,
Шанбе, 15-март
Бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон ва фарҳанги миллат аст. Модар, дорои чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор аст, ки бузургони олам дар пешаш сар фуруд овардаанду меоранд.
Модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро, фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва миллати хеш мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад. Нақши модар, махсусан, дар тарбияи фарзанд, омӯхтани забон, фарҳанг ва умуман, камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле калон мебошад. Ин масъулияти бузургро ҷуз модар касе аз ӯҳдааш баромада наметавонад.
Модар барои ҳар як фарзанд азизу муқаддас аст. Модар арзишманд аст, ки он арзишро бо чизе баробар кардан нашояд. Он аз ҳама болотару волотар аст. Ҳама фарзанд новобаста ба синну солаш барои модар кӯдак аст. Маълум аст, ки ин аз меҳру муҳаббати зиёди модар нисбати фарзанд аст.
Мусаллам аст, ки мафҳуми модар, чӣ калимаи ширин, таъсирбахш ва дилангез аст. Вақте ки вожаи модарро ба забон меорем, тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси хуше фаро мегирад, ки онро ба чизе қиёс карда наметавонем.
Модар ба мисли замину осмон яктост ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беҳамто ва ҷовидонист. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки қиматтарин ва ноёбтарин неъмати дунё-фарзандро ба дунё меорад.
Оҳ модар! Намедонӣ чӣ қадар бароят дилхунаму чашмам ба роҳат чор, чашмонам бо ёди ту ҳамеша пурнам ҳасту дилам пуралам. Чи қадар ҷудоӣ аз ту вазнин аст бароям, туро сахт ёд кардам, модарҷон!...
Ҳар лаҳзае чашмонамро мепӯшам, пеши назарам хандаҳои ширину зебанда ва қаду қомати зебоят ҷилвагар мегардад ва ҳар лаҳза садои хандаҳои пасту дилкашат ба гӯшам мерасад. Сад афсӯс, модарҷон, чун чашм мекушоям ин садоҳо хомӯш мегардад, зеро ин ҳама дар хоб будаасту халос.
Баҳори нозанин ҳам омад, дашту саҳро, кӯҳу пуштаҳо ҳама сабзпӯшу гулпӯш шуданд, вале аз ту модарҷон ҳанӯз дараке нест. Биё модар, баъди Худованд офаридгорам, бузургтарин шахси ҳаётам, биёву дастони гарматро бар сарам бигузор ва лаҳзае диламро ором намо, каме ҳам бошад рози диламро бо ту ифшо кунам.
Дар кӯдакиам хобат надодам,
Шаби торику маҳтобат надодам.
Зи дасти ман кашидӣ ранҷи бисёр,
Вале ман косаи обат надодам.
Бубахшо, очаи ҷонам, бубахшо!
Эй Биҳишт дар рӯи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти манӣ, зеро ту маро бизодӣ, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳвораам нишаста, бехобӣ кашидӣ, ранҷ кашидӣ, вале ҳеҷ гоҳ наранҷидӣ.
Ту бароям гули биҳиштӣ, ки аз бӯи хушат ҷаҳон муаттар мешавад. Аз дуриву ҷудоии ту ҳамеша маҳзунам. Бе ту дунё бароям ҳеҷ аст, медонӣ модарҷон?
Бале, Модар азизтарин, қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, химматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар будан худ давлати бебаҳост. Ба мисли оғӯши модар макони гарму нарми дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Модар дар ҳама ҳолат, пайваста дар ёди фарзанд ҳаст. Аз даст рафтани Модар барои фарзанд фоҷеаи хеле гарон аст.
Дуруст аст, ки давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо ёфта, бо номи он хотима меёбад. Ҳар фарзанде, ки қадру қимати модарро медонад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Тавре шоир фармуда,
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Дар ҳаққи модарон чи қадар сухан гӯем кам аст, онҳо хеле бузурганд!
Модар, модар ба ҷон баробар модар,
Дубора нашуд ба кас муяссар модар.
Даминзода Хатичамо, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ