,
Ҷумъа, 31-январ
«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор меравад. Асосу мазмуни ҷашни Садаро тибқи ривоятҳо ғолиб омадани рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва хубию некӣ бар бадию зиштӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург ва баргузор намудани ҷамъомадҳо таҷлил мекарданд.
Дар бораи шарҳи калимаи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун дарҷ гардидаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “Сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад.
Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт.
Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”. Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози Фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-юми марти тақвими мелодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи Меҳр (баробари 22-октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи Обон (баробари 23-октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи Исфандро (баробари 20-марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби Ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад). Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи Сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Шоир, Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин ба назм даровардааст:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид.
Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:
Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,
Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.
Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст,
Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти анъанаҳои қадимӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз эътироф гардидааст. Сада рамзи рафтани нисфи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамуд. Ҷашни Сада бо алангаи гулхани равшани худ сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор пайванд менамуд ва мардум фарорасии Наврӯзро бесаброна интизор гашта, ба ҷашнгирии бузургтарин ҷашни баҳор-Наврӯзи оламафрӯз тайёрӣ медиданд.
Исуфзода Дилшод, Ҷуразода Шоҳмурод, устодони факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ