,
Сешанбе, 21-январ
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосост, ки ҳамасола дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ Паёми роҳбари муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардум ироа мегардад. Паёме, ки ин навбат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба аҳли зиё ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд, тамоми бурду бохти фаъолияти яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, ҳамаи самтҳо мушикофона таҳлил ва баррасӣ гардид.
Хотирнишон намудан лозим аст, ки Паём барои рушду инкишофи кулли соҳаҳои фаъолияти Ҳукумату Давлат ва мардуми Тоҷикистон нигаронида шуда, ҳамчун роҳнамо барои мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат менамояд. Он ҳисоботи солонаи давлату ҳукумат буда, дар он пешрафту дастовардҳои иқтисодию сиёсии кишвар дар солҳои охир, пешваривиҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, мушкилот дар ҳаёти давлат ва ҷомеа баён шуда, дастуру вазифаҳо барои солҳои минбада муайян карда мешавад.
Зимни ироаи Паём Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди тасъсири ҷаҳонишавӣ ва вазъи нохуби ҷомеаи ҷаҳон соли 2024 бо дастовард ва рушди бесобиқаи тамоми соҳаҳои ҳайёти иҷтимоӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд. Ҳамзамон бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардида, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми мамлакат мебошад. Бинобар ин, ба тамоми мардуми шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.
Дар робита ба ин таъкид доштанд, ки “Андоз асоси мавҷудияти давлат мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва масъулияти андозсупории шаҳрвандон муҳим мебошад. Рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ зарур аст. Аз ин рӯ пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад”.
Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар солҳои охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд.
Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳми соҳибкорон дар рушду нумуи кишвар ва бунёду азнавсозии биноҳои маишиву хизматрасонӣ, роҳу пулҳо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1-уми январи 2027 мораторий эълон карда шавад. Ин кор бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазо барои ҷалби сармоя ба кишвар амалӣ карда мешавад” .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Пешвои миллат дар паёмашон барои беҳтар намудани шароити забономӯзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотро таъкид карда, вобаста ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ва сохторҳое, ки дар наздашон муассисаҳои таълимӣ доранд, дастуру супоришҳо доданд.
Роҳбари давлат хотирнишон сохтанд, ки “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи кӯдакистонҳо бояд роҳандозӣ шавад. Талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро медонанд, майли афзоиш дорад”. Инчунин Раҳбари муаззами миллат дар робита ба дастгирии соҳаи илму маориф ибрози назар намуда таъкид доштан, ки “Дар ин давра 3670 мактаби типи нав сохта ба истифода дода шуд, ки шумораи хонандагони онҳо 2 миллиону 3000 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳоло шумораи мактабҳои олӣ дар Тоҷикистон 48 адад ва теъдоди донишҷӯён ба 214 ҳазор нафар расидааст. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 мактаби олӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ буд. Имрӯз зиёда аз 42 ҳазор ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар мактабҳои олии 42 кишвари дунё таҳсил карда истодаанд, ки аз он миён 13 ҳазор нафарашон духтаронанд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ беш аз 117 ҳазор нафар дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил кардаанд”.
Пешвои маорифпарвару хирадсолори миллат ба тамоми раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки “дар деҳаҳое, ки шумораи аҳолинишин на кам аз 100 оила зиндагӣ менамоянд, як муассисаи томактабӣ сохта шавад”.
Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсус таъкид намуданд, ки “Бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор мекунам, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардида, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми мамлакат мебошад. Бинобар ин, ба тамоми мардуми шарафманди мамлакат барои заҳмати аҳлона сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям”. Дар идома таъкид доштанд, ки “Аз тоҷик будани худ ифтихор намоем, доим дар фикри хушбахтию осоиши фарзандони худ ва ободиву шукуфоии Ватан бошем”.
Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон, ташкили ҷойҳои корӣ, соҳибкасб намудани ҷавонон тавваҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳури нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “Ҳоло 61%-и шумораи умумии кормандон дар Тоҷикистон ҷавонон мебошанд. Ҷавонон 49%-и шумораи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд”.
Дар ҳақиқат, Паём сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.
Имрӯз мо шоҳиди он гардидем, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолааш тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ниҳоят шод гардонид. Пешниҳоде, ки ғайричашмдошт 30 % зиёд намудани музди маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи таълимӣ, 20% зиёд кардани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақаву пардохтҳои суғуртавӣ бори дигар умеду боварии ҷомеаи Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшони ватан, ба сарсабзию шукуфоӣ ва расидан ба як ҷомеаи мутамаддин боз ҳам зиёдтар ва мустаҳкамтар мегардонад.
Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои болозикр, инчунин оид ба соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва варзишӣ низ рӯ оварда, пешрафти ин соҳаҳоро дар замони истиқлол таъкид доштанд. “Фарҳанг ин ҳастии миллат мебошад”, иброз доштанд Пешвои миллат. Ҳамзамон қайд намуданд, ки “Дар доираи таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншоотҳои муассисаҳои фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон бунёди 14 муассисаҳои дигари фарҳангӣ идома дорад”.
Ҳамчунин Пешвои милат бо қаноатмандӣ ва ҳисси мамнуният иброз доштанд, ки “ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон итминони комил дорам. Мо бо мардуми заҳматкаш тамоми нияту мақсадҳои некамонро дар ояндаи наздик амалӣ менамоем ва Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаву сарсабз табдил медиҳем”.
Дар баробари ин ғамхориҳо ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоят ва супоришҳои дар Паём ироагардида ба роҳ монда, дар ободонии манзилу маҳалли худ ва сарзамини хеш саҳм гузорад.
Моро мебояд дар тақвияти Паём дар паҳлуи Пешвои хирадпарвари миллат қарор гирифта, сиёсати давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ намуда, онро дар ҳаёти рӯзмарраи худ татбиқ намоем.
Алишери Абдулмаҷид - мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ