, Якшанбе, 22-декабр

ЗАНОН ДАР ЗИНДАГӢ ШАМЪУ ЧАРОҒАНД

 18.12.2024 35

ЗАНОН ДАР ЗИНДАГӢ ШАМЪУ ЧАРОҒАНД

«Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон – мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем”.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан - модар олитарин офаридаи Худованд ва худ офаранда аст. Дар олам ҳеҷ нерӯе ба ҷуз нерӯи модар мавҷуд нест, ки ба инсон тавони зистан омӯзад ва ба камолоти инсонияти комил ҳидоят карда тавонад. Чунин қудрату матонатро зан-модар бар дӯш дорад.

«Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, панду ахлоқ ва ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ буда, барои ҳар фарди дилогоҳ як рукни имон аст. Аз ин рӯ, дар тамоми давру замонҳо зан-модар офаранда, тарбиятдиҳанда ва нодиртарин гавҳари ҳастӣ буда, дар ҳаққи ӯ беҳтарин калом, шеъру суруд ва асару достонҳо эҷод шудаанд» - пайваста таъкид менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Модари тоҷик имрӯз бонуест ҳамидаву меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модариву қарзи шаҳрвандиашро бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидааст. Дар раванди сифатан нави таърихиву сиёсии Тоҷикистон занон мақому манзалати худро шинохта, бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза фазои ҷомеаи моро ҳусни тоза мебахшанд.

Тадбирҳои тайи чанд соли охир андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеъ ва манзалати зан, мо занонро беш аз пеш руҳбаланд намуда, ба иҷрои нақшаҳои боз ҳам калон ҳидоят мекунанд.

Талаботҳои ҳаёти имрӯза тақозо менамояд, ки занон ҳамқадами ҳаёт бошанд, чунки бунёди оилаи солим, ояндаи зебои кишвар ба худогоҳиву маърифатнокӣ ва саводомӯзии занону духтарон вобаста аст. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҳамчун як маркази пуриқтидори илму маърифат дар таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани оилаҳо, болоравии нақши зан дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат мусоидат карда, фаъолияти пурсамари бонувон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва докторону профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам қонунгузориҳои сарнавиштсози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самараҳои нек ба бор оварда истодааст.

Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамояд, ки бо босавод шудани зан-модар миллат низ босавод мешавад ва барои соҳибмаълумот ва соҳибкасб шудани занону духтарон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Солҳои истиқлоли давлатӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар мактабҳои олӣ, литсею омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникиро таъсис доданд ва донишҷӯдухтарон аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифз мегарданд. Таъсис додани хобгоҳҳо барои духтарон, тамоюли дар хориҷи мам¬лакат таҳсил кардани духтарон рӯ ба афзоиш доранд.

Ҳамзамон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии фаъол-гардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» тасдиқ гардиданд. Ин аст, ки бонувони донишгоҳ фаъолияти худро дар партави Паёму супоришҳои Сарвари давлат ба роҳ мон-да, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф саҳми босазо мегузоранд. Айни ҳол дар донишгоҳ 184 нафар занон ва 783 нафар духтарон ба кору таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо дар зинаҳои роҳбарикунанда 16 нафар номзади илм кор мекунанд. Имрӯз бо ифтихор метавон устодони соҳибтаҷриба Иззатова М.И., Ашурова Н.Ҷ., Худойдодова Ш.З., Самариддинова З., Маҷидова К.А., Исоева Д.С., Шералиева С., Давлатова Н., Расулова Л.Н., Холиқова З.К.,Табарова З., Арабова З., Сайдамирова М.С., Ғуломова С.Н., Ҳалимова М.Р., Шарифзода О.П., Мирзоева М. ва бисёр дигаронро номбар кард, ки дар ҷодаи таълиму тарбия ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Як зумра ҷавонзанону духтарон бошанд, дар шуъбаҳои магистратура ва докторантураи назди кафедраҳои донишгоҳ таҳсил карда истодаанд.

Таҳсилдида ва соҳибкасб будани занону духтарон барои рушди онҳо бағоят муҳим аст. На ҳама волидайн дарк месозад, ки духтар ба таҳсил ниёз дорад ва соҳибдиплом гардидан ояндаи ӯро метавонад дурахшон намояд. Бонуе, ки ихтисосманд аст, метавонад дар ҷомеа мавқеи худро ёфта, худ ва фарзандонро аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифз намояд.

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои маҳбуби миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ба мо занон ва алалхусус, бонувони муҳаққиқро илҳоми тоза бахшида, масъулияти моро даҳчанд меафзояд. Тибқи таъкиди падаронаи Сарвари давлат мо-модарону бонувони кишвар бояд дар риояи Қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъолтар гардем ва фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунем ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошем.

Ҳамасола иштироки фаъолонаи духтарони донишгоҳ дар ҷашнгирии санаҳои бузурги таърихӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Андалеб», «Таронаи чакан», «Наврӯз» ва ғайраҳо ба ин тантанаҳо зебу зинати хоса мебахшад.

Дар байни занону духтарон чорабиниҳои зиёди илмию фарҳангӣ оид ба масоили мубрами рӯз, аз қабили одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа – терроризму экстремизм, нашъамандӣ, СПИД ва ғайраҳо гузаронида мешаванд. Теъдоди зиёди духтарони мо ба корҳои илмию эҷодӣ машғуланд ва аъзои маҳфилҳои адабии донишгоҳ ва шаҳр мебошанд.

Дар ҳаққи Зан-Модар - нури хонадон, файзи зиндагӣ, умеди ҷовидонии инсоният соатҳо ҳарф занем кам аст, зеро занону бонувон бешак, олиҳаи латиф, модарону хоҳарони мушфиқ ва ҳусни рӯзгор ҳастед, хушбахтиву саодати дунё, шамъу чароғи роҳнамо, машъали зиндаафрӯз мебошанд.

Раҳимова Савронбӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат