣ ва баъд аз Худованд сарчашмаи ҳаёти инсон дар рӯи замин аст. Муҳаббати бепоёну самимии ӯ ягона бақоест, ки дар олам танҳо фарзандро муяссар мегардад. Ӯ натанҳо ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти фарзанд хислатҳои накӯтарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Модар офарандаи зиндагӣ, такягоҳ ва рамзи муҳаббат аст. Бешубҳа, оғӯши гарми модар биҳиштеро мемонад, ки кас аз он на сер мегардаду на хаставу озурда. Ҷое, ки модар аст ишқ аст, меҳр аст, вафову сафои зиндагӣ он ҷост.
Модар ягона шахсест, ки барои муҳаббаташ подош намехоҳад ва барои хушбахтиаш аз молу сарвати дунё дида, солим будани фарзанд баҳои ду олам аст.
Хонае, ки дар он модар нест ба маъное хона нест, ҳузури модар баракат аст. Кулбаи мо бо вуҷуди ӯ бӯи мушку анбар медиҳаду шодию сурур дари кулбаи моро ҳеҷ гоҳ тарк намесозад. Аз қадим модар тарбиятгар, таълимрасони фарзанд будаву ҳаст. Зеро тарбия аз батни модару аз оғӯши гарми ӯ сарчашма мегирад.
Меҳрубоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст,
Қаҳрамоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст.
Аввалин рафтору гуфторам бувад аз дасти ӯ,
Нуктадоне дар ҷаҳон дорам, ки номаш модар аст.
Модар бо заҳмату талоши беандоза пайваста паи тарбияи фарзанд мекӯшад. Танҳо ӯст, ки тамоми саъйи худро барои беҳ гаштани умри фарзанд сарф месозад. Аз худ гузаштанҳои модар баҳри фарзанд қаҳрамониест бемислу монанд. Ӯ барои ҷомеа як шахси комил ба воя мерасонад.
Модар – рамзи садоқат, вафо ва фидокорист. Ӯ тамоми умри худро баҳри хушбахтии фарзандонаш бахшидааст, бе хастагӣ меҳнат мекунад ва талош менамояд то ки фарзандонаш ояндаи дурахшон дошта бошанд.
Модар фариштаи олами ҳастӣ аст. Мо бо ҳузураш шодему масрур, ягона нафаре, ки дар ҳама лаҳзаҳои ҳаёт номи ӯ вирди забонамон чарх мезанад ин номи модар аст. Тифле, ки нав ба ҳарф омадаву чанд калимае аз худ кардааст аввалин ҳарфаш модар аст ё пири барҷомондае, ки аз ҳама дори дунё мондааст охирин лаҳзаҳои ҳаёти худ бар лаб нидои модар дорад.
Мо дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ ниёз ба модар дорему дуои ҳамешагии ӯ моро эмин аз ҳама хатарҳост. Дасти дуои ӯ моро роҳкушоест баҳри сарбаландию саодатмандии рӯзгор.
Модар дар рӯи замин ягона нафарест, ки бо вуҷудаш ғам барои мо фарзандон бегонаву ҳаёт ширину рангоранг ва орзуҳо намирандаву пояндаанд. Симои зебою нуронии ӯ ҳамеша хандону кушода буда, оғӯши гарми ӯ баҳри истиқболи фарзанд дар ҳама лаҳзаҳои зинадагӣ боз аст. Ба хаёлам тамоми модарони дунё зебоянд. Ҳамаи онҳо ишқ ҳастанду меҳр аммо якеро бо дигаре шабеҳ донистан ё ташбеҳ дода намешавад.
Дар ситоиши ин олиҳаи меҳр ҳар қадар шеъру тарона ва асрҳо китоб ба табъ расонем ҳам касе ё ҳеҷ як тарзи баёне бузургию азамати ӯро васф карда наметавонад.
МОДАРАМ-бузургтарин неъмати Худо ва лутфи беандозаи сарнавишт барои ман дар рӯи олам аст. Тамоми ҳастиям фидои ту эй дурдонаи умри ман. Бигзор офтоби умрат ҳамешагӣ болои сари мо фарзандон дурахшон бошад.
Шуълаи нури илоҳӣ руйи модар будааст.
Саҷдагоҳу қиблаи ман куйи модар будааст,
Бе дуояш ҳамчу сарви ташналаб сӯзам, мудом.
Умри саршори ман аз он ҷӯйи модар будааст.
Мунисаи Маҳмадрабӣ, мутахассиси маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ