,
Чоршанбе, 15-январ
Дар шароити муосир таҳсил барои тамоми зинаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин миён таҳсилоти фарогирро метавон нисбат ба дигар гурӯҳи кӯдакон, ки ба таълим фаро гирифта мешаванд, афзалтар донист, чунки аз таҳсил дур мондани ин гурӯҳи кӯдакон, ки худ бо мушкилоти гуногуни равонӣ, психикӣ ва маъюбият дучор шудаанд, зиёдтар аст.
Имрӯз рушди таҳсилоти фарогирро дар соҳаи маорифи кишвар, ки зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дар ҳоли рушд аст. Таҳсилоти фарогирро метавон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф номид, ки пайваста аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Ҳадафи асосии таваҷҷуҳ ба таълими фарогир ин фароҳам овардани муҳити мусоиди таълим барои кӯдакони талаботи махсусдошта мебошад, ки мутобиқшавӣ ва шомилшавии онҳоро ба ҷомеа таъмин мекунанд.
Фарогирии кӯдаконе, ки ба таҳсилоти фарогир, ба маънои таълими муштарак ва якҷояи шахсони дорои талаботи махсус бо шахсони солимро дорад, ки ин айни замон дар муассисаҳои таълимӣ чунин аст. Онҳо бидуни ягон монеагӣ ба таълим фаро гирифта шуда, новобаста ба хусусиятиҳои махсуси зеҳнӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва монанди инҳо дар якҷоягӣ бо ҳамсолони худ, ки эҳтиёҷи махсус надоранд, донишу малакаҳои заруриро аз худ мекунанд. Яке аз талаботи асосии таҳсилоти фарогир сарфи назар аз мансубияти ҷинсӣ, миллат, забон, дин, фарҳанг ва дигар тафовутҳо кӯдаконро ба таҳсил фаро гирифтан мебошад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як кӯдак ба таври комил дар ҳаёти ҷомеа аъзои фаъоли он ҳисобида мешавад.
Хушбахтона, дар замони Истиқлолияти давлатӣ шумораи зиёди муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи шаклҳои таҳсил бо риоя гардидани хусусиятҳои махсуси таҳсилоти фарогир сохта ба истифода дода шудаанд. Мутобиқгардонии онҳо ба шароити таҳсилоти фарогир, технологияи муосири таълим бидуни истисно ба ниёзҳо ва талаботи кӯдакони дорои талаботи махсуси таълим ва баробарӣ ба таҳсил муҳайё карда шудааст.
Барои рушди салоҳиятҳои фаннӣ ва шахсии ин гурӯҳи хонандагон омӯзгорони махсуси таҳсилоти фарогир муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, барои омода кардани омӯзгороне, ки дар муассисаҳои олии касбӣ дорои ихтисосҳои махсуси таҳсилоти фарогир мешаванд, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва равоншиноси соҳибтаҷриба мебошанд.
Дар замони муосир омода намудани мутахассисони дорои маҳоратҳои баланди касбӣ, ки ба ҳайси омӯзгори таҳсилоти фарогир омода карда мешаванд, бо роҳҳои зерин дараҷаи тахассусӣ ва дониши худро метавонанд рушд дод:
-зиёд намудани шумораи курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои омӯзгорони таҳсилоти фарогир;
-таҳияи барномаҳои махсуси омӯзишӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони таҳсилоти фарогир;
-ташкил намудани курсҳои махсус барои омӯзгорони ғайриихтисос;
-дар барномаи таълимӣ ворид намудани мавзуъҳои алоҳидаи илм, аз ҷумла педагогика, психология (равоншиносӣ);
-табодули таҷриба намудани омӯзгорони ТФ дар дохил ва хориҷи кишвар;
-ташкили курсҳои омехта, аз ҷумла офлайн, онлайн, худомӯзӣ ва дуалӣ барои омӯзгорони ТФ;
-такшили семинарҳои омӯзишӣ бо омӯзгорони ТФ бо ҷалби шарикони рушд;
-зиёд намудани шумораи соатҳои амалии дарсӣ ба хотири рушди маҳорати касбии омӯзгорони ТФ дар курсҳои такмили ихтисос;
-дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони ТФ;
-ҷалби соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ташкили марказҳои таълимӣ барои кудакони ТФ;
-таҳия ва нашри маводи илмӣ ва таълимӣ-методӣ оид ба омӯзгорони ТФ;
-ташкили марказҳои омӯзишӣ-таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои омӯзгорони ТФ;
-ҷалби омӯзгорони ТФ ба курсу семинарҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи самараноки ТИК;
-беҳтар намудани пояҳои моддӣ-техникии синфхонаҳои таълимӣ, ки дар онҳо кудакони ТФ ба таълим фаро гирифта шудаанд;
-ташкили вохӯриҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири ҷалби кудакони фарогир ба таълим;
-ташкил намудани курсҳои махсуси омӯзиши забонҳо барои омӯзгорони ТФ;
-ташкил намудани марказҳои ёрии тиббӣ барои гурӯҳи кудакони ТФ дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
-ҷалби кудакони ТФ ба таълим новобаста ба маҳалли истиқомат, вазъи саломатӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоӣ;
Мавриди зикр аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он синфхонаҳои махсуси таълимӣ барои омӯзгорони таҳсилоти фарогир мавҷуд аст, ки зимни гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок ба таври васеъ аз маводи таълимии онҳо истифода менамоянд. Омӯзгорон пас аз гузаштани курс дорои маҳорату салоҳиятҳои баланди касбӣ ва методологӣ гашта, ҳангоми кор бо хонандагони таҳсилоти фарогир дар амал татбиқ мекунанд.
Рустамшозода Шаҳбоз, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони ДДК, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб