,
Панҷшанбе, 02-январ
Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иҷтомоӣ ба амал омада истодааст. Ин дигаргуниҳо, аз кӯдакистон то ба мактаб, оила ва аҳли ҷомеаро водор месозанд, ки дар тарбияи насли наврас аз ҳарвақта дида бомасъулиятнок ва ҷиддитар машғул шаванд. Меҳвари асосии тарбияи насли ҷавонро бояд ғояи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ ташкил намояд.
Манам доротарин одам, Ватан дорам, Ватан дорам,
Ками худро нагӯям кам, Ватан дорам, Ватан дорам.
Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,
Фараҳ хезад маро аз ғам, Ватан дорам, Ватан дорам.
Мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи «Ватан - модар» маъмули ҳамагон гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Бинобар ҳамин меҳри ватандорӣ ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, то ки ба ҳаммиллатони худ наздик бошад, аз тоҷикистонӣ – будунаш ифтихор намояд.
Ватандӯстӣ– ин дар назди Ватан ва миллат масъулият доштан, ба манфиати Ватан зистану меҳнат карда ба тараққиёти он ва баланд шудани эътибори миллат ҳисса гузоштан аст. Ватандӯст фидоӣ мебошад, бо меҳнати ҳалол машғул шуда, инсонгарона рафтор мекунад.
Тарбияи Ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ дар мисраҳои ватандӯстонаи шоир Ашӯр Сафар чунин инъикос гардидааст:
Манро Ватан тарбия бисёр намуд,
Фарзанди ба худ неку вафодор намуд.
Дарвозаи иқбол ба рӯям бикушод,
Пас хизмати ӯ хитоби виҷдони ман аст.
Хусусияти ҷолиби диққати тарбияи миллӣ истифодаи урфу одатҳои халқу миллат мебошад. Масалан, муборизаи Шерак, Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ба муқобили аҷнабиён ва золимон аз анъанаҳои қадимӣ будани ватандӯстии халқамон шаҳодат медиҳад.
Вазифаи тарбияи ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихору худшиносии миллӣ аз муҳимтаринҳост.
Дар ин бобат қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 № 1920, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи тарбияи ҳуқуқӣ ва сиёсати ҳуқуқӣ дар Ҷуҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи миллии тарбия» аз моҳи марти соли 2006 № 94 дар тарбияи шаҳрвандӣ аҳамияти калон дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тарбия ногузир буда, дар ҳама гуна ҷамъияти инсонӣ вуҷуд дошт, дорад ва вуҷуд хоҳад дошт. Зеро тарбия мафҳуми абадист, вай ҳамқадаму ҳамнафаси замонҳо ва одамони он мебошад. Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки мақсади тарбия бо мурури замон ва болоравии ҷомеа тағйир меёфту шарту шароитҳои тарбия бо он ифода мегашт. Мисоли инро дар Юнону Рими Қадим дида метавонем, ки мақсади тарбия тайёр кардани ватандӯстони ҷасуру матин, далер ва садоқатманд буд.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат сулҳу осоиштагӣ, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ барқарор гашт. Баъди ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён тоҷикон боз соҳиби давлати миллии худ гардиданд ва боварӣ доранд, ки асри XXI барои миллати тоҷик чун давраи Сомониён асри тиллоӣ хоҳад шуд. «Мо як Ватан, як модар дорем. Танҳо дар сурате, ки мо муттаҳид бошем, Тоҷикистонро ба давлати воқеан мутараққӣ ва соҳибистиқлол табдил медиҳем», - аз минбар ба тамоми халқи кишвар изҳор карда буд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Орзуи халқ ҷомаи амал пӯшид.
“Роҳи дарёфти сулҳи тоҷикон осон набуд. Новобаста ба ин оташи ҷанг хомӯш гашта, роҳи ҳалли ин қазия пайдо гашт. Ин амали хирадмандона симои Тоҷикистон ва сарвари онро дар саҳифаҳои дурахшони таърих сабт намуд. Ин падидаи хуҷастаи сулҳофарӣ бояд барои мардуме, ки дар кишварҳои мухталифи олам дар вазъи нооромӣ қарор доранд, раҳнамо бошад” – менависад Иво Петров.
Бояд ба таври пурра ҳар як хурду калон дарк ва эҳсос намоянд, ки дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавиёти ҷумҳурӣ, ки дар солҳои мустаҳкам шудани истиқлолияти миллии мамлакат ба даст омаданд, мояи ифтихори ҳар сокини бо нангу бо номус ва бо маърифату инсондӯстонаи Тоҷикистон мебошад.
Вобаста ба ин аз оила то ба мактаб ва аҳли ҷомеа вазифадор мебошанд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас аз ҳамаи самтҳои консепсияи миллии тарбия самаранок истифода бурда, махсусан ба тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, оилавӣ, меҳнатии фарзандону шогирдонашон диққати махсус диҳанд. Соҳаи маориф, таълим ва тарбия аз соҳаҳаҳои дигари фаъолият бо он фарқ мекунад, ки таълим ва тарбия кори якрӯза, моҳона ва ё солона набуда, он амали ҳамаррӯзаи устодон, мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо мекунад. Як лаҳза дер мондан аз зуҳуроти нави ҷомеа метавонад ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ расонида, дар фаҳмиши зуҳуротҳо, таркиби ҷаҳонбинӣ, афкору ғояҳо мушкилотҳои нав эҷод менамоянд. Аз ин хотир, зарур аст, ки омӯзгор ва тарибиятгар, оила ва мактаб бо бахшҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, махсусан дар ниҳоди наврасону ҷавонон пайваста ғояҳои худшиносӣ, меҳанпарастиро ҷо намоянд. Ин ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар бобати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни онҳо тақвият дода шавад.
Чанд мафҳумро, ки ба тарбияи миллӣ вобастагии ҷудонопазир дорад, васеътар дида мебароем ва пурратар эзоҳ медиҳем. Аз қадим ватандӯстӣ анъанаи халқамон гаштааст. Ҳар каси оқил ҷои таваллуд ва ба воя расида, хонадон, деҳа ва шаҳри худро бо фахр ба забон мегирад. Бе сабаб нагуфтаанд, ки «Хоки Ватанам аз тахти Сулаймон беҳтар». Гузаштагонамон хоки Ватанро ба ҷое раванд, як мушт ҳамроҳ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд, ба боигариҳо, яъне зару зевар иваз намекарданд. Зарбулмасалҳои муҳим ва асоснок дар васфи Ватандӯстӣ «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар», «Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд», «Шахси бе Ватан – булбули бечаман» ифодагари меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан, диёр ва хонадону оила мебошад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол бар ҳақ мегӯяд:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Маънои ҳамин суханони овардашуда гувоҳи баланд будани ҳисси ватандӯстонаи гузаштагон аст, ки бояд ин одатро дар шахсияти наврасону ҷавонон саривақтӣ ташаккул диҳем.
Инсофан бояд гуфт, ки адабиёти пурғановати форсу тоҷик низ пур аз изҳори меҳру муҳаббат, дастгирӣ ва ғамхорӣ дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон, муҳаббат ба диёр, миллат, Ватан аст. Ёдовар шудани суханҳои зерини бузургони шеъру адаб кофист, то ба умқи ғояҳои башардӯстонаи онҳо бирасем:
Зи баҳру бару буму фарзанди хеш,
Зану кудаки хуруду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Дар гуфторҳои халқ оварда шудааст: инсон бародари инсон аст. Агар халқ ба халқ ҳамроҳ шавад, давлат аст. Ё худ Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ гуфтааст.
Бани одам аъзои якдигаранд.
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рузгор.
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Аз гуфтаҳои халқ ва панди Саъди Шерозӣ бармеояд, ки тоҷикон таърихан мардуми инсондӯст ва тарафтори дӯстию итифоқи халқҳоянд яъне дорои ҳисси умумибашарӣ (интернасионалӣ) мебошанд.
Хулосаи аниқ кардан доир ба ин масъалаи хеле муҳиму зарурӣ, тарбияи Ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, интизомнокии хуб, риояи ҳуқуқ ва қонунҳо, самараи тарбияи маърифатнокии хурду калони миллати бонангу бо номуси миллати тоҷик мебошад.
Шарипов Бахтовар- номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ